logo

иқтисод

«ТАЛКО КЕМИКАЛ». АВЛАВИЯТ БА ИСТЕҲСОЛИ ВАТАНӢ

ҶДММ  «ТАЛКО Кемикал» - и ноҳияи Ёвон дар ҳашт моҳи соли равон 2216,5 тонна фториди алюминий, 374,2 тонна криолит, 339,6 тонна кислотаи сулфат ва 744,6 тонна коагулянтро ба маблағи беш аз 34 миллион сомонӣ фурӯхтааст.

Дар ин бора чанде қабл зимни боздиди намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ аз ҶДММ «ТАЛКО Кемикал» иттилоъ доданд. Зикр гардид, ки дар ин давра 1534,7 тонна фториди алюминий ба Федератсияи Россия содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1045 тонна зиёд аст. Инчунин, 374,2 тонна криолит ва 681,8 тонна фториди алюминий ба корхонаи алюминбарории тоҷик, 744,6 тонна коагулянт ба КВД «Обу корез» - и шаҳри Душанбе ва 339,6 тонна кислотаи сулфат ба дигар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба фурӯш рафт.
Эраҷ Раҳмонов, директори генералии ҶДММ «ТАЛКО Кемикал», гуфт, ки соли гузашта дар корхона 3 ҳазору 362 тонна фториди алюминий, 465  тонна криолит, 11 ҳазору 625 тонна кислотаи сулфат истеҳсол шуда буд. Ин маҳсулот барои эҳтиёҷоти «Ширкати алюминийи тоҷик» истифода шуда, соли гузашта ширкати «Русал» - и Федератсияи Россия бо 1534 тонна маҳсулот таъмин гардид. Ба Ҷумҳурии Озарбойҷон 60 тонна криолит ва ба Ҷумҳурии Қазоқистон 19 тонна фториди алюминий фурӯхтанд.
- Ҳаҷми солонаи маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхона аз рӯи лоиҳа 18 ҳазор тонна фториди алюминий, 12 ҳазор тонна криолит ва то 130 ҳазор тонна кислотаи сулфат мебошад, - иброз дошт Эраҷ Раҳмонов. Дар корхона 546 мутахассиси ватанӣ бо ҷойи кор таъмин буда, музди моҳонаи онҳо беш аз 2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Алҳол пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии металлургии КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» тавассути таъсиси парки технологӣ ва қитъаҳои таҷрибавию истеҳсолӣ дар пойгоҳи саноатии корхона дар шаҳри Турсунзода ва иншооти истеҳсолии ширкати «ТАЛКО Кемикал» дар ноҳияи Ёвон озмоишҳои таҷрибавию саноатӣ ва технологияи инноватсиониро муваффақона амалӣ ва ҷорӣ менамояд. Аз рӯи технологияи мукаммали пешниҳоднамудаи пажӯҳишгоҳ дар ҳудуди «ТАЛКО Кемикал» истеҳсоли саноатӣ ба роҳ монда шуда, қитъаи истеҳсоли коагулянти ватанӣ оид ба тозакунии об бомуваффақият амал менамояд. Маҳсулоти истеҳсолшуда аз рӯи хосиятҳои худ ва хусусиятҳои коагулянтӣ аз коагулянти воридотӣ монданӣ надорад.
Тавре Ҳайдар Сафиев, директори пажӯҳишгоҳ, иброз дошт, то имрӯз барои безарар гардондани оби нӯшоӣ тақрибан 1,5 ҳазор тонна коагулянт истеҳсол ва беш аз 1200 тоннаи он ба КВД «Обу корез» - и шаҳри Душанбе фурӯхта шудааст. Ҳамчунин, истеҳсоли кислотаи сулфат ба роҳ монда шуд.
- Коагулянт обсофкунак аст, ки ба воситаи он оби лойро таҳшин намуда, тоза мекунад. Он бори аввал аз моҳи марти соли 2017 дар кишварамон истеҳсол шуд. То имрӯз Тоҷикистон ин маҳсулотро аз кишварҳои хориҷӣ бо нархи гарон дастрас мекард, - гуфт  Ҳайдар Сафиев.
Баъди ба роҳ мондани истеҳсоли коагулянт кишвари мо на танҳо эҳтиёҷоти худро пурра қонеъ месозад, балки онро ба хориҷа содир менамояд. Дар Осиёи Марказӣ танҳо дар Тоҷикистон коагулянт истеҳсол карда мешавад.
Гуфта шуд, ки пажӯҳишгоҳ таҳия ва татбиқи амалии технологияи ҳосил намудани консентрати флюорити баландсифатро амалӣ намуд, ки ба истеҳсоли саноатии силсилавии технологии истеҳсоли криолит ва алюминийи фтордор дар корхонаҳои «ТАЛКО Кемикал» мусоидат намуд. Консентрати флюорити истеҳсолшуда ба талаботи меъёрӣ пурра мутобиқат менамояд. То ҳол беш аз 14 ҳазор тонна консентрати флюорити сара истеҳсол гардидааст.
Дар доираи боздиди рӯзноманигорон бо иштироки роҳбарияти корхона, намояндагони сафорати Россия дар Тоҷикистон ва ширкати «Русал» ҳамоиш доир гардид, ки дар он оид ба фаъолияти КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» дар нуҳ моҳи соли равон маълумот дода шуд.

Кароматулло АТО,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.10.2019    №: 200    Мутолиа карданд: 1712
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед