logo

сиёсат

СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПРЕЗИДЕНТҲОИ КИШВАРҲО

5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Сарони ду давлат ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро дар қолаби шарикии стратегӣ мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ таманниёти некашро баён дошт.
Суҳбат дар фазои самимият ва ҳамдигарфаҳмии комил, ки хоси тамоми муносибатҳои Тоҷикистон ва Россия мебошанд, сурат гирифт.

5 октябр  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Ӯзбекистони дӯст Сарвари давлати моро бо таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил бо ҷашни зодрӯзаш самимона ва бародарвор табрику муборакбод намуда, дар симои ӯ ба мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ ва сулҳу субот орзу кард.
Зимни суҳбат ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати фаъолияти ҳадафмандонаи муштарак баҳри густариши минбаъдаи муносиботи  Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар чорчӯбаи шарикии стратегӣ иброз доштанд.

5 октябр  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Александр Лукашенко бо беҳтарин таманниёти хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзашон табрику муборакбод намуд.
Дар рафти суҳбат Сарвари Беларус нақши бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, таъмини рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ  таъкид кард.
Сарони ду давлат атрофи ҳолати кунуниву роҳҳои густариши тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус мубодилаи афкор анҷом доданд. Зимнан, ба рафти иҷрои  мувофиқаҳои дар ҷараёни мулоқотҳои қаблии сарварони ду кишвар бадастомада диққати махсус дода шуд.
Президентҳои Тоҷикистон ва Беларус, ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

5 октябр  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Касим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Дар рафти суҳбати телефонӣ Сарвари давлати ба мо дӯсти Қазоқистон бо таманниёти беҳтарин Президенти Тоҷикистонро бо ҷашни зодрӯзаш самимона муборакбод намуд. 
Касим-Жомарт Токаев саҳми назарраси Президенти Тоҷикистонро дар эҳёи сулҳ ва ваҳдати миллии кишвар ва таъмини рушди пойдори  иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ зикр кард.
Дар фазои дӯстонаву созандагӣ, сарони давлатҳо атрофи ҳолати имрӯзаву дурнамои равобити ҳасанаи муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои густариши онҳо мубодилаи афкор намуданд.
Президенти Тоҷикистон ва Президенти Қазоқистон дар суҳбати телефонӣ нисбат ба масоили минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн низ ибрози назар карданд.

5 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ доир намуданд.
Президенти Қирғизистон Роҳбари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик гуфт.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо  паҳлуҳои муҳими равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд.
Дар ин зимн, президентҳои ҳар ду кишвар оид ба саъю кӯшишҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи амалии зарфиятҳои созандаи муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қирғизистон ибрози назар карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.10.2019    №: 189    Мутолиа карданд: 1709

14.10.2019


Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр

07.10.2019


ВМКБ. Нақшаи даъват иҷро шуд

ҲИСОР. Ташкили аввалин бозори минтақавии ҳунармандӣ

Ихтирои доруи заъфи дилу раг дар Канада

Сарвари Ӯзбекистон санҷиши фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатиро дархост намуд

ҶХД-и Корея музокирот бо ИМА - ро то охири сол қатъ кард

Дар чор шаҳри калони Россия амали террористӣ пешгирӣ гардид

Ҷаҳон дар як сатр

03.10.2019


Путин: «ИИАО бояд бо СҲШ ва АСЕАН иртиботи қавӣ дошта бошад»

Прокурорҳои генералии СҲШ мубориза бо нашъафурӯшӣ ва қочоқро баррасӣ намуданд

Таъкиди сарвазири Гурҷистон аз зарурати беҳсозии муносибат бо Россия

Ҷаҳон дар як сатр

01.10.2019


Тоҷикистон 48 зиндониро ба Афғонистон интиқол дод

Намояндагони комиссияи Аврупо барои музокирот ба Беларус мераванд

Ҳукуматдорони Ироқ сарҳад бо Сурияро кушоданд

Дар Ӯзбекистон дар ду соли охир 238 мактаби нав бунёд ёфт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед