иҷтимоиёт
ВАНҶ. СОКИНОНИ СЕ ДЕҲАИ ДУРДАСТ БО ОБИ ОШОМИДАНӢ ТАЪМИН ШУДАНД
Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои бунёдкорию ободонӣ дар деҳаҳои Роғи 1, Роғи 2-и деҳоти ба номи Маҳмадулло Абдуллоев ва маркази деҳоти Рованд шабакаи муосири обрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
«Солҳои пеш сокинони ин деҳаҳо яку ним километр роҳро тай намуда, аз кӯҳдоман об мекашонданд. Акнун ин ҳама мушкилот паси сар шуданд ва зиёда аз 100 хонавода аз пеши дари хонаи худ об мегирад», - гуфт Ҷаббори Қосим, раиси ноҳияи Ванҷ.
Бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шарикони рушд аз домани кӯҳ аз масофаи чордаҳуним километр тавассути лӯлаҳо ба деҳа оби тоза омад.
Сокинон бо ҳисобкунакҳо таъмин гаштанд. Маблағе, ки ҷиҳати истифодаи об пардохт мешавад, барои таъмир ва хариди қисмҳои эҳтиётӣ сарф хоҳад шуд. Ҳадаф ин аст, ки шабакаи обрасонӣ мудом дар ҳолати хуби техникӣ бошаду мардум аз он солиёни дароз баҳра баранд.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дурдасттарин деҳоти ноҳияи Ванҷ аз бунбасти коммуникатсионӣ берун шуда, роҳҳо бо маркази вилоят ва пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе дар чаҳор фасли сол фаъол мебошанд. Бунёди бозори муштарак ва пули мошингард бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба тоҷирону соҳибкорони ду давлати бо ҳам дӯсту бародар имкониятҳои васеъ барои рушди фаъолият фароҳам меорад. Дар ояндаи наздик боз 9 пули мошингузар бунёд карда мешавад. То Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ноҳия мутобиқи нақша бунёди 80 иншооти хурду бузург дар назар аст.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Пайшанбе ШОҲЗОДА, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 10.10.2019 №: 191 Мутолиа карданд: 2081