logo

иҷтимоиёт

ХАДАМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ. БАРДОШТ АЗ НУҲ МОҲЕ, КИ ГУЗАШТ

Дар кишвар тиҷорати маҳсулоти фармасевтӣ дар инҳисор қарор надорад ва рақобатпазирии маҳсулотро асосан сифат ва нарх муайян мекунад. Зарур донистем оид ба корҳои давоми нуҳ моҳи сипаришуда аз тарафи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иҷрошуда маълумот пешниҳод намоем.
Хадамот фаъолияти худро дар асоси қонунҳои амалкунанда ва нақшаи санҷишӣ барои соли равон аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсози Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ба роҳ мондааст.

Дар оғоз бояд каме доир ба сиёсати давлатии кишвар оид ба назорати соҳаи фармасевтӣ ва тиббӣ маълумот пешниҳод намоем, то ин ки фикру мулоҳизаҳои ироашаванда барои хонандагони рӯзнома фаҳмо гардад.
Банақшагирии воридот ва истеҳсоли маҳсулоти доруворӣ, инчунин, назорати соҳа, дар маҷмӯъ, дар қонунгузории мамлакат пешбинӣ шудааст. Дурнамои истеҳсолот ва воридоти маҳсулоти фармасевтиро бозори истеъмолӣ муайян мекунад. Назорати воридот ва муомилоти маҳсулоти фармасевтӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори соҳа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тавассути зерсохторҳои он назорат ва танзим мегардад. Ширкатҳои ба истеҳсолот ва таъмини бозори истеъмолӣ (воридот) бо маҳсулоти фармасевтӣ машғулбуда дар ҳимояи давлат ва қонунгузориянд. Мувофиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони соҳа имтиёзҳо дода шуда, барои дастгирии онҳо ҷиҳати рушди соҳа ба бисёр намуди санҷишҳо мораторий эълон гардид. Ҳамзамон, ба хотири рушди истеҳсолоти ватанӣ барои ворид кардани технологияи нав соҳибкорон аз боҷи гумрукӣ ва баъзе намуди андоз озод карда шудаанд.
Бо таҷдиди сохтор дар заминаи се хадамоти собиқ Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил ёфтааст, ки он назорати соҳаро ба зимма дорад ва дар муддати кӯтоҳ корҳои зиёд ва судмандро ба иҷро расондааст. Хадамот барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти соҳа нақшаҳои зиёдро рӯи даст гирифтааст.
Дар мамлакат сиёсати давлатӣ доир ба маводи доруворӣ амал мекунад, ки ҳамасола Феҳристи давлатии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ бо такмилу таҳрир бознашр мешавад. Ғайр аз ин, рӯйхати маводи дорувории ҳаётан муҳим (асосӣ) тасдиқ шудааст. Ҳамзамон, кумитаҳои фармакопӣ ва фармакологӣ ба баррасӣ, таҳия ва тасдиқи масъалаҳои марбути соҳа машғуланд.
Вобаста ба доруҳои ҳаётан муҳим ва камёфт Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои мушаххас андешидааст ва айни замон тамоми муассисаҳои табобатию профилактикӣ бо қуттии ёрии аввалия таъмин мебошанд. Дорухонаҳо ва муассисаҳои табобатӣ сарфи назар аз шакли моликият ва идоравиашон номгӯи дорувориҳои ҳаётан муҳимро дастрас ва захира мекунанд. Маводи доруворие, ки барои бемориҳои камвохӯранда тавсия ва истифода бурда, мувофиқи дархост ворид карда мешаванд, ки ин таҷриба дар тамоми дунё роиҷ аст. Азбаски Тоҷикистон узви Созмони ҷаҳонии савдо мебошад, талабот нисбат ба сифати дору новобаста аз истеҳсоли ватанӣ ва ё хориҷӣ ягона аст.

САРРАЁСАТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ФАРМАСЕВТӢ
Ба ҷумҳурӣ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ба маблағи 380 230 209 сомонӣ ворид гашт. Аз инҳо 98 367 687 сомонӣ (10 395 763 доллари ИМА) ёрии башардӯстона буда, 269 159 309 сомонӣ (28 399 234 доллари ИМА) барои харидуфурӯш  ва 12 703 213 сомонӣ (1 340 329 доллари ИМА) бо мақсади истифодабарии шахсианд.
Ҳамчунин, дар ин муддат доруи ватанӣ ба маблағи 43 668 390 сомонӣ (4 818 247 доллари ИМА) ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Бар замми ин, рухсатномаҳои якдафъагӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дода шудааст, ки маблағашон наздики 300 миллион сомониро ташкил медиҳад. 
Барои воридоти моддаҳои нашъаовар ва психотропӣ дар давраи ҳисоботӣ 10 шаҳодатнома дода шудааст. Ба хадамот ариза ва ҳуҷҷатҳои лозима барои аз қайди давлатӣ гузаштани дору, молҳои тиббӣ, иловагиҳои ғизоӣ ва маводи косметикӣ пешниҳод карда шуданд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо таҳти омӯзиш ва таҳлил қарор дода, ба 437 номгӯи онҳо шаҳодатномаи сабти давлатӣ супурда шуд, ки аз он 358 шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои маводи доруворӣ, 51 шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои молҳои тиббӣ, 28 шаҳодатномаи сабти давлатӣ барои иловаҳои фаъоли биологӣ, воситаҳои гомеопатиро ташкил медиҳад.

НАЗОРАТИ ДОРУ
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2523 муассисаи фармасевтӣ фаъолият менамояд. Аз инҳо дар шаҳри Душанбе - 502, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 332, минтақаи Бохтари вилояти Хатлон - 410, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон - 302, вилояти Суғд - 910 ва ВМКБ - 67 муассисаи фармасевтӣ рост меояд.        
 Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии хадамот ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда давоми нуҳ моҳ бо 540 қарор, супоришнома ва фармоиш фаъолияти 876 (332 - то дар якҷоягӣ  бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) муассисаи фармасевтиро зери санҷиш қарор дод. Ҳамчунин, бо 339 қарор, фармоиш ва супоришнома дар 401 муассисаи табобатию профилактикию фармасевтӣ ва дар асоси 234 қарор, супоришнома ва фармоиш 573 нуқтаи савдои маводи ороишию гигиениро зери назорат қарор доданд.
 Ҳангоми санҷишҳо аз муассисаҳои фармасевтии ҷумҳурӣ 1031 номгӯи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 110814 адад аз муомилот гирифта шуданд, ки аз инҳо 456 номгӯй доруи муҳлатгузашта, 523 номгӯй доруи бе сертификат ва 52 номгӯйи молҳои тиббии ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ набударо ташкил мекунад.
 Инчунин, мувофиқи мактубҳои КВД «ЭОМФТ» - и хадамот, бо сабаби ҷавобгӯ набудани ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ (ҲМТ) дар вақти воридот 14 номгӯ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба миқдори 126751 адад ва 2 номгӯ маводи доруворӣ ба миқдори 87920 адад тибқи санад аз муомилот гирифта шуданд. Аз муассисаҳои табобатию профилактикӣ бошад, 483 номгӯ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар асоси санад аз муомилот гирифта шуданд. Ғайр аз ин, ҳангоми санҷиш аз нуқтаҳои савдо ва анборҳои маводи ороишию гигиенӣ низ 398 номгӯ маводи ороишию гигиении муҳлатгузашта ва бе сертификати мутобиқат бозпас гирифта шуданд.
Дар маҷмӯъ, аз тарафи шуъбаҳои воҳидҳои сохтории хадамот 132 227 кило маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кӯдаконаи муҳлатгузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талабот ҷавобгӯ набуда бо роҳи сӯзондан несту нобуд гардиданд. Мутахассисони шуъбаҳои назоратии Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва шуъбаҳои дар вилоятҳо буда, ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 372 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ тартиб дода, ҳуқуқвайронкунандаҳо ба маблағи 996 630 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
Барои бартараф сохтани камбудиҳо аз ҷониби шуъбаҳои Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ 366 амрнома дода шуд, ки ба ҳамаи онҳо посух гирифта шудааст.
Бахшҳои аккредитатсияи муассисаҳои фармасевтии хадамот дар вилоятҳо давоми нуҳ моҳи соли равон аз тарафи шуъбаҳои дахлдори сарраёсат ва ширкатҳои ба фаъолияти фармасевтӣ машғулбуда, нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ ба миқдори 1634 баста ҳуҷҷатҳои лозимаро барои гирифтани шаҳодатномаи аккредитатсионӣ қабул намуда, мавриди баррасӣ қарор дода, корҳои аккредитатсия бо муваффақият гузаронда шуданд. Аз инҳо, 1232 бастаи ҳуҷҷат аз тарафи муассисаҳои фармасевтӣ, 364 ҳуҷҷат аз тарафи нуқтаҳои савдои маводи ороишию гигиенӣ, ки хусусияти табобатию пешгирӣ доранд, 23 намояндаи тиббӣ мебошанд ва 15 ҳуҷҷати дигар аз сабаби нопурра будани бастаи ҳуҷҷатҳо рад карда шуданд.
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ» ва корхонаҳои дар вилоятҳо будаи хадамот дар ин муддат 27737 маводи дорувориро аз санҷиш гузаронда, 22180 адад доруро аз ҳисоби воридот, 2066 адад аз муассисаҳои фармасевтӣ аз муомилот гирифтанд. Маҳсулоти аз ташхис гузашта, 971 намуна истеҳсоли ватанӣ буда (12 - тояш барои содирот), 1674 намуна аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 452 адад ёрии башардӯстонаро ташкил медиҳад.
Аз ин миқдор маводи зери ташхис қароргирифта, ба 27016 адад дору сертификати мутобиқат ва 1845 протоколи санҷиш дода шуд. Аз ин ҳисоб 452 намуна, ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набуданд, ки 182 намуна дар вақти воридот ва 270 намуна аз муомилот ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ташкил доданд.
Ғайр аз ин, 27639 маводи ороишӣ ва маҳсулоти табобатию профилактикӣ низ зери ташхис қарор гирифтанд, ки 25874 адади он аз воридот, 1622 адад аз муомилот ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 169 адад истеҳсоли дохилӣ гирифта шуданд. Аз ин миқдор маводи ороишии зери ташхис қарор гирифта, ба 26574  адад сертификати мутобиқат ва 621 протоколи санҷиш дода шуд. 615 намунаи онҳо бошад, ба меъёрҳои стандартӣ ҷавобгӯ набуданд, ки аз ин миқдор 572 аз муомилот аз нуқтаҳои фурӯш, 39 воридот, 4 намуна истеҳсоли ватанӣ пешниҳод шудааст.

САРРАЁСАТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ТИББӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ
Давоми нуҳ моҳи соли равон 927 муассисаи тандурустӣ мавриди санҷишҳои сарраёсати мазкур қарор гирифтанд. Аз ин санҷишҳо 450 нақшавӣ, 390 ғайринақшавӣ ва 87 такрориянд.
Камбудиву норасоиҳои ошкоршуда, ки ҳангоми гузарондани санҷишҳо ба қайд гирифта шуд, нисбати қонуншиканҳо чораҳои мушаххас андешида шуданд. Аз ҷумла, 359 корманди тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба маблағи 314 030 сомонӣ муҷозот шуданд ва барои номуносиб будан ба вазифаи ишғолнамуда 62 корманди роҳбарикунанда, ҳамчунин, барои андешидани чораҳои интизомӣ нисбати 226 корманд ва барои боздиди дараҷаи тахассусии 31 корманди соҳаи тиб ба унвонии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод гардиданд. Фаъолияти 112 муассиса то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан боздошта шуд.
Зимни санҷишҳо 153600 сомонӣ кумакпулии иҷтимоӣ ба ниёзмандон дастрас гардид. Аз ҷониби мутахассисони хадамот 22640 сомонии ба мактаббачагон пардохтнагардида ошкор карда шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби раёсати молияи ноҳияи Варзоб ба маблағи 94175 сомонӣ кам маблағгузорӣ намудани пардохти кумакпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пардохти кумакпулӣ ба 118 нафар бинобар пешниҳод намудани маълумоти бардурӯғ ошкор карда шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта вақт дода шуд.

ТАҲЛИЛИ ФАВТИ МОДАРУ КӮДАК
Дар миқёси ҷумҳурӣ давоми нуҳ моҳ 62 ҳодисаи фавти модар ба қайд гирифта шудааст. Аз 44 ҳодисаи фавт 22 ҳодиса бо ҷалби мутахассисони соҳаи акушерӣ ва гинекологӣ, беҳискунӣ ва наҷот мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор дода шуд. Дар 6 ҳодисаи фавти модар бинобар аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ парвандаи тафтишотӣ оғоз гардидан, аз тарафи мутахассисони хадамот санҷиш гузаронда нашудааст. Дар 7 ҳолати фавт ташреҳи ҷасад гузаронданд.

БАРРАСИИ ИШТИБОҲҲОИ ТИББӢ
Дар давраи ҳисоботӣ 10 ҳодисаи иштибоҳи тиббӣ ошкор ва мавриди таҳлил қарор дода шуданд. Вобаста ба ҳар як ҳодисаи иштибоҳи тиббӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал бо пешниҳодҳои мушаххас ирсол гардидааст.

ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ ХУСУСИИ ТИББӢ
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 697 муассисаи хусусии тиббӣ (340 шахси ҳуқуқӣ бо 60 филиал ва 297 шахси воқеӣ) фаъолият мекунанд. Тибқи ҷадвали воҳидҳои корӣ, дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 1596 табиб, 1500 корманди миёнаи тиб ва 860 корманди ёрирасон, ҷамъ 3956 нафар фаъолият менамояд.
Дар муассисаҳои хусусии тиббӣ 26 мутахассиси бурунмарзӣ ба фаъолияти гуногуни тиббӣ машғуланд. Аз ҷумла, 4 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, 8 нафар табиб ва 1 нафар фелдшер аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, 8 нафар аз Ҷумҳурии Ҳиндустон, 2 нафар аз ИМА ва 3 нафар аз Федератсияи Россия.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби довталабон барои машғул шудан ба фаъолияти тибби хусусӣ 91 дархост ба унвонии хадамот ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

САРРАЁСАТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГӢ
Омӯзиши вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ давоми нуҳ моҳи соли равон нишон медиҳад, ки бемориҳои вараҷа, сироятҳои ниҳоят хавфнок, ба монанди вабо ва тоун ба қайд гирифта нашудаанд.
Инчунин, бемориҳои домана 6 ҳодиса, исҳоли хунин 59 ҳодиса, зардпарвини вирусии намуди “В” 64 ҳодиса, зардпарвини вирусии “С” 25 ҳодиса, кабудсулфа 55 ҳодиса, сӯхтанӣ 22 ҳодиса, осеббинӣ аз газидани ҳайвонҳо 83 ҳодиса, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас 20 ҳодиса, зуком 239 ҳодиса, сил 39 ҳодиса, табби хунин 3 ҳодиса нисбат ба соли гузашта камтар ба қайд гирифта шудаанд.
Дар баробари ин ҷамъи бемориҳои шадиди рӯда 62 ҳодиса, илтиҳоби шуш 91 ҳодиса, сурхча 7 ҳодиса, буғумдард 3 ҳодиса, зардпарвини вирусии намуди “А” 603 ҳодиса, БШФК 10 ҳодиса зиёд ба қайд гирифта шудаанд. Бемории ҳорӣ дар як сатҳ (дар қиёс ба соли 2018 - 4; соли 2019 - 4) қарор дорад.
Баҳри амалӣ гардидани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи озмоишгоҳи МД “Озмоишгоҳи санитарию эпидемиологӣ” - и сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамот ва озмоишгоҳи марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ин давра ҷиҳати таҳлили нишондодҳои физикию кимиёӣ аз шабакаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 9898 намунаи оби нӯшоӣ озмоиш карда шудаанд, ки 1724 намунаи об ба талаботи ҚМС - қоидаю меъёрҳои санитарӣ ҷавобгӯ нестанд. Чунин озмоишҳо оид ба нишондоди бактериологӣ ва микробиологӣ аз шабакаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ гузаронда шудааст, ки 8999 намунаи оби нӯшоӣ озмоиш карда шудаанд, ки 1314 намунаи об ба талаботи қоидаю меъёрҳои санитарии 2.1.4.004 - 07 ҷавобгӯ нестанд. Натиҷаи ташхисҳои оби нӯшоӣ аз ҳолати ғайриқаноатбахши системаҳои мутамаркази таъминоти оби нӯшоӣ шабоҳат медиҳад. Яке аз омилҳои пастшавии сифати об кӯҳнаю фарсуда будани шабакаҳои об ва миқдори зиёди садама дар хати интиқоли об ва корношоямии таҷҳизоти обтозакунӣ, номунтазам безараргардонии об бо маводи хлор, инчунин, риоя накардани раванди безараргардонии оби нӯшоӣ мебошад. Новобаста аз ин, тибқи маълумоти оморӣ, дар ҷумҳурӣ бемориҳои тавассути об паҳншаванда, ба қайд гирифта нашудаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар иншооти зериназоратӣ оид ба риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ 23597 санҷиши санитарию эпидемиологӣ гузаронда шудааст. Аз ҷумла, 14245 санҷиши нақшавӣ, 8264 ғайринақшавӣ ва 1088 санҷиши такрорӣ мебошад. Барои риоя нагардидани талаботи санитарию эпидемиологӣ ба 10892 нафар протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз ин 7315 протокол дар иншооти хусусӣ (соли 2018 ба 9140 нафар)  тартиб дода шуда, ба маблағи 1529505 сомонӣ  ҷарима баста шудааст. Инчунин, фаъолияти 2086 иншоот бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздошт шуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 407 мавод ирсол гардидааст. Аз ҷумла, 124 ҳуҷҷат барои оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ пешниҳод гардидааст.
Баҳри иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 539 аз 31 октябри соли 2012 «Дар бораи тасдиқи Тартиб ва мунтазамии гузарондани муоинаҳои ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббӣ» дар миқёси ҷумҳурӣ 325739 нафар (соли 2018, 170975 нафар) аз муоинаҳои ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббӣ гузашта, ба буҷа 14910188 сомонӣ ворид гардидааст, ки ин шумора 95,1 дарсад нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Мутаассифона, оид ба маблағи муоинаҳои дар шаҳри Душанбе гузаронда омори дақиқ нест.
Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани тартиби барасмиятдарорӣ, бақайдгирӣ ва додани хулосаи санитарию эпидемиологӣ» давоми 9 моҳ 17611 хулосаи санитарию эпидемиологӣ додааст, аз ҷумла 14929 хулоса барои фаъолият, 2668 маҳсулоти воридотӣ, 14 маҳсулоти содиротӣ ва 697 барои сохтмон буда, аз инҳо 2776173 сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид гардид.
Дар рафти санҷишҳо аз дукону мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, бозорҳо ва нуқтаҳои савдои шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби мутахассисон тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ” маҳсулоти хӯрокаи ба талабот ҷавобгӯ набуда, муҳлатгузашта ва шубҳанокро ба миқдори 664955 кило (ба маблағи 7866777 сомонӣ) аз муомилот гирифтанд. Дар муқоиса ба соли сипаришуда ин нишондод қариб як баробар зиёд аст.
Ҳамчунин, давоми нуҳ моҳ маҳсулоти хӯроквории пастсифат, муҳлатгузашта ва аз ҷиҳати нишондоди органолептикӣ шубҳанок 664955 кило (соли 2018 - 382327) ба маблағи 7866777 сомонӣ (соли 2018 - 2741415) аз муомилот боздоштанд. Аз он ҷумла, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ беш аз 500 тонна ба маблағи 6682135 сомонӣ, шир ва маҳсулоти ширӣ 3208 кило, маҳсулоти қаннодӣ 24347 кило, намак 6868 кило, маҳсулоти полизӣ 69269 кило, хӯришҳои консервагӣ 11457 кило, нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ 13730 кило, орд ва маҳсулоти ордӣ 1343  кило, равған 26146 кило, тухми мурғ 67587 кило ва донагӣ 7957 килоро ташкил медиҳад.
Дар ин муддат мутахассисони соҳа 18460 бозичаи пастсифату ба талабот ҷавобгӯнабударо ба маблағи 11699 сомонӣ аз муомилот гирифтанд.
Барои риоя нагардидани талаботи санитарию эпидемиологӣ, иҷро накардани дастур ва пешниҳодҳои санитарӣ дар иншооти хӯроки умумӣ ва савдо нисбати 5126 масъул парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, масъулон 680084 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шуданд. Фаъолияти 1321 муассисаи хӯроки умумӣ ва савдоро муваққатан боздошта, 319 мавод ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол гардид.
Барои риоя накардани қоидаҳои зиддиэпидемикӣ ба 97 масъули муассисаҳои стоматологӣ, 127 масъули сартарошхона ва 173 масъули кошонаи ҳусн протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, нисбати онҳо ба маблағи 111295 сомонӣ ҷарима таъйин шуд. Инчунин, фаъолияти 123 муассисаи стоматологӣ, 81 сартарошхона ва 157 кошонаи ҳуснро бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи санитарию гигиенӣ муваққатан аз фаъолият боздоштанд.

АККРЕДИТАТСИЯИ МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ
Маркази аккредитатсияи тиббии муассисаҳои тандурустӣ давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар асоси нақшаи кории худ як қатор корҳоро ба анҷом расонд. Аз ҷумла, дар 12 муассисаи тиббии сатҳи ҷумҳуриявӣ корҳои омодагии пешазаккредитатсионӣ оғоз гардида, расмиёти аккредитатсионӣ дар 20 муассисаи тандурустии шакли моликият ва тобеияти идоравии гуногун гузаронда шуд.
Ғайр аз ин, мониторинги пасазаккредитатсионии 10 муассисаи давлатӣ  ва 14 ҳуҷҷати муассисаҳои соли гузашта аз аккредитатсияи тиббӣ гузашта, барои баррасӣ ба Шӯрои аккредитатсионии назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. Ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи фаъолият дар самти аккредитатсияи муассисаҳои стоматологӣ (марказҳои стоматологӣ) таҳия карда шуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани дониш ва малакаи кории кормандони марказ ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷии мустақар дар кишвар идома дода шуд. 

МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН
Дар давраи ҳисоботӣ ба Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1331 муроҷиат аз шахсони ҳуқуқӣ ва 267 адад аз шахсони воқеӣ, дар маҷмӯъ 1598 муроҷиат ворид гардид..
Аз 1331 муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ 703 нафар барои гирифтани рухсатномаи якдафъагӣ барои воридоти маводи доруворӣ, 94 адад барои  гирифтани хулосаи санитарию эпидемиологӣ, 534 адад барои гирифтани сертификат оид ба истифодаи бино мебошанд. Ҳамчунин, 1587 муроҷиат пурра баррасӣ гардида, боқимонда 11 адад бо  сабаби  нарасидани ҳуҷҷатҳои даркорӣ бозпас гардонда шуданд.
Дар  267 муроҷиати шахси воқеӣ (230 хаттӣ ва 37 адад тавассути телефони боварӣ) бошад, асосан масъалаҳои вобаста ба ташхис ва табобати нодуруст, вайрон кардани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарони муассисаҳои табобатию пешгирӣ, муносибати дағалонаи кормандони соҳаи тандурустӣ, кумак барои табобат ва дастгирии иҷтимоӣ, оид ба бозпас гардондани маблағ барои табобат аз ҷониби муассисаҳои табобатӣ, равон намудани маводи доруворӣ ба берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ва ташхиси маводи доруворӣ аст.
Аз 267 муроҷиати шахси воқеӣ низ 249 муроҷиат пурра баррасӣ гардида, шумораи боқимондаи муроҷиатҳо мавриди баррасӣ қарор доранд.
Вохӯриву фаҳмондадиҳӣ хуб ҷараён дорад
Аз ҷониби мутахассисони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои алоҳида ҷиҳати пешниҳоди моҳият, сабаб ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бештар намудани масъулият ва ҷавобгарӣ барои сироят бо ВНМО, гепатитҳои В, С ва муомилоти ғайриқонунии маводи доруворӣ, дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Хатлону Суғд бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони соҳаи тандурустӣ вохӯриҳо гузаронда шуданд.

ХУЛОСА
Саломатии миллат арзиши волои иҷтимоӣ ва захираи муҳимтарини иқтисодӣ маҳсуб меёбад, ки он ҳамчун омили такондиҳандаи рушди иҷтимоӣ - иқтисодӣ ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии одамон ва беҳбудии вазъи иқтисодии мамлакатҳо нигаронда шудааст. Амнияти саломатии миллат ба ҳадди муайян сатҳи амнияти миллиро дар умум муқаррар менамояд.
Аҳамияти асосии татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва таъминот бо маводи доруворӣ ба низоми тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатӣ ва назорати сифати маводи доруворӣ марбут буда, ҳадафи он пешгирии қонуншиканиҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ба бозори истеъмолӣ роҳёбии маҳсулоти қалбакӣ ва ғайристандартӣ маҳсуб меёбад. Ҳадафи стратегии ҳукумати мамлакат дар давраи нав таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти сифатнок, ҳифзи солимӣ ва рушди иҷтимоӣ ба шумор рафта, саломатии аҳолии Тоҷикистон ҳамчун асоси ҳимояи миллат ва омили асосии амнияти миллии мамлакат дониста шудааст. Яке аз ниҳодҳои басо муҳими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар - ин Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад, ки дар ин самт фаъолияти назаррас дорад. Барои боз ҳам самаровар шудани назорат дар соҳа ва пешгирию коҳиш додани қонуншиканиҳо ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат бояд фаъол бошад ва дар ин самт ба мақомоти зиддахл ҳамкорӣ намояд.

Султон БЕКМУРОДЗОДА, сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2019    №: 198    Мутолиа карданд: 937

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед