logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ЯК ПАНД
ИСТ ВА АНДЕША КУН!
Ду мард дар беша дарахт мебурид. Марди якумӣ бошитоб ва пайи ҳам дарахтонро мебурид. Ӯ рӯзи дароз на хӯрок мехӯрд ва на барои танаффус вақт ҷудо мекард. Дарахтбуриро баъди дигарон хотима медод. Аммо, бо вуҷуди ин, шарикаш дарахти бештар мебурид. Марди якум аз ин сахт асабӣ мешуд. Ниҳоят сабаб пурсид:
- Ман аз ту зиёдтар кор мекунам, ҳатто пас аз ту ба хона меравам. Истироҳату хӯрокхӯриро фаромӯш карда, дарахт мебурам, чаро боз ту пешсаф ҳастӣ?
Марди дуюм чунин посух гуфт:
- Дар миён ягон сире нест. Ту беист кор мекардӣ ва ман баъзан танаффус карда, бо тез кардани табар машғул мешудам. Бо табари тез ва бо сарфаи неру дарахти бисёр мебуридам. Тез кардани табар маънои тақвият додани рӯҳи хеш аст, барои худ вақт ҷудо кардан, фикри оянда ва саломатиро кардан аст.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ШАҲРЕ ДАР ЗЕРИ ЯК БОМ
Дар Аляска, шаҳри ғайриодии Уиттер мавҷуд аст. Қариб ҳамаи сокинони он дар зери як бом ба сар мебаранд. Аниқтараш аҳолии шаҳр тақрибан 200 нафар буда, дар як бинои 14 - ошёна зиндагӣ мекунад. Пештар ин бино казармаи аскарон буд, ки он соли 1956 сохта шудааст.
Бино «Бегич Тауэрс» ном дорад ва дар он идораи полис, беморхона, ду мағоза, маъбад ва коргоҳи ҷомашӯӣ низ ҷойгир аст. Онҳо агар субҳ ба мағоза раванд, ба идораи полис низ сар мехалонанд, зеро онҳо паҳлуи ҳам ҷойгиранд. Равобити байни сокинони Уиттер ба Анкориҷ, ки 105 километр дуртар ҷойгир мебошад, тавассути нақби махсус ба роҳ монда шудааст.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


МОСКВА
ФАРМОИШ БАРОИ АЭРОТАКСИ АЗ СОЛИ 2020 ОҒОЗ МЕШАВАД
Аэротаксии «Яндекс» парвозҳои озмоишии хешро дар минтақаҳои наздишаҳрӣ ва ҳудуди МКАД – и Мос-ква дар соли 2020 ба нақша гирифтааст. Ҳолдинги «Вертолеты России» ва «Яндекс.Такси» ҳафтаи гузашта дар Авиасалони «МАКС - 2019» дар ин бора созишномаи махсусро ба имзо расонданд. Дар асоси он Москва аввалин шаҳри дорои системаи таксии парвозкунанда хоҳад гашт.
Таҳияи М. ШАМСОВА


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Чанд хонанда?
Дар як синф 70 дарсади хонандагон ба расмкашӣ ва 50 дарсад бо варзиш, 6 хонанда ҳам ба варзиш ва ҳам ба расмкашӣ машғуланд. Муайян кунед, ки дар ин синф чанд хонанда таҳсил мекунад ва чанд нафари онҳо ба расмкашӣ ва чанд нафар ба варзиш машғуланд?
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


МУСАВВАРАИ 500 – СОЛА ДАР ТАҲХОНА
Чанде  пеш дар яке аз бозорҳои Фаронса гравюраи машҳури рассоми давраи Эҳё Албрехт Дюрер ба фурӯш гузошта шуд. Он «Тоҷгузорӣ шудани Мар-ями муқаддас аз тарафи фариштаҳо» ном дошта,  соли 1520 офарида шудааст. То солҳои наздик чунин ҳисобида мешуд, ки асар дар рафти амалиёти Ҷанги дувуми ҷаҳон нест гардид.
Шахси асарро бафурӯшбароварда онро дар таҳхонаи бинои падарбузургаш ёфтааст. Муоина нишон дод, ки асар дар ҳолати хуб қарор дорад.
Коллексионереро, ки харидории асар насибаш гашт, дар он муҳри Галереяи давлатии санъати тасвирии Штутгартро (Staatsgalerie Stuttgart) дида ҳайрон шуд. Бинобар ин, тасмим гирифт асарро ба соҳиби аслиаш баргардонад. Масъулони Галереяи Штутгарт аз пайдо шудани ин шоҳасари санъати тасвирӣ хеле хурсанд гардида, тасмим доранд, ки рӯзҳои наздик онро ба маърази тамошо гузоранд. 
Хотиррасон менамоем, ки Албрехт Дюрер соли 1471 дар Нюрнберг таваллуд шуда, яке аз машҳуртарин намояндагони санъати замони хеш ба шумор меравад. Аз ӯ 374 ксилогравюра, 83 гравюр ва садҳо мусаввара боқӣ мондаанд.
Таҳияи Манзура ШАМСОВА


ЯК УМР ДАР ОБ
Патаруни Гош аз Ҳиндустон 20 сол аст, ки умрашро дар дохили оби сард мегузаронад. Гош гирифтори бемории ғайриодӣ буда, то ҳанӯз маризии ӯро касе ташхис накардааст. Ягона чизе, ки дарди ӯро тасалло медиҳад, об аст. Аз ин рӯ, ҳар рӯз 12 - 14 соат дар дохили об мебошад. Танҳо баъд аз анҷоми «табобат» метавонад ба корҳои рӯзгордорӣ озодона машғул шавад. Вале, бо таъсири беморӣ ӯ иштиҳояшро гум карда, танҳо сабзавот ва биринҷи обҷӯш истеъмол мекунад. Бемории Патаруни Гош бошандагони маҳалашро бетараф намонд. Онҳо ҳар рӯз хӯрок оварда, соатҳо  бо ӯ ҳамсуҳбат мешуданд. Ҳамин тавр, ин зани 65 - сола мисли рустании нодир ҳар субҳ дохили кӯли маҳаллаашон шуда,  бо орзуҳои зиёд  зиндагиро оғоз мекунад.  
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ПУЛҲОИ АФСОНАВӢ
4. Фавворапули рангоранги  Банпо, Суел
Номи дигари ин офариниши афсонавӣ  «Нури моҳ» мебошад. Он ба «Китоби рекордҳои Гиннес» ҳамчун дарозтарин фавворапул дар ҷаҳон, ки дарозиаш  1140 метр мебошад, ворид шудааст. Об аз ду тарафи пули Банпо, ки соли 1982 сохта шудааст, ҷорӣ мешавад.  Дар поёнтар пули Ямсу, ки дар болои дарёи Ханган  ҷойгир аст, ба пиёдагардон ва дучархаронҳо хизмат мерасонад.
Лола РИЗОӢ, тарҷума аз русӣ


ХОББИ
Бардоштҳои аҷиб аз рӯзгори шахсиятҳои маъруфи олам
8. Техника ва технологияи асри XX - ро бе номи Томас Эдисон наметавон тасаввур кард. Эдисон олимест, ки телефон, телеграф, дастгоҳи филмбардориро ихтироъ кардааст. Ҳатто дар телефон бори аввал истифода намудани калимаи «алло» - ро ӯ пешниҳод намуда буд.
9. Соҳибкори достонзеби амрикоӣ Генри Форд ҷиҳати рушди саноати мошинсозӣ неруи зиёдеро харҷ кард. Барои дар як маҳал ҷамъ овардани намуна ва макетҳои гуногуни биноҳои маъруф, мошинҳо ва муҷассамаҳоро ҳам ғун меовард.
10. Уолт Дисней қатораро меписандид, аз ин рӯ дар ҳуҷраи кориаш модели бузурги қатораро насб кард. Атрофи хонаро бошад, нусхаи роҳи оҳан бо пул, маҳалҳои убур ва ҳайатҳои ҳаракаткунандаи қатораҳо оро дода буданд. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ЧЕМПИОНҲОИ ҶАҲОН ОИД БА ШОҲМОТ
Михаил БОТВИННИК
Давраи чемпиониаш солҳои 1948 – 1957, 1958 - 1960, 1961 - 1963. Кишвараш СССР. Чемпиони шашуми ҷаҳон ва нахустин аз СССР.
Михаил Ботвинник хеле дер – дар синни дувоздаҳсолагиаш ба дунёи рангорангу ҳайратангези шоҳмот қадам гузоштааст. Қатъи назар аз ин, матонат дар роҳи мақсад, исроркорӣ, устуворӣ ва муносибати илмӣ ба шоҳмот натиҷаҳои худро ба бор оварданду дар 30 - солагиаш ӯро ба сафи пеши шоҳмотбозони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷаҳонӣ бароварданд.
Мухлисони шоҳмот ва созмондиҳандагони чемпионати ҷаҳон умед бар он доштанд, ки Ботвинник барои унвони чемпиони ҷаҳон бо Александр Алёхин қувва меозмояд ва дар атрофи саволи «Кӣ чемпион мешавад?» фикрҳои мухталиф иброз медоштанд. Вале, Ҷанги дуюми ҷаҳон ба ин монеъ гашт. Баъди вафоти Алёхин, соли 1948 мусобиқа – зӯрозмоӣ барои гирифтани унвони чемпиони ҷаҳон баргузор гардид ва дар он Ботвинник ғалаба ба даст овард.
Ботвинник ягона аз чемпионҳоест, ки ду маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро баъди ғалаба дар бозиҳои сабқат бар Михаил Тал ва Василий Смислов ба худ баргардондааст. Вай бо тайёрии комилаш ба мусобиқаҳо, ба ҳисоб гирифтани ҳолати рӯҳии ҳариф ва дорои характери чемпионӣ доштан, аз дигарон тафовут дошт.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


ШУМОРАИ ДАРАХТҲОИ РӮИ ЗАМИН
Олимони Донишгоҳи Ели ИМА шумораи дақиқи дарахтони рӯи Заминро муайян карданд. Ҳисобу китоб нишон дод, ки ҳоло 3,04 триллион дарахт сабзида истодааст. Мутобиқи ин тадқиқот, ба ҳар кас 408 дарахт рост меояд. Ин рақамҳо нисбат ба маълумоти дар асоси суратҳои соли 2009 тавассути моҳвора гирифташуда 7,1 маротиба зиёдтар  аст. Он замон пажӯҳишгарон 400 миллиард дарахтро ҳисоб намуда буданд.
Дарахтҳо аз ҳама зиёд дар Россия (642 миллиард), Канада (318 миллиард), Бразилия (318 миллиард), ИМА (228 миллиард) ва Чин (140 миллиард) месабзанд.
Инсоният ҳар сол 15 миллиард дарахтро мебурад, аммо дар давоми ин вақт 5 миллиард дарахт сабзида мебарояд. Агар ҳолат чунин идома ёбад, захираи дарахтҳо дар дунё то соли 2300 пурра ба охир мерасад.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
МАБЛАҒҲОИ КАЛОН БАРОИ ШЕРЛОК ХОЛМС
Детективи маъруфи англис, қаҳрамони асари бадеӣ  Шерлок Холмс, ки ин образро нависандаи мумтоз Артур Конан Дойл офаридааст, ҳатто пас аз сипарӣ шудани даҳсолаҳо баъди вафоти эҷодгараш ҳам обрӯ ва қимати худро аз даст надодааст. Ҳангоми дар музояда ба фурӯш рафтани нахустин нашри ҳикояҳо дар бораи Шерлок Холмс, мактубҳои адиб ва ёддоштҳо дар бораи нависанда 325 ҳазор марка ба даст омад, ки нисбат ба маблағи дарназардошта ду маротиба зиёд буд. Аз ҳама маводи пурқимат нашри ҳикояи нахустин дар бораи Шерлок Холмс буд, ки онро шахсе ба нархи 45540 марка харид. Дар вақташ барои ин ҳикоя Конан Дойл аз ношири худ ҳамагӣ 60 марка ҳаққи қалам гирифта буд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ЗИНДАГӢ БЕ ҚАЛБ
 Ҳолати саломатии Крейг Люисаи 55 – сола, ки аз бемории қалб азият мекашид, торафт вазнинтар мешуд. Ҳарчанд табибон бо истифода аз тамоми имкониятҳо ӯро наҷот додан мехостанд, мутаассифона вазъият боз ҳам мураккабтар мегардид. Лекин ду нафар табиби ҳозиқи Донишкадаи ҷарроҳии қалби шаҳри Техас бо истифода аз таҷҳизоти омоданамудаашон, ки «ҷараёни бефосила» мебошад, роҳи наҷоти Крейгро ёфтанд. Таҷҳизоти ихтироъкардаи табибон Билли Кон ва Бад Фрейзер бе тапиши қалб метавонад гардиши хунро фаъол гардонад. Қалби Крейгро гирифта, дар қафаси синаи ӯ асбоби омоданамудаашонро ҷой медиҳанд. Баъди як рӯзи ҷарроҳӣ  бемор ба худ омада, ба наҷотдиҳандагонаш гуфт, ки ҳолаташ хуб аст.
Баъди чанд муддат  соли 2012 табибон пешгӯӣ карданд, ки агар ягон ҳолати дигар рух надиҳад, Крейг баъди 12 соат эҳтимоли ҳалок шуданро дорад. Бо тавсияи табибон ва дархости ҳамсари Крейг дар қалби ӯ боз як дастгоҳи ёрирасони гардишдиҳандаи хунро илова намуданд.
Ҳамсари Крейг мегӯяд, ки вақте ба қафаси синаи шавҳараш гӯш медиҳад, садои қалби ӯро намешунавад. Ӯ мисли пештара аст, танҳо садои қалб надорад.
Табибон мегӯянд, ки ин дастгоҳи ихтироъкардаи онҳо қаблан 50 маротиба дар вуҷуди гӯсолаҳо муваффақона санҷида шудааст. Баъди таҷрибаҳои зиёд боварии комил ҳосил карданд, ки дар вуҷуди инсон низ ин ҷараён метавонад судманд бошад. Табибон вақти ба ҷойи  дили гӯсолаҳо насб намудани асбоб танҳо баъди як рӯз мушоҳида карданд, ки онҳо мисли пештара мехӯранду менӯшанд, хоб мераванду ҳаракати озод доранд. Акнун гардиши хунашонро на ин ки дил, балки асбоби «ҷараёни бефосила» фаъол мегардонд.
Таҳияи Анвар ҲАФИЗ


2571 ТАНГАИ НУҚРАГӢ БОЗЁФТИ ЯК ОИЛАИ БРИТОНӢ
Зану шавҳар - Адам Стейплс ва Лиза Грейс, аз минтақаи Сомерсети Бритониёи Кабир, ҳангоми саёҳат хазинае ёфтанд, ки аз 2571 тангаи қадимаи нуқрагӣ иборат аст.
Ҳамсарон тангаҳоро барои ташхис ба осорхона бурданд. Санҷиш маълум намуд, ки тангаҳо ба шоҳ Ҳаролди II Годвинсон тааллуқ доранд. Ёдовар мешавем, Ҳаролди II соли 1066 ба тахт нишаста, ҳамагӣ 9 моҳ кишварро идора намудааст.
Нархи ҳозираи ҳар кадом тангаи ёфтшуда  ба 5 ҳазор фунт - стерлинг баробар аст. Аммо барои соҳиб шудан ба ҳиссаи худ  оилаи Стейплсҳо бояд боз андаки дигар мунтазир шаванд. Дар сурати зарур будани тангаҳо барои осорхона, роҳбарияти он ба зану шавҳар ҳиссаи аз тарафи давлат муайяншударо мепардозад. Дар акси ҳол тангаҳоро ба музояда мегузоранд ва ҳиссаи зану шавҳарро шахси харидор медиҳад.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


АСБОБҲОИ НОДИРИ МУСИҚӢ
МАВҶҲОИ МАРТЕНО
Оҳанги лампаҳо
Асбоби мусиқие, ки соли 1928 аз тарафи Морис Мартено, педагоги фаронсавӣ, офарида шуд, бо номи «Мавҷҳои Мартено»  машҳур гардид. Он бо ёрии лампаҳои электрикӣ садои хосе  мебарорад, ки хело ҳам ҷолиб мебошад. Қисмате аз ин асбоб ба фортопиано шабоҳат дорад. Дар тарафи чапи асбоб тугмаест, ки ҳамчун камон амал мекунад.
Дар ҳоле ки дасти рост тугмаҳоро мебозад, дасти чапи мутриб бо потенсиометрҳо кор карда, то андозае ҷадвали садоро тағйир медиҳад. Ғайриодӣ будани мартено ӯро ба рӯйхати даҳгонаи асбобҳои мусиқии нодири олам шомил кард.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


АЗ ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
* Хомӯшакҳо дандон доранд. Олимон муайян карданд, ки шахсони банан истеъмолкарда диққати онҳоро ба худ бисёртар ҷалб мекунанд.
* Таҳқиқоти олимон муайян кард, ки агар дар назди гов мусиқии классикӣ садо диҳад, шири онро зиёд мекунад.
* Пингвинҳо ҳангоми шино кардан, то ба ду метр баландӣ меҷаҳанд.
* Туқумшуллук чор бинӣ дорад.
*  Аз миёни ширмакҳо фақат фил қобилияти ҷаҳидан надорад.
*  Пингвин ягона парандаест, ки парвоз карда наметавонад.
*  Гаҳвораҷунбон ягона ҳашаротест, ки сарашро ба ду тараф тоб дода метавонад.
*  Морҳои дусара потологияи ғайриодӣ доранд. Ҳар ду сари мори мутант худро хазандаи гуногун пиндошта, барои туъмаашон алоҳида мубориза мебаранд.
Таҳияи Сайфулло АШӮРОВ

 

«FRANCE FOOTBALL»

ЯШИН ТО ҲОЛ БЕҲТАРИН АСТ
Собиқ дарвозабони дастаи «Динамо» - Москва ва яккачини СССР Лев Яшин (ягона дарвозабони дорандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ») аз рӯи фарзияи маҷаллаи машҳури фаронсавии «France Football» беҳтарин дарвозабон дар таърихи футбол эълон шуд. Инчунин, маҷалла исми даҳ беҳтарин дарвозабонро интишор намудааст.
Беҳтарин дарвозабонҳо бо фарзияи «France Football»:
2. Гордон Бэнкс (Англия);
3. Дино Дзофф (Италия);
4. Ҷанлуиҷи Буффон (Италия);
5. Мануэл Нойер (Олмон);
6. Петер Шмейхел (Дания);
7. Зепп Майер (Олмон);
8. Икер Касиляс (Испания);
9. Эдвин ван дер Сар (Ҳолланд);
10. Питер Шилтон (Англия).
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.10.2019    №: 192    Мутолиа карданд: 1565

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед