logo

иҷтимоиёт

МАЪЮБОН. ВАЗЪИ ТАВОНБАХШӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳифзи солимӣ, тавонбахшӣ ва беҳдошти мардуми мамлакат ғамхории ҳамаҷониба зоҳир намуда, баҳри таҳкими инфрасохтори соҳаи тандурустии кишвар тадбирҳои муассир меандешад. Ҳамин аст, ки ҳоло муассисаҳои тандурустии кишвар бо тамоми шароити хизматрасонии тиббӣ дар пешгирӣ, табобат ва сиҳатии сокинон саҳм мегузоранд.

Аз ҷумла, Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» низ аз ҳамин қабил буда, олимону коршиносони он ба омӯзиши бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, солимгардонии дардмандону маъюбон, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи маъюбӣ машғуланд ва тавассути бахшҳои амбулаториву табобатӣ шахсони имконияташон маҳдудро ба хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ фаро мегиранд.
Дар сохтори пажӯҳишгоҳ шуъбаҳои амбулаторӣ ва клиникӣ фаъолият мекунанд, ки ба муроҷиаткунандагон, аз ҷумла маъюбони гурӯҳҳои II ва III, кӯдакони маъюб ва пиронсолон кумаки тиббӣ мерасонанд.  То имрӯз ба зиёда аз 2100 нафар анвои мухталифи хидмати амбулаториву  клиникӣ пешниҳод шудааст.
Дар қисми клиникии муассиса, инчунин, толори варзишӣ - табобатӣ, ҳуҷраҳои маҳс, гиёҳдармонӣ, ташхисгоҳи клиникӣ, даруннигорӣ ва фаросавтӣ, намудҳои гуногуни дастгоҳҳои тавонбахшии барқӣ мавриди истифода буда, беморон ва муроҷиаткунандагон аз хизмати онҳо ба таври ройгон бархӯрдоранд. Дар баробари бистаришавӣ, тибқи роҳхати муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ба пажӯҳишгоҳ барои ташкили ташхиси тиббию иҷтимоӣ ҳар сол теъдоди муайяни маъюбон меоянд. Муҳаққиқони пажӯҳишгоҳ дар мавзӯъҳои “Баҳодиҳии тиббию иҷтимоии самаранокии тавонбахшии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2019” ва “Роҳҳои беҳтар гардондани системаи тавонбахшии тиббию иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2023” пажӯҳиш бурда, дар асоси муайян намудани вазъи иқтидорҳои муассисаҳои системаи давлатии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар минтақаҳои кишвар мониторинг ва баҳодиҳии таъсири фаъолияти муассисаҳои КАТС ва тамоюли беҳгардонии ҳолати солимии маъюбон, муайян сохтани сабабҳои маъюбият ва пешгирии маъюбшавӣ дар байни аҳолӣ, омӯзишҳои сотсиологӣ оид ва ҳолати иқтисодию иҷтимоии онҳо, дастрасии хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ба ин гурӯҳи осебпазир корҳои таҳқиқотӣ анҷом медиҳанд. Айни замон муҳаққиқони пажӯҳишгоҳ ба таҳлили тадқиқот оид ба баҳодиҳии иқтидори тавонбахшии муассисаҳои ВМКБ ва вилояти Суғд машғул мебошанд.
Ҳамзамон, бо назардошти сол ба сол зиёд шудани аҳолии ҷумҳурӣ, афзоиши дарозумрии шаҳрвандони кишвар ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба пиронсолон, соли ҷорӣ бахши геронтология ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолон таъсис дода шуд, ки кормандони он ба омӯзиши пиршавии аҳолӣ, хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии пиронсолон машғул мебошанд.  
Бовар дорем, ки фаъолияти муассиса минбаъд боз ҳам беҳтар шуда, дар беҳдошту тавонбахшии маъюбон ҳиссаи бештар мегузорад.
Муродалӣ РӮЗИЕВ,  директори Пажӯҳишгоҳи экспертизаи
тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.10.2019    №: 191    Мутолиа карданд: 1979
07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед