logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. ҚОНУНШИКАНИҲО АЗ МАЪРИФАТИ ПАСТИ ЭКОЛОГӢ ШАҲОДАТ МЕДИҲАНД

Роҳбарияти раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои барномаҳои давлатӣ, консепсия ва вазифаҳои бауҳдадоштаашон саъю талош менамоянд, то муҳити зистро тозаю озода нигоҳ доранд. Вале нишондодҳои оморӣ бозгӯанд, ки вазъи қонуншиканӣ  ҳанӯз нигаронкунанда аст. Соли равон 1419 ҳолати  қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд ва ин рақам шаҳодати он аст, ки теъдоди зиёди шаҳрвандон ба ҳифзи муҳити зист эътибор намедиҳанд ва ё худ оид ба  ин мавзӯъ чизеро донистан намехоҳанд.

Масъулони соҳа дар вилояти Хатлон бар он назаранд, ки зиёд ошкор шудани қонуншиканӣ танҳо натиҷаи босамари ҳайати кории раёсат маҳсуб намеёбад. Гап сари ин аст, ки вазифаи ниҳоди марбута танҳо ошкор намудани қонуншиканиҳо набуда, балки пешгирии он тавассути баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа низ мебошад. Сабаби зиёд будани шумораи қонуншиканиҳо дар 9 моҳи соли равон, шояд, аз мадди назар дур мондани баргузории вохӯриву мулоқот ва корҳои фаҳмондадиҳист? Дар акси ҳол беэътибории шаҳрвандон оид ба ҳифзи муҳити зисти хеш  дар чист?
Муовини роҳбари раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Ҳабибулло Қодиров  зимни суҳбат гуфт, ки бо мақсади вусъати корҳои ободониву созандагӣ  дар самти поку озода нигоҳдории муҳити зист, соҳили ҷӯю каналҳо, роҳраву дигар  мавзеъҳои фарҳангӣ, нашъунамои хуби дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва гулу буттаҳои атроф, корҳои зиёд ба анҷом расонда шуданд. Масъулони соҳа маъракаву ҳашарҳои умумӣ ташкил карда, 1926 вохӯриву мулоқот гузаронданд ва моҳияти сиёсати давлатии экологиро ба мардум  фаҳмонданд. То имрӯз аз ҷониби масъулони соҳа 762  санҷиш доир гардид, вале бояд  таъкид кард, ки ҳанӯз масъалаи маърифати экологии аҳолӣ ба талабот ҷавобгӯ нест. Ба гуфтаи мавсуф, сарфи назар аз чунин иқдомот, дар маҷмӯъ, 1419 нафар ба қонуншиканӣ даст задаанд.
- Солҳои пеш аз сабаби фаровон набудани маҳсулоти сӯзишворӣ буриши дарахтон хеле зиёд ба чашм мерасид. Имрӯзҳо ин гуна қонуншиканиҳо нисбатан кам гашта, то кунун 170 нафар аз рӯи ин нишондод 42000 сомонӣ ҷарима шудаанд. Аммо қонуншиканиҳои бемаврид шикор намудани моҳӣ ва ҳайвонот, ифлоссозии ҳавову манбаъҳои обӣ, аз ҷойҳои мамнӯъ истифода бурдани шағалу қум, эмин нигоҳ надоштани  замин аз ҳаргуна партову заҳрхимикатҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзоиш ёфтаанд. Мутаассифона, ҷаримабандӣ роҳи ҳалли мушкилот нест. Моро лозим меояд, ки баҳри боло бардоштани маърифати экологии мардум талош варзем. Илова бар ин, камбуди мутахассисони соҳаву норасоии таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ аз мушкилоти асосии раёсат арзёбӣ мешаванд. Алҳол бо мақсади таҳкими ҳифзи муҳити зист як қатор барномаҳои судманд мавриди амал қарор доранд, - гуфт Ҳабибулло Қодиров.
                                                   
Анвар ҲАФИЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2019    №: 198    Мутолиа карданд: 464
15.07.2020


ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 5332 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ХОРУҒ. ВУСЪАТИ БУНЁДКОРИҲО ДАР ПЕШОРӮИ ТАШРИФИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ХАДАМОТ. ШАХСОНИ МАСЪУЛ БЕШ АЗ 300 ҲАЗОР СОМОНӢ ҶАРИМА ШУДАНД

КУМИТАИ РУШДИ МАҲАЛ. 11 112 ИНШООТ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

МУҲИТИ ЗИСТ. 607 ҲОЛАТИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. ТЕЪДОДИ ҶИНОЯТҲОИ ВАЗНИН ВА МАХСУСАН ВАЗНИН КОҲИШ ЁФТ

НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ. ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ НИМСОЛА

ЛИГАИ БОНУВОН. «ЗЕБО» ВА «ХАТЛОН» ДАР САДРИ ҶАДВАЛ

14.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 80 ДАРСАД РАСИД

ХУҶАНД. КОРХОНАИ «СОМОН ГУРӮҲ» БА ФАЪОЛИЯТ МЕПАРДОЗАД

200 000 СОМОНӢ КУМАКИ БОБОИ МУҲИБ БА ТАБИБОНИ РАШТ

ЭНЕРГЕТИКА. НИЗОМИ МУОСИРИ НАЗОРАТ ВА ҲИСОБИ НЕРУИ БАРҚ

НИГАРОНӢ! 25 ҲОЛАТИ МАЙДААВБОШӢ ДАР ЯК РӮЗ

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ БА 3916 ШАҲРВАНД ЁРИИ ҲУҚУҚИИ РОЙГОН РАСОНД

ЗАМИНА БА ТУХМИПАРВАРИИ ИБТИДОӢ

ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ РАФЪ СОХТАНИ МУШКИЛИҲО

“ДАСТ БА ДАСТ”. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ БЕҲТАР ХОҲАД БУД

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО «МАНЧЕСТЕР СИТИ» ДАР ОН МЕМОНАД

РОССИЯ КАРАНТИНИ ҲАТМӢ БАРОИ ВОРИДШУДАҲОРО БЕКОР КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТОҶИКИСТОН. 5228 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР НОҲИЯИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ШАҲРИ КӮЛОБ

ЁРӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТИИ ВМКБ

ТОҶИКОБОД. ҶАМЪОВАРИИ КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ

ВМКБ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. "ИСТИҚЛОЛ" МАРҲИЛАИ АВВАЛРО ДАР САДРИ ҶАДВАЛ ХАТМ КАРД

РОССИЯ ДАР ҶАҲОН НАХУСТИН ШУДА ОЗМОИШИ ВАКСИНАИ COVID - 19-РО АНҶОМ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед