logo

иҷтимоиёт

ЧАШМИ ЧОРИ ЧИЛУЧОРЧАШМА

Сафар ба мавзеи таърихию табиии Чилучорчашма (воқеъ дар ҳудуди маъмурии ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон) дар рӯзҳои гарми тобистон иттифоқ афтод. Дар гармии ҳаво, ки ба 50 дараҷа мерасид, сайёҳони зиёде дар лаби чашма фароғат мекарданд. Гурӯҳе зери дарахтони азимҷуссаи сояафкан нишаста, суҳбат менамуданду дар майдончаҳои варзишӣ шодию нишоти кӯдакон ҳадду канор надошт. Яке ба нияти шифо оби чашма менӯшиду дигаре барои зиёрат роҳ ҷониби оромгоҳи Бобои Қамбар мегирифт.

Тавре иттилоъ гирифтем, соле ба ин мавзеъ то 200 ҳазор сайёҳ ташриф меорад. Аммо саволе ба миён меояд, ки оё инфрасохтори мавҷуда ва сатҳи хизматрасонӣ метавонад талаботи ин теъдод сайёҳро қонеъ созад?
Дар минтақаи биёбонӣ воқеъ гардидани Чилучорчашма, ки дер боз таваҷҷуҳи оламиёнро ҷалб намудааст, худ далели муъҷизаҳои табиати Тоҷикистон аст. Ҳанӯз дар солҳои 50 – уми қарни гузашта бостоншиносон ба омӯзиши таърихи ин мавзеъ шурӯъ намуда буданд. Қадимтарини бозёфтҳо, ки мансуб ба асрҳои VI – V пеш аз милоданд, гувоҳи равшани таърихи куҳан доштани ин гӯшаи диёр мебошанд. Ба гуфтаи пажӯҳишгарон, ин ҷо аслан қароргоҳи шикорчиён буда, баъдан шайхҳо онро макони зист интихоб кардаанд.
Аз Ҳоҷиҳақбердӣ Бойматов, ки 53 сол боз нигоҳубини Чилучорчашмаро ба уҳда дорад, маълумоти бештаре гирифтем:
- Ин ҷо дашти хушке буд, ки баъдан аз баракати заҳмату талоши сокинон ба чаманистони сабзу хуррам табдил ёфт. Дар мавриди пайдоиши чашмаҳо ривоятҳо хеле зиёданд, ки ҳамаи онҳо ба оби муъҷизаосо рабт мегиранд. Ҳоло низ сайёҳон аз ин эъҷози табиат мафтун мешаванд. Тибқи пажӯҳишҳои илмӣ, оби чашмаҳо бемориҳои чашм, меъдаю рӯда, пӯст, сармозадагӣ, фишорбаландӣ, устухондард, гулуву гӯшу бинӣ, ҷигару санги талха ва ғайраро даво мебахшанд.
Бобои Ҳоҷиҳақбердӣ моро назди теппачаи начандон калон бурд, ки аз байни он 5 чашма фаввора зада мебарояд ва ба 39 чашмаи хурд тақсим мешавад. Ин чашмаҳо дар якҷоягӣ ҷӯйбори калонеро ташкил дода, аз байни дарахтони азимҷусса ҷониби ғарб равонанд ва андаруни оби софу зулоли онҳо моҳиҳо шино доранд. Аҷибаш ин, ки оби ҷӯйбор тамоми фаслҳои сол на каму зиёд мешаваду на гарму сард.
Болотар аз чашма оромгоҳи яке аз чеҳраҳои намоёни олами ислом Бобои Қамбар воқеъ гардидааст. Аз ин рӯ, Чилучорчашма миёни зоирон ҳам маъруф асту ҳамасола шумораи зиёди сайёҳон аз гӯшаю канори олам ба зиёрати ӯ меоянд.
Ҳоло Чилучорчашма яке  аз мавзеъҳои сертамошотарини сайёҳии кишвар  ба ҳисоб меравад, ки  ба туфайли рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии пайваста эҳёи дубора ёфт. Аммо номукаммалии инфрасохтору сатҳи пасти хизматрасонӣ дар ин мавзеъ ҳанӯз ҳам аз масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мондаанд.  Бо вуҷуди афзудани таваҷҷуҳ, то ҳол барои сайёҳон шароити зарурӣ муҳайё нагардидааст. Вазъи санитарӣ нигаронкунанда аст. Гирду атрофи ҳамон ҷӯйбори мусаффое, ки зикраш дар боло рафт, ҳолати ногувор дорад. Бо дидани он мақоли “аз мост, ки бар мост” ба ёд меояд, зеро истироҳаткунандагон ҳар гуна партовро ба об афканда, боз ба нияти шифо аз он нӯши ҷон мекунанд. Ва ҷойи нигаронист, ки аз ин об сокинони деҳаҳои поёноб ҳам истеъмол менамоянд.
Вазъи дарахтзоре, ки сайёҳон дар ҳалқаи дӯстону пайвандон истироҳат мекарданд, аз лаби ҷӯйбор дида ташвишовартар аст. Аз сабаби набудани шароит онҳо маҷбуранд барои хӯрокпазӣ бо худ дегу табақ биёранд. Дар мавриди партови гирду атрофи ҷойҳои истироҳатӣ, ки боқимондаҳои хӯроку дигар ифлосиҳоро об ба ҳар тараф мебурд,  ҳоҷати сухан гуфтан ҳам нест.
Ҳамчунин, чангу хоки майдончаҳои варзишӣ, ки кӯдакони зиёде дар онҳо давутоз доштанд, ба само мепечид. Атраксионҳо куҳнаю фарсудаанду баъзеашон танҳо ба хотири намоиш гузошта шудаанд.
Гузашта аз ин, танҳо бобои Ҳоҷиҳақбердӣ ба сайёҳон чанд маълумоти умумӣ медиҳаду касеро пайдо намудан маҳол аст, ки ба меҳмонони хориҷӣ аз таъриху хусусиятҳои шифобахшии оби чашма маълумоти дақиқу пурра диҳад. Ин аст, ки сайёҳони хориҷӣ барои гирифтани маълумот ҳайрону саргардонанд.
Баъди мушоҳидаҳо ва суҳбат бо мутахассисони соҳа ба чунин хулоса омадем, ки барои ислоҳи ин камбудиҳо, пеш аз ҳама, бо ҷалби коршиносон ва дар такя ба сарчашмаҳои илмӣ варақаҳои иттилоотӣ омода кардан даркор аст. Дар ин мавзеъ ягон ҷои ба талабот ҷавобгӯи омода намудани таом мавҷуд нест ва лозим аст, ки чунин нуқтаҳо берун аз ҳудуди чашма бунёд ёбанд. Марказҳои дилхуширо низ аз чашма берун баровардан лозим аст, то муҳити дохил ором бошад. Ҳамчунин, дуртар аз чашма ташкил намудани нуқтаҳои забҳи чорво ба манфиати кор арзёбӣ мегардад. Барои оббозӣ низ бояд ҳавзҳои махсус сохта шаванд, то бехатарии оби нӯшоии сокинони деҳаҳои поёноб зери суол наравад. Барои сайёҳону зоирон, ки дар рӯи хок бӯрё партофта нишастаанд (катҳо низ фарсудаанд), мебояд шароити мувофиқтаре муҳайё гардад.
Дарвоқеъ, вазъи Чилучорчашмаи овозадор имрӯз изтиробовар аст. Ин мавзеъ барои рушди намудҳои гуногуни туризм, аз ҷумла экологию табобатӣ ва таърихӣ бисёр мувофиқ мебошад. Аммо инфрасохтори номукаммалу хизматрасонии нокифоя монеаҳои асосианд. Гарчанде дар ин маврид борҳо гуфтаему мегӯем, Чилучорчашма ҳамоно чашми чор дорад. Шояд ин бор масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав ва бахши сайёҳии вилояти Хатлон пайи ислоҳи камбудиҳо мешаванд?
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2019    №: 191    Мутолиа карданд: 2128
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед