logo

иқтисод

САНГВОР ВА МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

Дар Сангвор тибқи нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳия вобаста ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор  иншооти муҳими хоҷагии халқ сохта шудаанд ва дар доираи ин нақша - чорабинӣ бунёди дигар иншоот идома дорад.
Тавре дар суҳбат иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода иттилоъ дод, ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди  77 иншоот ба нақша гирифта шуда, айни замон як қисми онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Баробари ба даст омадани соҳибистиқлолӣ ноҳияи Сангвор аз нав ташкил ёфт, аз ин рӯ, ҳамқадами истиқлолият мебошад.
Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар як баромадашон чунин таъкид намудаанд: «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар таърихи халқи тоҷик  нодиртарин  падидаи сиёсиву  сарнавиштсоз  мебошад. Ин рӯз барҳақ, оғози давраи  комилан нав  дар таърихи  давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза  дар ташаккулу тафаккур  ва фалсафаи  давлатдорӣ  маҳсуб мешавад». Миллати мо 9 сентябри соли 1991 ба ин неъмат даст ёфт ва аз он замон то кунун ин рӯз ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвари азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва бо шукргузорӣ аз рушду суботи ҷомеа ва  бунёдкориҳои азим таҷлил мегардад.
Соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Сангвор гулгашти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, майдончаи варзиш, се маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд.
Дар деҳоти Сангвор як пули пиёдагузар, се синфхонаи иловагӣ  дар назди муассисаи таълимии № 16, дар деҳоти Ваҳдат хобгоҳ барои духтарон, дар деҳоти Вахиё маркази савдо  ва ду синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии № 56, дар деҳоти Тавилдара ҳаммом, дар муассисаи таълимии № 18 деҳаи Сариҷангали деҳоти Чилдара синфхонаҳои иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Боиси зикр аст, ки то соли 1991 дар ноҳия ҳамагӣ 14 муассисаи таълимӣ фаъолият дошт. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои таълимӣ хеле афзуд. Дар зарфи 28 сол 46 муассисаи таълимӣ сохта  ба истифода дода шуд. Хонандагон пурра аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо ба биноҳои хуштарҳу замонавӣ гузаштанд. Айни замон шумораи муассисаҳои таълимӣ ба 60 адад расидааст.
Дар самти рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таъмири асосии меҳмонсарой дар мавзеи Чашмаи Миркалон  анҷом ёфт, зиёда аз 30 адад муҷассама, амсила ва пайкараҳои сарироҳии ҳайвонот ва парандаҳои нодир шоҳроҳро ҳусни тоза бахшиданд. Роҳҳои маркази ноҳия  аз  таъмири ҷорӣ бароварда шуда, як қисми роҳравҳо кошинпӯш гардиданд. Дар маҷмӯъ, аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3,6 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонда шудаанд.
То Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шуъбаи маориф ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳия, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 12, 13, 14, 16, 18, 20 ва 26, 4 майдончаи замонавии варзиш дар марказҳои деҳот, инчунин, пули пиёдагузар дар деҳаи Лайрони болои деҳоти Сангвор ва дигар иншоот бо дастгирии соҳибкорон ва аҳолӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ  низ пешравиҳо назаррасанд. Аз ҷумла, дар ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, ду беморхонаи  минтақавӣ, як маркази саломатии ноҳиявӣ, 4 маркази саломатии деҳот, 22 бунгоҳи тиббӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд, ки то ба даст омадани истиқлолият ҳамагӣ як беморхонаи минтақавӣ мавҷуд буд. Самтҳои асосии хоҷагидории ноҳия боғдорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ ва занбӯриасалпарварӣ мебошанд, ки дар ин самт низ зиёда аз   600 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунад.
Имрӯзҳо баҳри таҳкимбахшӣ ва пойдории Истиқлолияти давлатӣ мардуми сарбаланди ноҳияи сангвор ба корҳои ободонию созандагӣ машғул буда, бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар шукуфоии диёр саҳм мегузоранд.
Дилшод АМИРОВ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2019    №: 192    Мутолиа карданд: 1291
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед