logo

туризм

ҲИСОР. ИМКОНИЯТҲОИ САЙЁҲӢ БЕНАЗИРАНД

Тавре маълум аст, шаҳри бостонии Ҳисор бо инфрасохтори  пешрафта дар самтҳои сайёҳии таърихию фарҳангӣ, табиию экологӣ, кӯҳнавардӣ, табобатию истироҳатӣ, варзишӣ,  бостоншиносӣ барои ҷалби сайёҳон имкониятҳои фарох дорад. Айни замон дар ҳудуди шаҳр 87 ёдгории таърихӣ - 8 ёдгории монументалӣ, 12 меъморӣ  ва 67 археологӣ мавҷуд аст, ки дар байни сайёҳон маъруфият доранд. Дар мавзеъҳои сайёҳии табиӣ -экологӣ ба сайёҳон 16 бӯстонсарой (Hostel) хизмат мерасонад. Дар маҷмӯъ, давоми  нуҳ моҳи соли ҷорӣ 59 ҳазору 666 сайёҳ, аз ҷумла 8 ҳазору 76 сайёҳи хориҷӣ, аз мавзеъҳои таърихии шаҳр дидан намуд. 
Бино ба иттилои Муҳиддин Саидов, мудири бахши рушди сайёҳии шаҳр, ҳоло бо назардошти муҳимият ва афзалиятҳои соҳаи мазкур бо мақсади рушди соҳа ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Бо иштироки масъулон, мутахассисон, роҳбарони ширкатҳои сайёҳиву меҳмонхонаҳо ва сокинони маҳаллӣ пайваста семинар - машварат ва вохӯриҳо доир карда мешаванд, ки ин иқдом барои ба танзим даровардани соҳа замина мегузорад.
Китоби сайёҳии шаҳри Ҳисор бо номи “Инфрасохтори рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ҳисор”, ки тамоми соҳаҳои шаҳрро дар бар гирифтааст, рӯзҳои наздик ба чоп мерасад. Китоб дар бораи маҷмааи ёдгориҳои таърихию меъмории Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии «Мамнӯъгоҳи  таърихию  фарҳангии Ҳисор» ва хатсайрҳои сайёҳии ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр шуд. Дар ин давра ширкати нави сайёҳӣ бо номи “Hisor Traevel” таъсис ёфт. Ҳамчунин, соли равон дар ҳудуди шаҳр 2 хатсайри сайёҳии мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва табиию экологии нав ташкил шуд. Чилчашмаи “Чилтанҳо” дар деҳаи Хоҷачилдиёри Боло ва масҷиди куҳна дар деҳаи Тӯдаи деҳоти Мирзо Ризо, ки ёдгориҳои қадима мебошанд, дар қатори ёдгориҳои таърихии шаҳр ҷой дода шуданд.
Дар шоҳроҳи Душанбе - Ҳисор харитаи ёдгориҳои таърихию фарҳангии мавзеъҳои табиӣ ва дар даромадгоҳи шаҳраки Ҳисор реклама ва ишораҳои сарироҳӣ оид ба минтақаҳои сайёҳӣ насб шуданд. Ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки ҳунармандон дар маркази шаҳр озмуни шаҳрии “Мисгарӣ ва оҳангарӣ” баргузор гардид.
Яке аз минтақаҳои маъруфи сайёҳии шаҳр, ки нисбатан меҳмонони зиёд ҳамасола аз он дидан мекунанд, “Мамнӯъгоҳи таърихию кишваршиносии Қалъаи Ҳисор” мебошад. Мамнӯъгоҳ  осорхонаест зери фазои кушод, ки арзиши беҳамтои таърихӣ, бостоншиносӣ ва меъморӣ дорад. Он соли 1982 дар мавзеи зебоманзари  водии Ҳисор дар асоси Қалъаи Ҳисор арзи вуҷуд карда, имрӯз ҳудуди 22 гектарро фаро гирифтааст. Зиёда аз 3000 сол қабл  ин ҷо маркази тамаддуни волои ниёгони мо арзи ҳастӣ намуда буд. Бунёди ёдгориҳои таърихию меъморие, ки то имрӯз симои аслии хешро маҳфуз доштаанд, аз қарни XI пеш аз милод оғоз ёфта, то садаи XX думбола мегирад. Дар маҷмааи ёдгориҳои таърихию  меъморӣ мо лаҳзае  хештанро дар шаҳри асримиёнагие бо майдони Регистон, дижи қадим, силсилаи иншооти маданӣ – маърифатӣ ва ҷомеавӣ - савдоӣ мебинем.
Баъди ба Истиқлолияти давлатӣ соҳиб шудани Тоҷикистон ва тантанаи ваҳдати миллӣ, Ҳисори бостон ба марҳилаи тозаи рушду шукуфоӣ ворид гардид. Дар муддати кӯтоҳ маҷмааи ёдгориҳои таърихию  меъмории Ҳисор ба яке аз марказҳои муҳими сайёҳии ҷумҳурӣ табдил ёфт. Дар ин муассиса корҳои зиёди барқарорсозӣ ва азнавсозӣ ба анҷом расонда шуданд. Алҳол Қалъаи Ҳисор яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ буда, ҳусни кишварро меафзояд ва ба макони тамошои меҳмонони дохилию хориҷӣ  мубаддал гаштааст. Ин аст, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ин мавзеи таърихӣ 27442 сайёҳ, аз ҷумла 6479 сайёҳи хориҷӣ, дидан намуд.
Дар ҳудуди шаҳри Ҳисор айни замон 7 тарабхона ва як қаҳвахонаи ҷавобгӯ ба талаботи муосир, осорхона, осоишгоҳҳои “Шоҳамбарӣ”, “Сатурн”,  «Сангчашма», меҳмонхонаҳои “Усто Набот” ва “Даҳбед” бо шароиту имкониятҳои васеи қабулу истироҳати мизоҷон фаъолият доранд.
Дар Тоҷикистон дар як сол зиёда аз 300 рӯз офтобист ва ин имкон медиҳад, ки сайёҳон дар тамоми фаслҳои сол аз накҳати табиати зебои диёрамон, аз ҷумла шаҳри Ҳисор,  баҳравар бошанд.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2019    №: 195    Мутолиа карданд: 3369
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед