logo

ҳуқуқ

ҚОНУНИ АВФ. САНАДЕ, КИ СИЁСАТИ ИНСОНДӮСТОНАРО ТАҶАССУМ МЕНАМОЯД

Давлате, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд арзиши олӣ дорад ва моҳияти сиёсати онро таҷассум мекунад, доимо ифодакунандаи принсипҳои ҳуқуқии қонуният, инсондӯстӣ ва демократизм мебошад. Маҳз ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд  мақсад, мазмуни қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро ифода намуда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Арзиши олӣ эътироф намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд водор месозад, ки ин ҳуқуқу озодиҳо ба пуррагӣ аз ҷониби давлат ба ҳар восита, аз ҷумла ба воситаи ҳуқуқи ҷиноятӣ, таъмин ва ҳимоя гардида, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам орад. Ҳамагон медонанд, ки барои содир намудани ҷиноят ногузир будани ҷавобгарии ҷиноятӣ яке аз омилҳои муҳими пешгирии ҷиноят ба шумор рафта, давлат онро ҳамчун василаи муқовимат бар зидди ҷинояткорӣ истифода мебарад. ғайр аз таъқиби ҷиноятӣ нисбат ба шахсони ҷиноятсодирнамуда, давлат ҳуқуқи бахшидани гуноҳи онҳоро дар худ нигоҳ медорад, ки яке аз намудҳои он қабули санади ҳуқуқии авф ба шумор рафта, дар қонунгузории амалкунанда ифодагари принсипи инсондӯстӣ мебошад ва баҳри ҳимояи манфиатҳои шахсони ҷиноят содирнамуда равона мегардад.
Бахшидану хайру саховат кардан аз урфу одатҳои гузаштагони миллати куҳанбунёди тоҷикон буда, ин иқдоми нек, бахусус дар арафаи иду ҷашнвораҳои муҳим анҷом дода мешуд. Аз ҷониби давлат афв шудани гунаҳкорон дар ҳама давру замон мавҷуд буд, аз ҷумла дар замони Сомониён низ, ин амал мавриди иҷро қарор мегирифт. Шакли маъмултарини бахшидани гуноҳ дар бахшидани гуноҳи гунаҳкор аз ҷониби ҷабрдида  зоҳир мегашт, ки ин низ як навъи бахшиши гуноҳ ҳисобида мешуд.
Раванди пайдоиши падидаи авф ва бахшиши гуноҳ ба асрҳои I - II то милод (дар аҳди зардуштиён) мансуб дониста мешавад. Он замон дар китоби муқаддаси «Авасто» на танҳо намуди ҷиноятҳо, балки тарзи татбиқи ҷазо, номгӯи ҷиноятҳое, ки мавриди бахшидан ё авф қарор мегирифтанд, дарҷ гашта буд. Мафҳуми афв дар ҳама ҳолат бо як мақсад - бахшидани гуноҳ, авф намудан ифода гардида, дар шаклҳои гуногун амалӣ мешуд. Аз лиҳози таърихӣ ҳамаи амалҳое, ки дар заминаи мафҳуми афву бахшидан иҷро шудаанд, хайрхоҳона буда, мафҳуми «сафедкунӣ» низ яке аз шохаҳои он мебошад.
Аз даврони соҳибистиқлолии кишварамон то имрӯз 18 санади авф қабул шуда, нисбат ба зиёда аз 100 000 нафар татбиқ гаштааст, ки ин таҷассумгари инсондӯстона будани сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар байни намудҳои озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо санади ҳуқуқии авф яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Бинобар ҳамин, бо назардошти амалӣ намудани принсипҳои инсондӯстӣ, талаботи вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дохилии давлатӣ, инчунин, дар партави ҷашнгирии ҷашнвораҳои муҳим санади ҳуқуқии авф дар кишварамон мунтазам татбиқ мегардад. Ин нишонаи он аст, ки меъёрҳои бунёдии Конститутсия оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гиромӣ доштани арзишҳои он дар кишварамон батадриҷ амалӣ мегарданд.
Авф ин иқдоми башардӯстонаю ғамхоронаи Сарвари давлат буда, баҳри ислоҳи маҳкумшудагон, ҳидоят намудани онҳо ба ҳаёти осудаҳолона, пешгирии содиршавии ҷиноят равона мегардад. Моҳияти авф дар бахшиши гуноҳи шахсони гунаҳгор аз ҷониби давлат ифода меёбад.
Чуноне маълум аст, бо қабули санади авф теъдоди зиёди маҳкумшудагон ба озодӣ мебароянд ва танҳо иродаи қавию нангу номус онҳоро аз роҳи бад  бармегардонад, то онҳо масъулиятро бар дӯши худ гирифта, ба қадру қимати неъмати бузурги озодӣ расанд ва минбаъд ба содир намудани ҷиноят даст назананд.
Мутаассифона, пас аз татбиқи қонуни авф шумораи ҷинояткорон кам нагашта, ҳатто баъзе аз авфшудагон ба худ хулосаи лозимӣ набароварда, боз даст ба ҷиноят мезананд. Аммо, мо набояд авфро сабабгори зиёд гаштани ҷиноят маънидод кунем, балки омилҳои пастшавии ҷинояткориро роҳандозӣ намоем. Аз ин рӯ, бояд амалҳои хайрхоҳона ва сиёсати башардӯстонаи Пешвои муаззами миллатро арҷгузорӣ намоем, чунки маҳз амали авф метавонад нафарони зиёдеро, ки пушти панҷара нишастаанд, аз роҳи хато ба роҳи дуруст ҳидоят намояд.
Қобили зикр аст, ки новобаста аз хусусияти оммавӣ доштани санади авф назар ба дигар намудҳои озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо, то ҳол қонуни мукаммали алоҳида, ки тартиби қабул ва ба иҷро расондани  авфро дар бар гирад, дар қонунгузории амалкунанда ҷой надорад. Ғайр аз ин, то ҳол тафсири мафҳуми «авф», «авфмешудагон», меъёру аломатҳои он, категорияи ҷиноятҳое, ки мавриди татбиқи авф қарор мегиранд, номуайян аст. Ҳамаи ин қонунгузоронро водор месозад, ки бори дигар қонунгузории соҳаи авфро дида баромада, институти ҳуқуқии афвро такмил диҳанд.
Боиси хушнудист, ки 16 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 25 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» - ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд. Дар лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо озод намудани шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ё судҳо қарор доранд ё дар асоси ҳукми судҳо адои ҷазо карда истодаанд, пешбинӣ гардидааст. Мувофиқи маълумоти пешакӣ «Қонун дар бораи авф» ба зиёда аз бист ҳазор нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон, судшавандаҳо ва маҳкумшудагон татбиқ мегардад. Нисбат ба маҳкумшудагони зиёд муҳлати адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ кам карда мешавад. Қонуни мазкур, инчунин, нисбат ба зиёда аз ду ҳазор шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятии онҳо дар баррасии мақомоти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ё судҳо қарор доранд, татбиқ карда мешавад.
Ин бори дигар шаҳодати иқдому амалҳои шоистаи Сарвари давлат дар мавриди  авф кардан, бахшидани гуноҳ аст, ки яке аз бузургтарин оини  ҷавонмардист. Бахшанда будан дар рисолати ҷавонмардӣ на танҳо ба дӯстон, балки ба душманон низ раво дониста шудааст, ки дар ин маврид Шайх Аттор фармудааст:
Касе, к-ӯро ҷавонмардист дар тан,
Бибахшояд-ш бар дӯстону душман.
Санадҳои ҳуқуқии афв, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар қабул гаштаанд, ифодагари бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар кишварамон мебошад.

Б. САИДВАЛИЗОДА,
муовини якуми сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илми ҳуқуқ, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2019    №: 197    Мутолиа карданд: 752
03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед