logo

фарҳанг

НОҲИЯИ АЙНӢ. ЗИНДАГӢ РАНГИ ТОЗА МЕГИРАД

Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, агар аз як тараф ба раванди тадриҷан беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар, махсусан ҳунармандон таъсир расонда бошад, аз тарафи дигар дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ, инчунин, эҳсоси эҳтиром ба ҳунарҳои аҷдодон нақши муассир мегузорад. Зеро ҳунар метавонад муаррифгари миллату давлат бошад.

Тавре ки Сафаралӣ Самандаров, мутахассиси пешбари мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқии  ноҳияи Айнӣ мегӯяд, дар ноҳия ҳунарҳои мардумӣ рӯз ба рӯз инкишоф ёфта истодаанд.  Аз ҷумла, ҳунарҳои атласу адрасбофиву дӯзандагӣ дар байни занони хонашин рушд доранд. Дар миёни мардон бошад, бештар ҳунарҳои дуредгарӣ, кандакорӣ ва оҳангарию гаҷкорӣ маъруфанд.
Гуфтан бамаврид аст, ки тӯли солҳои ахир ноҳияи Айнӣ симои тоза касб намуда, бо сохтмонҳои нав, аз қабили иншооти соҳаҳои маориф, иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш, азнавсозии роҳу маҳаллаҳо ва бунёди инфрасохтори зарурӣ барои сайёҳон корҳои зиёдеро ба анҷом расондаанд. Мардуми ҳунарманди ноҳия аз ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо камоли майл истиқбол намуда, дар эҳё ва рушду таҳкими  онҳо камари ҳиммат бастанд. Бо ин мақсад, дар ноҳия  дар якҷоягӣ бо ҷамоатҳо ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор оид ба рушди ҳунарҳои мардумӣ як қатор озмунҳо гузаронда шуданд. Аз ҷумла, фестивали атласу адрасбофӣ, озмунҳои “Ҳунар беҳтар аз зар бувад”, “Оҳангарӣ, мисгарӣ, гаҷкорӣ” ва “Ҷилваи чакан” хеле хотирмон гузаштанд. Ҳадаф аз ин озмунҳо, муаррифӣ намудани ҳунарҳои халқӣ дар байни мардум мебошад.
- Сокинони ноҳия дорои ҳунарҳои ба худ хос буда, бо мақсади рушд ва эҳёи онҳо мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқиро роҳандозӣ намуданд. Мактаби мазкур аз 25 майи соли 2015 кори худро оғоз намуд ва айни ҳол дар ноҳия 9 маркази таълимии адрасбофӣ фаъолият менамояд, ки дар он 20 дастгоҳи атласу адрасбофӣ васл карда шудааст. Беш аз 20  ҳунарманд ва зиёда аз 35 касбомӯз кор карда истодаанд. Шумораи дастгоҳҳои қолинбофӣ 36 ададро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, 13 дастгоҳи колинбофии калон ва 23 дастгоҳи хурд мавҷуд аст. Дар он 22 ҷавондухтар бо кори доимӣ таъмин аст. Аз тарафи ҳунармандон то имрӯз 33 қолини хурду калон тайёр ва ба фурӯш бароварда шудааст, - афзуд Сафаралӣ  Самандаров. 
Мавриди зикр аст, ки ҳунари адрасбофӣ яке аз ҳунарҳои маъмулу қадимаи тоҷикон маҳсуб ёфта, имрӯз дар бештари минтақаҳои кишвар рушд намудааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Айнӣ низ ба ин намуди ҳунар диққати махсус зоҳир мегардад ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ марказҳои таълимӣ-истеҳсолии адрасбофӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ташкил гардида, барои омӯзиши нозукиҳои ин ҳунар мутахассисон аз шаҳрҳои вилояти Суғд даъват шудаанд. Айни замон занон ба ин намуди ҳунар таваҷҷуҳи зиёд доранд.
“Мақсад аз эҳёи ҳунарҳои миллӣ, ташкили марказҳои таълимӣ ва омӯзондани занон бо меҳнат машғул будани онҳо беҳтар сохтани вазъи зиндагии бонувон мебошад”, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Воқеан ҳам, эҳё ва таҳкими ҳунармандӣ паҳлуҳои мусбати дигар низ дорад. Бахусус, маҳсули дасти аҳли ҳунар метавонад аз омилҳои калидии афзоиши таваҷҷуҳи сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ ба кишвар бошад. Инчунин, дар ин самт ҷалби ҳарчи бештари духтарон ва занон ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ, бешубҳа, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард. 

Зикруллоҳ РАҶАБ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2019    №: 200    Мутолиа карданд: 709
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед