logo

Хабарҳо

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бизнес - форуми ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид.
Дар он роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ассотсиатсияҳо ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон иштирок доштанд.
Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, зимни ифтитоҳи ҳамоиш изҳори итминон кард, ки форум ба рушди муносибатҳои ду давлат дар самти сайёҳӣ ва истифодаи самараноки захираҳои сайёҳӣ саҳми муносиб хоҳад гузошт.
Таъкид шуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори соҳаҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ ислоҳоти муҳим амалӣ карда шуданд, ки имрӯз ба тамоми нишондиҳандаҳои соҳа таъсири амиқи худро мерасонанд.
Зикр гардид, ки барои давлати мо рушди сайёҳӣ аҳамияти хосса дорад. Ташкили инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ баробар намудани он дар авлавияти сиёсати Ҳукумати мамлакат қарор гирифтааст. Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти сайёҳӣ идомаи натиҷаҳои сиёсати оқилонаи Сарвари давлат дар муаррифии мардум ва сарзамини тоҷикон дар арсаи ҷаҳон арзёбӣ мегардад.
Муовини сардори департаменти сайёҳии назди Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон Киял Кенҷематова муносибатҳои дуҷонибаро дар рушди сайёҳӣ манфиатовар хонда, омодагии ширкатҳои сайёҳии Қирғизистонро барои таҳкими ҳамкориҳо дар ин самт баён намуд.
Дар интиҳои бизнес - форум байни ширкатҳо, ассотсиатсияҳо ва дигар субъектҳои сайёҳии ду кишвар15 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3016

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед