logo

сиёсат

АВВАЛИН ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВИИ ЗАНОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Бори нахуст дар кишвар таҳти сарпарастии сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» – Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Раҳмон Озода  Эмомалӣ Форуми ҷумҳуриявии занон дар мавзӯи «Баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии занону ҷавондухтарон– омили рушди суботи ҷомеа» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Хайринисо Юсуфӣ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо занон  ва оила Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода, сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода,  муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, олимону муҳаққиқони ҷавон ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи форум Аҳтам Абдуллозода  зикр намуд, ки имрӯз бонувони  тоҷик бо истифода аз шароити созгори фароҳамовардаи давлату Ҳукумат бо масъулияти зиёд арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро дар ҷамъият тарғиб менамоянд. Дар асл ободиву суботи ҷомеа аз оилаи солим вобастагӣ дошта, ҷавҳари ободии ҳар хонадон аз сатҳи маънавиёту маърифати Зан - Модар сарчашма мегирад.
Сардори раёсати илм ва маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода иброз намуд, ки қабул гардидани даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
- Боиси ифтихор аст, ки имрӯз бонувони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи намоён касб менамоянд. Ин ҷо барои намуна метавон номи Озода Эмомалӣ Раҳмонро зикр намуд, ки чанде қабл ба ҳайси   сафири Созмони байналмилалии «Занони сиёсатмадори роҳбар» пазируфта шуданд.  Ин маснади воло на танҳо ба Озода Эмомалӣ Раҳмон, балки барои ҳар як бонуи ҷумҳурӣ мояи фахр аст,- илова намуд мавсуф.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро меандешад ва онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ амалӣ мегардонад. Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд бо қарорҳои марбутаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 қабул гардида, имрӯз батадриҷ  амалӣ мешаванд.
Ҳамзамон, дар форум аз ҷониби коршиносони соҳа ва олимону муҳаққиқон масъалаҳои фаъолияти бонувон дар сохторҳои давлатӣ, пешгирии шомилшавии занон  ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, нақши занон дар ривоҷу равнақи илм ва инноватсия, пешгирии хушунат ва зӯроварӣ дар оила, рушди фаъолияти соҳибкорӣ миёни занон, нақши онҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва амсоли инҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Комрон САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2019    №: 192    Мутолиа карданд: 1176

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед