logo

иҷтимоиёт

РАШТ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

Бахти баланди мо, мардуми босаодати Тоҷикистони азиз аст, ки имрӯзҳо таҳти роҳбарии шахсияти нотакрори таърихӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои осудаи сулҳу ваҳдати миллӣ орзуву ормонҳои миллиамонро амалӣ намуда, ба дастовардҳои бузурги иқтисодию  иҷтимоӣ ноил гардида истодаем.
Чуноне дар зиндагии ҳаррӯзаамон эҳсос мекунем, дар зарфи 28 соли соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат ва заҳмати софдилонаи халқи тоҷик дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Бисту ҳашт соли даврони истиқлолият дар муқоиса бо таърихи бостонии  халқи тоҷик ва аз нигоҳи раванди бунёди давлати муосир фосилаи чандон тӯлонӣ нест. Сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои сахту сангине, ки дар ин муддат  вуҷуд доштанд,  миллати тоҷик тавонист дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорад. Албатта, чунин рушди босуръат аз соҳибфарҳангию соҳибтамаддунии миллати тоҷик ва бузургии Пешвояш дарак медиҳад.
Танҳо дар ноҳияи Рашт ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат иншооти зиёду муҳиме бунёд ёфтаанд, ки тайи солҳои тӯлонӣ сокинони ноҳия онҳоро орзу мекарданд.
Бо дастури Президенти кишвар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва масъулон беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардумро дар сархати фаъолият қарор додаанд. Ҳамин аст, ки ҷиҳати рушди бахши асосии иқтисодиёти ноҳия - кишоварзӣ ташкил ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ роҳандозӣ шуд. Имрӯз дар ноҳия 2771  хоҷагии деҳқонӣ ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғул аст.
Вазъи соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг батадриҷ беҳтар мегардад. Сохта ба истифода додани биноҳои Донишкадаи омӯзгорӣ, маҷмааи варзиш, бунёди корхонаи ордбарорӣ, ки на танҳо ба мардуми ноҳия, балки минтақа хизмат мерасонад, биноҳои маъмурии деҳоти Ҳоит, Ясман, Қалъанак, Қалъаи Сурх, Ҷафр, Нусратулло Махсум, Тагоба, коллеҷи тиббӣ, 30 маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ, 7 муассисаи нави таълимӣ, 78 бинои таълимӣ ва 142 синфхонаи иловагӣ, таъмиру навсозии боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳракҳои Ғарму Навобод, биноҳои маъмурии прокуратураи ноҳия, нозироти андоз, филиали ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”, “Тоҷиксуғурта”, “Тоҷикстандарт”, шуъбаи ҳифзи табиат, пули мошингузари деҳаи Ҳиҷборак, ки орузи деринаи мардуми ин маҳал буд ва даҳҳо иншооти дигар аз дастовардҳои соҳибистиқлолии кишварамон ба шумор мераванд ва ҳадаф аз сохтмону навсозии онҳо баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмини шароити мусоиди кору хизматрасонӣ мебошад.
Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани  Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии 255 иншоот ба нақша гирифта шудааст. 
Бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша 42 километр роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мумфарш карда шуд.
Танҳо давоми соли равон сохта ба истифода додани  беморхонаи ташхисию табобатии ”Сияриён”, маркази таълими калонсолон,  13 майдончаи варзиш, 3 майдончаи бозии кӯдакон, 4 бинои маъмурӣ, 12 бинои муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, хонаи истиқоматӣ барои 2 оилаи маъюб, 3  китобхона, 2 бунгоҳи тиббӣ, 3 кӯпрук, 5 ҳаммом, 6 маркази хизматрасонию савдо, 4 толори варзиш, 6 чоҳи амудӣ, 6 коргоҳ ва маркази таълимӣ - истеҳсолӣ, таъмиру барқарорсозии каналҳо, роҳҳо, осорхона, 4 хати оби нӯшокӣ ва чароғонкунии кӯчаҳо    ба  нақша гирифта шудааст. Як қисми онҳо ҳангоми таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки бо иштироки  Пешвои миллат баргузор гардид ва 15 иншоот дар арафаи таҷлили Ҷашни Истиқлолияти давлатии кишвар мавриди истифодабарӣ қарор гирифта, корҳои сохтмонӣ дар иншооти боқимонда бомаром идома доранд.
Мардуми заҳматпешаи ноҳия ба қадри неъматҳои бебаҳои истиқлолият, ваҳдат, сулҳу оромӣ ва шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумат мерасанд ва баҳри боз ҳам ободу зебо гардондани ин гӯшаи Тоҷикистони азиз дастҷамъона талош меварзанд.

Муқимӣ Раҳимҷон НАБИЗОДА,раиси ноҳияи Рашт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2019    №: 197    Мутолиа карданд: 166

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад

Таъкиди Путин аз зарурати арҷгузории арзишҳои оилаи серфарзанд

Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"

Чин ба шарти бастани созишномаи тиҷоратӣ бо ИМА ба мувофиқа расид

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медалҳои биринҷии гӯштигирони тоҷик

08.11.2019


Давлаталӣ Саид бо Мансур бинни Зойид оли Наҳён вохӯрд

Баргузории конференсия оид ба саҳми диаспораҳо дар рушди кишвар

Масоили ҳамкории фарҳангӣ матраҳ шуданд

МАОРИФ. Медали тиллои хонандагони точик аз Туркия

07.11.2019


Гурӯҳи мусаллаҳ безарар гардонда шуд

БОКС. Медали тиллои муштзани тоҷик дар Россия

ФОРУМИ ПАНҶУМИ МИЛЛӢ. Пойгоҳе ки ҳуқуқшиносонро ба ҳам меорад

Ба Ингушистон суриёие омад, ки аспсавор ба дидори Путин раҳсипор аст

Эрдуғон аз боздошти ҳамсари сарвари "ДИ" Ал-Бағдодӣ хабар дод

Интиқоди ҳазорҳо олим аз беэътиноии сиёсатмадорон ба тағйири иқлим

Пойтахти Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои ИДМ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.11.2019


Роҳҳои баланд бардоштани ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ баррасӣ шуданд

Ҳамоиш доир ба нақши ҷавонон дар тарғиби арзишҳои миллӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед