logo

номаҳо

ҲИФЗИ ЗАБОН ЯК РУКНИ ИМОН

Забон ҷавҳари ваҳдатофаринӣ дорад, он ба ҳар миллат истиқлол, нангу номус ва ифтихору шараф мебахшад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи ба  сари қудрат омадан ҳамчун як сиёсатмадори воқиф аз таърих забонро “ёдгории маънавӣ” ва “рамзи ҳамбастагиву иттиҳоди миллат” дониста, дар бораи ҳифзи покизагиву асолати он пайваста таваҷҷуҳу ғамхорӣ зоҳир менамуданд.
Маҳз  муҳаббату  ғамхории Президенти кишвар буд, ки дар як муддати начандон тӯлонӣ забони тоҷикӣ аз муҳити хонавода ба сатҳи ҷаласаву маҳфилҳои ватанӣ ва анҷуману ҳамоишҳои байналмилалӣ баромад. Номи даҳҳо шаҳру навоҳӣ ва деҳоти мамлакат тоҷикӣ номгузорӣ гардид, шаҳрвандон ному насабашонро миллӣ карданд, ҳуҷҷатгузориҳо дар тамоми мақомоту идораҳои давлативу ғайридавлатӣ тоҷикӣ шуд, забоншиносон садҳо вожаҳои камистеъмолу гумшудаи тоҷикиро эҳё карда, имконияту зарфиятҳои забонамонро вусъат бахшиданд, ки аз ибтикори Сарвари давлат сарчашма мегирад.
Ҳамчунин, ба хотири ҳимоя ва рушди фарогири забон соли 2009 бо пешниҳоди Президенти кишвар лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод ва қабул гардид ва барои татбиқи давра ба давраи сиёсати давлатӣ дар бораи забон ва қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумат сохтори нав - Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис дода шуд.
Дар яке аз суханрониҳояшон Президенти кишвар дар баробари ҳурмати модару Ватан эҳтироми забонро “ифтихори давлатдории миллӣ” арзёбӣ намуда, азизу гиромӣ доштани онро “як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибдил ва бонангу номус” донистанд, ки, воқеан, барҳақанд. 
 
Сафиямо ЁРАЛИЕВА, омӯзгори МТМУ № 43, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.10.2019    №: 199    Мутолиа карданд: 604

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед