logo

иқтисод

СУҒД. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ БА АНДОЗАИ 8,9 МИЛЛИАРД СОМОНӢ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, бобати ба кор андохтани корхонаю коргоҳҳои нав, истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатпазиру ивазкунандаи воридот, густариши  иқтидори  содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини ҳадафҳои стратегии мамлакат тадбирҳои судманд роҳандозӣ менамояд.

Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, натиҷаи ҳамин тадбирандешиҳо буд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нуҳ моҳи соли равон ба 8,9 миллиард сомонӣ расид.
Ҷиҳати истиқболи шоистаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду навсозии беш аз 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 9 ҳазор ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора то 1 октябри соли равон 82 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 1240 ҷойи корӣ ба фаъолият шурӯъ кард.
Дар ин давра истеҳсоли семент ба  1 миллион тонна расонда, дар конҳои вилоят 1,3 миллион тонна ангишт истихроҷ гардид. Корхонаҳои консервбарории вилоят 16 миллион қуттии шартӣ консерв истеҳсол карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаригашта 2 миллион қуттӣ зиёд аст. Ҳаҷми истеҳсоли орд низ афзуда, ба 194 ҳазор тонна расид.
Иқдоми таъсис додани корхонаю коргоҳҳои  нави дӯзандагӣ аз ҷониби роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳои вилоят пайваста дастгирӣ меёбад. Соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Панҷакент, Айнӣ, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Деваштич, Ҷаббор Расулов ва Шаҳристон 13 коргоҳи дӯзандагӣ бо 124 ҷойи корӣ таъсис ёфт, ки ҳоло мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. Дар корхонаю коргоҳҳои вилоят 437 ҳазору 852 либоси мактабӣ дӯхта шуд, ки 123,5 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият» 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.10.2019    №: 198    Мутолиа карданд: 1729
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед