logo

иҷтимоиёт

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЭҲЁИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ

Кишвари азизамон имрӯзҳо санаҳои муҳим ва мубарроро таҷлил намуда истодааст ва чанде пеш ҷаҳониён шоҳиди воқеаи бузург- мавриди истифода қарор гирифтани чархаи навбатии Неругоҳи  барқи обии “Роғун”  гардиданд. Ба ин ҳама навгониҳои бузург бо гузашти 28 соли соҳибистиқлолӣ назар афканда, беихтиёр симо, чеҳра ва сурати зебои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши назар оварда, ифтихор аз ин абармард, сарвару роҳнамои оқилу доно менамоем, ки то ба ин рӯзи фирӯзи мо чӣ қадар ранҷу заҳматҳоро аз сар гузарондааст.
Аслан, халқи тоҷик аз қадим бо хирадмандиву кишвардории фарзандонаш дар таърих ном гузоштааст. Куруши Кабир ҳанӯз ду ҳазору панҷсад сол пеш аввалин дастури ҳуқуқии тамаддуни башарро интишор дода, бори нахуст таҷрибаи ҳамзистии халқҳоро бар мабнои қонун кафолат дод.  Исмоили Сомонӣ бо ибтикороти ояндасози сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ давлати қудратмандеро бунёд сохт, ки чанд қарни минбаъда рисолати худро нигоҳ дошт. Пешвои миллати мо низ  шахси таърихист. Ӯ давомдиҳандаи кори Исмоили Сомонӣ аст, ки тавонист дар такя ба заковату хиради мардуми фарҳангсолори худ миллатро аз парокандагӣ наҷот бахшаду ба ҳам биорад.
Мақоми Пешвои миллат бо амри дили мардуми тоҷик ба Эмомалӣ Раҳмон дода шуд. Он нишони эҳтиром ба хизматҳои бузурги ин шахсияти таърихӣ ҳамчун муҳофизи манфиатҳои миллӣ аст. Аслан, имрӯз не, балки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали роҳбариаш ӯ ба мақоми Пешвои аслии миллати тоҷик сазовор гашта буд.  Зеро дар кӯтоҳтарин муддати таърихӣ кишвари ҷангзадаамонро ба босуботтарин давлати минтақа табдил дод. Сарвари  давлат аз рӯзҳои аввал ваҳдату ягонагии миллати тоҷикро волотарин ҳадафи сиёсӣ ва дар фаъолияти густурдаи хеш чун меҳвари асосӣ муқаррар намуд ва ҳар иқдомеро, ки то имрӯз анҷом медиҳад, дар атрофи ҳамин меҳвар иҷро мегардад.  Иқдоми сулҳоварие, ки Сарвари давлати тоҷикон нишон дод, дар олам бемисл аст. Ӯ ба тамоми ҷаҳон исбот намуд, ки масъалаҳои ниҳоят мушкилро метавон ба таври мусолиматомез ҳал намуд. Аз ин рӯ, ҳалли сулҳҷӯёнаи масъалаи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аҳамияти на танҳо маҳалливу минтақавӣ, балки байналмилалӣ дорад. Ӯ дарси сулҳофариниро барои ҷаҳониён пешниҳод сохт. Муҳимтар аз ҳама, бо роҳбарии ин абармарди сиёсат исбот гашт, ки халқи тоҷик қобилияти ҳал намудани ҳар гуна моҷаро ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани нуфуз ва эътибори кишварро дорад.
Пешвои муаззами миллат бо андешаҳои созандаи хеш давлати миллии тоҷиконро эҳё бахшид.  Ӯ ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳ кушод ва таҳти роҳбариаш назаран, илман ва амалан давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардид, ки имрӯз дар фазои осоиштаи он мо зиндагӣ дорем. 
Мирзобоқӣ ШАРИФОВ, мушовири ректори Донишкадаи  тарбияи
ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, дотсент,
Мавлон ШАРИФОВ,  ҳуқуқшиноси  Донишкадаи  тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
ба номи С. Раҳимов, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2019    №: 193    Мутолиа карданд: 604
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед