menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

сиёсат

Алиасғари Шеърдӯст: Эрон дӯсти Беғарази Тоҷикистон аст

-Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ барои Эрон аз ҷойгоҳ ва авлавияти вижае бархурдор аст, ҳамчунон ки Эрон дар радифи дӯстони бисёр наздики кишвари зебои шумост ва ба гуфтаи ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шарикони стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад. Мо рушди муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба ва сеҷонибаро бо кишварҳои форсизабон- Тоҷикистон ва Афғонистон аз авлавияти ҷиддӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон медонем ва бисёре аз муносиботи минтақавиро бар ин асос поярезӣ кардаем,- гуфт Алиасғари Шеърдӯст, сафири фавқулода ва мухтори Эрон дар Тоҷикистон зимни як нишасти матбуотӣ.
Сафир аз рушди муносибатҳои Тоҷикистону Эрон, ки мӯҳтавои табиии стратегӣ доранд, изҳори қаноатмандӣ намуда, Ҷумҳурии Исломии Эронро дӯсти беғарази Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод кард.
Зикр гардид, ки заминларзаи ноҳияи Ванҷи Кӯҳистони Бадахшон ҷониби Эронро бетараф нагузошт. Бо дастури роҳбарияти кишвари Эрон ба Тоҷикистон беш аз 32 тонна маводи ғизоӣ ва дигар лавозими зиндагӣ ба маблағи 120 ҳазор доллар интиқол ёфт, ки ҳадди ниҳоӣ нест. Ёриҳои беғаразонаи Эрон ҷиҳати рафъи оқибатҳои заминларза ба бародарону хоҳарони ҳамзабон, ҳамойин, ҳамфарҳанг ва ҳамдили тоҷик минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Алиасғари Шеърдӯст гуфт, ки баргузории Наврӯзи имсола вижагии хос пайдо хоҳад кард. Ва он ин аст, ки Наврӯз чун ҷузви мероси муштараки тамаддуни башарӣ дар Созмони илмӣ, фарҳангӣ ва тарбиятии Милали Муттаҳид- ЮНЕСКО ба расмият  даромадааст. Маҳз ба хотири ҷаҳонӣ гаштани он дар Наврӯзи имсола, ки дар шаҳри Шерози Эрон баргузор хоҳад гардид, намояндагони беш аз 20 кишвари ҷаҳон, ки Наврӯз дар онҳо гиромӣ дошта мешавад, даъват шудаанд. Дар ин ойини мардумии шукӯҳманд тибқи паймоне, ки байни Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлати Тоҷикистон, ҳосил шуд, ҳайати баландмартабаи Тоҷикистон низ ширкат хоҳад варзид.
Изҳори умедворӣ шуд, ки дарахти дӯстии  решадори байни Эрону Тоҷикистон беш аз пеш самароти ширину гуворо бидиҳад ва мардумони ду кишвар дар сояи ин дарахти тановар дар осоиш ва шодмонӣ зиндагӣ бикунанд.

Додоҷон Рӯзиев,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)

07.09.2010


Наврӯз ҷашни байналмилалии кишварҳои узви САҲА эълон шуд

Душанбе: 15 иншоот мавриди истифода қарор гирифт

Барномаи ҷаҳонии озуқа: лоиҳаи нав роҳандозӣ гардид

Таҷрибаи эстониҳоро омӯхтанд

7 корхонаи хишт ба кор даромад

«Шашболоӣ» 200 оиларо бо барқ таъмин мекунад

Тафсилоти таркиш дар Хуҷанд

Медведев дар Қазоқистон. Кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Президенти Афғонистон шӯрои гуфтугузор бо толибонро созмон дод

Молдова: раъйпурсии ноком

Гурӯҳи баскҳо - ЭТА оштӣ эълон кард

Тағйири шеваи ҷангии Амрико дар Афғонистон

Чилӣ: кӯҳканҳо як моҳ боз дар зери заминанд

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Таркиш дар Хуҷанд: 25 нафар захм бардошт

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед