logo

иқтисод

БОХТАР. БУНЁДИ БОЗ ЯК КОРХОНАИ КОРКАРДИ ПАРТОВ

Тозаву озода  нигоҳ доштани мавзеъҳои фарҳангиву фароғатӣ, маҳалла, кӯчаву хиёбонҳо ва, умуман, муҳити зисти маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар мавриди таваҷҷуҳи масъулон қарор дошта, бо мақсади сари вақт бартарафсозӣ, безараргардонӣ ва коркарди партовҳо лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахтӣ маишӣ» татбиқ мегардад.
Абдулқосим Мӯсоев, роҳбари корхонаи давлатии фаръии хоҷагии коммуналии шаҳри Бохтар, гуфт, ки дар баробари анҷом додани корҳои ободонӣ, татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» дар шаҳри Бохтар иқдоми   саривақтӣ мебошад. Чунин чораандешӣ дар самти вусъати корҳои ободониву созандагӣ, инчунин, ноил гардидан ба дастовардҳои соҳаи экологӣ нақши созгор дорад ва мо - кормандони ин ниҳодро лозим аст, ки пайваста ба масъалаи ҷамъовариву безараргардонӣ ва коркарди партовҳо  диққати зарурӣ дода, аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода  барем. Тибқи иттилои Абдулқосим  Мӯсоев, бо мақсади амалисозии барнома бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи 4 миллиону 900 ҳазор доллари ИМА созишнома ба имзо расид. Аз ин маблағ 2 миллион қарз ва 2 миллиону 900 ҳазор доллар грант мебошад. 
То имрӯз 456 қуттии партовҷамъкунӣ, 12 воситаи техникӣ, 59  нуқтаи ҷамъоварии партов омода гардида, инчунин, бинои маъмурии корхона бунёд шуд. Дар марҳилаи баъдӣ бунёди корхонаи коркарди партов дар шаҳри Левакант дар назар аст. Бо ин мақсад, корҳои заминагузорӣ идома доранд. Бунёди корхонаи коркарди партов ба озодагии муҳити зист, пешгирии хуруҷи бемориҳои сироятӣ ва боло бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон мусоидат намуда, ҳамзамон, аз маводи пластикӣ баробари коркард маҳсулоти ниёзи мардум  омода мегардад, - гуфт Абдулқосим Мӯсоев.
Сокини шаҳри Бохтар Усмоналӣ Нурзод гуфт, ки бунёду муҷаҳҳазгардонии нуқтаҳои партов ва ба беруни шаҳр баровардани партовҳо ба манфиати тамоми аҳолии шаҳр аст. Мардум низ бояд талошу кӯшишҳои масъулони соҳаро ба инобат гирифта, бо дарки масъулияту маданияти шаҳрдорӣ дар масъалаи ҳифзи муҳити зист фаъол бошанд.
Анвар ҲАФИЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.10.2019    №: 195    Мутолиа карданд: 1178
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед