logo

иҷтимоиёт

ОБ. ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ГЛОБАЛӢ ПЕШСАФ АСТ

Масъалаи норасоии об мушкилотест, ки аз аҳди қадим инсоният ба он мувоҷеҳ мебошад. Мушкилоти мазкур борҳо омили буҳрон ва садамаҳои иҷтимоӣ гаштааст. Дар робита ба аҳамияти ҷаҳонии масъалаи об, Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдомҳои наҷиб даст зад. Мо шоҳидем, ки дар арсаи ҷаҳон ибтикороти Тоҷикистон бисёр ҳамовозии амиқ дарёфт.
Айни замон масъалаи норасоии об ба яке аз мушкилоти умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар асри ХХ аҳолии сайёра се баробар зиёд гашта, дар ин муддат истифодаи об ҳафт баробар бештар гардид. Танҳо дар соҳаи коммуналӣ истифодаи об сездаҳ маротиба афзуд. Мутобиқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) айни замон зиёда аз 1,2 миллиард  инсон  дар шароити норасоии доимии об қарор дошта, тақрибан ду миллиард нафар мунтазам аз беобӣ азият мекашад. Дар асоси маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ саломатии зиёда аз ду миллиард одам вобаста ба норасоии оби тоза бад мегардад. Дар асоси пешгӯиҳои Созмони кишоварзию хӯрокворӣ (ФАО) то соли 2035 шумораи одамоне, ки мунтазам аз норасоии об азият хоҳанд кашид, ба чор миллиард нафар мерасад.
Норасоии об на танҳо барои аҳолии афзоянда, балки барои соҳаи кишоварзӣ, иншооти нави саноатӣ, иншооти энергетикӣ, умуман, барои рушди устувори инсоният эҳсос мегардад.
Дар бист соли оянда бо назардошти тамоюли афзоиши аҳолӣ ва хоҷагии ҷаҳонӣ, болоравии истифодаи оби нӯшокӣ дар ҳаҷми 100 километри мукааб дар як сол пешбинӣ мегардад. Оби тоза ин танҳо 2,5 дарсади сарватҳои обии кураи Замин буда, қисми бештари он, асосан, дар пиряхҳо ва обҳои зеризаминӣ мутамарказ гашта, дастнорасанд. Танҳо як дарсади захираҳои оби тозаи сайёра барои истифодаи инсонҳо хизмат мерасонад.
Мутобиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар кишварҳои мутараққӣ танҳо 25 дарсади аҳолӣ ба оби нӯшокӣ дастрасӣ доранд. Қаламрави 36 кишвар водиҳои нимабиёбонӣ дошта, ҳудуди 11 кишвар аз чунин водиҳо иборат мебошад (Миср, Арабистони Саудӣ, Ҷибути ва ғайра). Дар минтақаи Осиёи Марказӣ - Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон мушкилоти норасоии обро эҳсос менамоянд.
Конгресси ИМА, аллакай, соли 1992 қонуни махсусеро оид ба коҳиши ҳаҷми об (70 %) барои эҳтиёҷоти коммуналӣ ба тасвиб расонд. Барои татбиқи он дар кишвар истифодаи дубораи об дар соҳаи коммуналӣ ба роҳ монда шудааст. Коркарди оби баҳр бо суръат идома дорад.  Агар дар соли 1960 соф намудани об 0,09 километри мукаабро ташкил дода бошад, пас нишондоди мазкур соли 1985 ба 7,5 километри мукааб расид.
Аз ин хотир, Пешвои миллат таъкид карда буданд: «Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии об на камтар аз арзишмандии нафт, газ, ангиштсанг ва дигар сӯзишвориву манбаъҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад».
Дар баррасии масъалаи мазкур муҳим он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои дурандеши миллатамон Эмомалӣ Раҳмон қатъи назар аз доштани захираҳои бузурги обӣ рисолати инсондӯстонаро дар сиёсати хориҷии хеш меҳвар намуда, ҳалли онро аз минбарҳои баланди байналмилалӣ ва минтақавӣ тарғиб менамоянд.

Гулсун ВОСИЕВА, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
омӯзгори МТМУ № 77, ноҳияи Фирдавсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.10.2019    №: 193    Мутолиа карданд: 502

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед