logo

сиёсат

МУАРРИФИИ СТУДИЯИ НАВИ САЙЁРИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ

10 октябр  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии студияи нави сайёри телевизионӣ, ки аз технологияи муосири соҳавӣ таркиб ёфтааст, иштирок намуданд.
Студияи сайёри телевизионӣ аз се мошини калон иборат буда, дар онҳо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини соҳавӣ, ки барои сабт, пахши мустақим ва ороиши барномаву намоишҳои гуногун пешбинӣ шудааст,  бандубаст гардидаанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки студияи мазкур имконият дорад чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро бо сифати “Full HD”, яъне дақиқияти баланд сабт ва ба таври мустақим пахш намояд. Студия бо 16 камераи касбӣ таъмин буда, 4 адади он ба тариқи фосилавӣ идора карда мешавад.
Шабакаҳои сабт ва пешниҳоди барномаҳои студияи сайёр имкон медиҳанд, ки ба барномаҳои телевизионӣ ороиши компютерӣ дода шавад. Тамоми дастгоҳ ва таҷҳизоти насбгардида истеҳсоли Япония буда, ин фанноварӣ ба таври мустақим имкон дорад, ки барнома ва намоишҳоро ба маҳвора ирсол намояд. Ба иттилои масъулон, студияи мазкур феълан дар Осиёи Марказӣ назир надошта, он дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” дастрас гардидааст.  
Студияи сайёри телевизионӣ дорои генератори пуриқтидори барқӣ буда, имкон дорад таҷҳизоти кории студияро бо барқ таъмин намояд.
Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки дар студияи сайёр 40 нафар мутахассиси маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мегардад. Як гурӯҳ кормандон аллакай аз курсҳои омӯзишии истифодабарии ин технология гузаштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дастур доданд, ки таҷҳизоти мазкурро самаранок истифода бурда, бо истифода аз ин имкониятҳо, сатҳу сифати пахши намоишу барномаҳои телевизиониро боз ҳам беҳтар намоянд.
Таъмини таҷҳизоти муосири телевизион таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи телевизион буда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳо ва пурра сохтани фазои иттилоотии кишвар мусоидат мекунад.
Бояд зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат як зумра шабакаҳои нави телевизионӣ, аз қабили "Сафина", "Баҳористон", "Ҷаҳоннамо", "Варзиш", "Синамо", "Футбол" ва "Шаҳнавоз" ба фаъолият оғоз намуда, Академияи воситаҳои ахбори омма ташкил карда шуд.
Бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабакаҳои телевизионии мамлакат бо дастгоҳҳои муосири сабт, танзим ва пахши барномаҳо таъмин гардида, аз рӯйи формати дақиқияташ баланди HD пахши барномаҳои телевизионӣ роҳандозӣ карда шуд.
Имрӯз барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон на танҳо дар фазои иттилоотии кишвар, балки дар дигар мамлакатҳо низ тариқи моҳвора дастрас мебошад. Дар ин радиф телевизионҳои маҳаллӣ низ бо таҷҳизоти зарурии корӣ ба пуррагӣ навсозӣ гардиданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2019    №: 192    Мутолиа карданд: 1327
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед