logo

иҷтимоиёт

САХОВАТИ СОҲИБКОР

«Ҳар як соҳибкор  бояд дар ободӣ ва рушди маҳал саҳми арзанда дошта бошад. Бунёди боғ, таъмини оби нӯшокӣ ва нигоҳубини ятимону бепарасторон амали хайрест, ки ҳамеша мо бояд дар ин роҳ аз худ нишоне боқӣ гузорем, то барои ояндагон манфиатбахш бошад».
Эмомалӣ РАҲМОН

Зи боғе, ки пешиниён коштанд,
Пасояндагон мева бардоштанд.
Дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ба соҳибкорон дар бахши саҳм гузоштан дар ободӣ ва шукуфоии маҳали зист дар ноҳияи Ванҷ низ боиси рӯи кор омадани амалҳои шоиста гардид. Соҳибкорон имрӯз кӯшиш бар он доранд, ки ин иқдоми шоистаи Президенти кишварро дар роҳи ободӣ ва рушди диёр амалӣ намуда, аз худ нишоне боқӣ гузоранд.
Маҳмадшариф Ҷорубов, сокини деҳаи Гушхуни Ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев, яке аз чунин мардони шарифест, ки умри пурбаракати худро дар роҳи накуӣ кардан сарф намуда, имрӯз низ пайи ободонӣ заҳмат дорад.
Нақши ӯ дар рушди маориф ва иттифоқи касабаи кормандони соҳа ниҳоят баланд маънидод мегардад. Дар солҳои вазнини муноқишаҳои шаҳрвандӣ, ки бисёриҳо аз касби худ даст кашида, пайи кори дигар шуданд, ӯ ба пешаи шарафманди худ содиқ монда, даргоҳи маорифро тарк накард. Аз ҳамин даргоҳ ба нафақа баромада, дар маҳали зист пайи ободкорӣ шуд.
Нахуст мавзеи ноободеро обод намуд. Дар обраве, ки солҳо боз партовгоҳ буд, ниҳолҳои олу, зардолу, чормағз ва дигар анвои дарахтони борвар  шинонда, солҳо заҳмат кашид, то ниҳолҳо  дар санглох реша давонда, манзараи сӯхтаро чаманистон намуданд. Ҳоло дар ин обрав анбуҳи дарахтон қомат афрохта, ҳамасола ҳосили дилхоҳ медиҳанд. Аз ин ҳисоб ҳам ба хоҷагӣ даромад мешаваду ҳам раҳгузарон аз ин ҷо гузашта аз меваи ин мавзеъ даҳон ширин мекунанд.
Пас аз ин барои  бунёди боғ камари ҳиммат баст.
Дар замини ноободе 300 бех ниҳоли себ шинонд ва ба парвариши онҳо камари ҳиммат баст. Пас аз чор сол ниҳолҳо борвар гардида, самар оварданд. Маҳмадшариф маблағи дусолаи аз боғ бадастовардаашро ҷамъ намуда, бо сарфи 50 ҳазор сомонӣ барои мардуми маҳалла аз масофаи як километр хати оби нӯшокӣ гузаронд. Имрӯз 12 хоҷагӣ бо оби нӯшокӣ таъмин буда, барои чунин кори нек барояш дуои хайр доранд.
Дар боғ зиёда аз даҳ намуди себ, 8 намуди нок, бодом, зардолу ва шафтолуҳои гуногун парвариш меёбанд. Заҳмати кашидаи Маҳмадшариф  бенатиҷа нарафт. Меҳнати ҳалол ва нияти нек ҳамеша ҷомаи амал мепӯшанд. Акнун аз боғ фоидаи калон ба даст оварда, дар сояи заҳмати хеш осудаву беминнат умр ба сар мебарад.
Беҳуда нагуфтаанд:
Ҳар кӣ нон аз амали хеш хӯрад,
Миннат аз Ҳотами Тойе набарад.
«Ман ҳамеша  иқдомҳои пешгирифтаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро ҷонибдор ҳастам. Ҳама кори ӯ барои ободии Ватан ва шукуфоии миллат равона гардидааст. Ободии ҳар деҳа ободии Ватан ва дастархони пури мардум дастархони миллат аст, ки имрӯз насиби мо гардидааст. Мо бояд бо чунин Ватани зебо, бо чунин замини зархез ифтихор намоем. Бо чунин иқдомҳои неки Сарвари давлат ояндаи мо боз ҳам накутару зеботар хоҳад шуд», - мегӯяд амаки Маҳмадшариф.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
Пайшанбӣ ШОҲЗОДА, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.10.2019    №: 197    Мутолиа карданд: 277
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед