logo

иҷтимоиёт

ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. ДАСТГИРИИ МАЪЮБОН ДАР МАДДИ АВВАЛ

Тибқи банди 100 - и «Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 тасдиқ гардидааст, 18 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон баргузор мегардад. Роҷеъ ба ин мавзӯъ ва дастовардҳои нуҳ моҳи соли равон Абдулҳаким Холзода, директори Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин иброз дошт:
- Тавре аз таърихи давлатдориҳо маълум аст, ҳама вақт сатҳи пешрафти иқтисодиёт ва иҷтимоиёти давлатро аз рӯйи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хусусан пиронсолон, маъюбон ва кӯдакони ятиму бепарастор баҳогузорӣ менамуданд. Аз ин лиҳоз, ҳифзи иҷтимоии мардум, бахусус пиронсолон, маъюбон, кӯдакони дорои имконияти маҳдуд, вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор мераванд. Тадбирҳо ва барномаҳои иҷтимоии имрӯз амалишаванда кафолат медиҳанд, ки ин табақаи аҳолӣ ҳамеша дар мадди назари сохторҳои иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, давлату ҷомеа нисбат ба онҳо ғамхории ҳамешагӣ зоҳир менамоянд. Бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла маъюбону пиронсолон, аз ҷониби давлат тадбирҳои аҳамияти стратегидошта андешида ва қабул шудаанд. Дар марҳилаи кунунӣ як қатор тадбиру барномаҳо дар ҳоли амалӣ шудан қарор доранд.
Дар Тоҷикистон, тибқи қонунгузорӣ, барои қишрҳои алоҳидаи аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманди аҳолӣ имтиёзу кафолатҳои давлатӣ муқаррар гардидаанд. Ҳамаи имтиёзу кафолатҳо барои категорияҳои алоҳидаи аҳолии аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманд дар Тоҷикистон аз Конститутсияи кишвар сарчашма мегиранд. Имтиёзу кафолатҳо барои категорияҳои алоҳидаи аз ҷиҳати иҷтимоӣ ниёзманди аҳолӣ дар моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мушаххас дарҷ гардидаанд.
Агентии  давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мақомоти ҳокимияти  иҷроия буда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, № 168 «Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфта, фаъолияташро дар партави дастуру супоришҳои Роҳбари кишвар, қарорҳои Ҳукумат, инчунин, дар заминаи стратегияву барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии соҳавӣ ба роҳ мондааст.
Фаъолияти муассисаҳои иҷтимоии будубоши доимию муваққатӣ барои пиронсолон ва маъюбон дар ҷумҳурӣ далели гуфтаҳои зикршудаанд.
Айни замон 11 муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ (7 муассисаи будубоши доимӣ, 4 истироҳатгоҳу осоишгоҳ), 42 шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ ва 6 маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба номгӯи муассисаҳои системаи агентӣ шомиланд. Инчунин, барои беҳтар намудани сатҳу сифат ва камхарҷ гардондани хизматрасониҳои иҷтимоӣ тибқи шартнома бо агентӣ 40 маркази хизматрасонӣ фаъолият дорад, ки аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд.
Давоми нуҳ моҳ ба муассисаҳои давлатии хона - интернатҳои пиронсолону маъюбон ва беморони рӯҳӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, сарпарастон, шахсони саховатпеша ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба маблағи 1 миллиону 587 ҳазору 143 сомонӣ ёрии хайриявӣ расонда шудааст.
Барои ғанӣ гардондани дастархони истироҳат-кунандагону бошандагон заминҳои ҳудуди муассиса ва хоҷагиҳои ёрирасон барои таъминот бо сабзавоти тару тоза босамар истифода мешаванд. Масоҳати заминҳои агентӣ 173,35 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин заминҳо кишти гандум, лӯбиё, нахӯд, ҷуворимакка, шолӣ, боимҷон, помидор, лаблабу, бодиринг, карам, каду, сабзӣ, пиёз, шалғам, турб, картошка, юнучқа ва дигар намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, дар ин хоҷагиҳо чорводорӣ, мурғпарварӣ, моҳипарварӣ ва парвариши занбӯри асалро низ ташкил кардаем.
Давоми сол дар муассисаҳои мазкур фито - барҳо таъсис ёфта, дар пайи фаъолияти онҳо айни ҳол ба бошандагон 52 номгӯи гиёҳҳои шифобахш ва меваҳои хушкондашуда дар асоси тавсияи табибон тариқи нӯшоба пешниҳод мешаванд.
Яке аз самтҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хизматрасонии ройгони иҷтимоӣ буда, он ба шаҳрвандоне расонда мешавад, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта, бештар осебпазиранд ва ба дастгирию роҳбаладии иҷтимоӣ эҳтиёҷманданд. Ҷиҳати пешниҳоди ин шакли хизматрасонӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ҳоло дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 42 шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ фаъолият дорад. Дар онҳо 784 корманд ба 4247 пиронсолу маъюб ва 846 кӯдаки имконияташ маҳдуд, дар маҷмӯъ, ба 5093 нафар хизматҳои иҷтимоӣ - маишӣ, иҷтимоӣ - тиббӣ, равонӣ, ҳуқуқӣ, намояндагӣ ва роҳбаладӣ мерасонад. Дар маҷмӯъ, аз ин хизматрасониҳо 9697 нафар ниёзманд истифода намуданд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2014, № 168 «Дар бораи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар номгӯи муассисаҳои системаи агентӣ як осоишгоҳ - Муассисаи давлатии осоишгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Харангон» - и ноҳияи Варзоб, се истироҳатгоҳ- истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Дӯстӣ» - и ноҳияи Ҷайҳун, истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Ромит» - и  шаҳри Ваҳдат ва истироҳатгоҳи табобатии собиқадорони ҷангу меҳнати «Бибӣ Фотимаи Заҳро» - и ноҳияи Ишкошим бо филиалаш дар ноҳияи Роштқалъа фаъолият менамоянд. Ин муассисаҳо мавсимӣ буда, истироҳат аз моҳи май то октябр идома меёбад.
Дар доираи қонунгузории кишвар дар ҷумҳурӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҷубронпулӣ ва кумакпулиҳо таъйин ва пардохт карда мешаванд. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба 81084 оилаи камбизоат барои истифодаи қувваи барқ ба маблағи 12 926 170 сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт шудааст. Ҳамчунин, дар 40 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 97186 хонавода гирандаи кумакпулии иҷтимоӣ маҳсуб меёбад.
Дар доираи татбиқи Созишномаи молиявӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ аз 6 марти соли 2018 «Оид ба маблағгузории иловагии лоиҳаи «Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ» махзани электронии маълумот оид ба маъюбон дар заминаи Феҳристи амалкунандаи иттилоотии системаи ҳифзи иҷтимоӣ таъсис дода мешавад. Айни замон бо дастгирии лоиҳаи мазкур дар назди Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ бо мақсади рақамикунонӣ ва воридкунии санадҳои тиббӣ ба махзани электронии маъюбон гурӯҳи таҳлилию техникӣ таъсис дода шудааст.
Ҳадаф аз баргузории Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон дар шаҳри Душанбе низ таҳлили вазъи кунунии хизматрасонии иҷтимоӣ ва дарёфти роҳҳои боз ҳам хубтар намудани сатҳу сифати онҳо, беҳтар кардани солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон, дастрасии маъюбон ба таҳсил, ҷалби онҳо ба шуғли доимӣ, муҳайё намудани шароити мусоид ва фароҳам овардани имконияти баробари зиндагӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеа барои маъюбон мебошад.
Аз форум ҷиҳати ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор баҳри таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳа, навсозӣ, таъмири асосӣ, таъмиру тармими биноҳои муассисаҳо, ки солҳои 60 - уми асри гузашта сохта шудаанд, бо таҳҷизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардондани муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, зиёд намудани иқтидори осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳои мавҷуда, миқдори кату ҷойҳо, теъдоди хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолони яккаву танҳо, маъюбон, одамони ғайри қобили меҳнат, бе ҷойи зисти муайян ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тавассути ташкил намудани марказҳои минтақавӣ интизориҳои зиёд дорем.
 Бовар дорем, ки бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилиҳои ҷойдошта ҳалли худро ёфта, соҳаи ҳифзи иҷтимоии мамлакат боз ҳам рушд меёбад.
Роҳбарият ва кормандони агентӣ баҳри татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои муаззами миллат, тадбирҳои судманд андешида, дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сатҳу сифати хизматрасониро баланд бардоранд.

Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.10.2019    №: 196    Мутолиа карданд: 1142
15.07.2020


ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 5332 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ХОРУҒ. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ПЕШОРӮИ ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ХАДАМОТ. ШАХСОНИ МАСЪУЛ БЕШ АЗ 300 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ШУДАНД

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. 11 112 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

МУҲИТИ ЗИСТ. 607 ҲОЛАТИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. ТЕЪДОДИ ҶИНОЯТҲОИ ВАЗНИН ВА МАХСУСАН ВАЗНИН КОҲИШ ЁФТ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НИМСОЛА

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБО» ВА «ХАТЛОН» ДАР САДРИ ҶАДВАЛ

14.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 80 ДАРСАД РАСИД

ХУҶАНД. КОРХОНАИ «СОМОН ГУРӮҲ» БА ФАЪОЛИЯТ МЕПАРДОЗАД

200 000 СОМОНӢ КУМАКИ БОБОИ МУҲИБ БА ТАБИБОНИ РАШТ

ЭНЕРГЕТИКА. НИЗОМИ МУОСИРИ НАЗОРАТ ВА ҲИСОБИ НЕРУИ БАРҚ

НИГАРОНӢ! 25 ҲОЛАТИ МАЙДААВБОШӢ ДАР ЯК РӮЗ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ БА 3916 ШАҲРВАНД ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН РАСОНД

ЗАМИНА БА ТУХМИПАРВАРИИ ИБТИДОӢ

ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ РАФЪ СОХТАНИ МУШКИЛИҲО

“ДАСТ БА ДАСТ”. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД БУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО «МАНЧЕСТЕР СИТИ» ДАР ОН МЕМОНАД

РОССИЯ КАРАНТИНИ ҲАТМӢ БАРОИ ВОРИДШУДАҲОРО БЕКОР КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 5228 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЁРӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ ВМКБ

ТОҶИКОБОД. ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ

ВМКБ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "ИСТИҚЛОЛ" МАРҲИЛАИ АВВАЛРО ДАР САДРИ ҶАДВАЛ ХАТМ КАРД

РОССИЯ ДАР ҶАҲОН НАХУСТИН ШУДА ОЗМОИШИ ВАКСИНАИ COVID - 19-РО АНҶОМ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед