logo

номаҳо

ҲОҶӢ НЕЪМАТ. РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Дар зиндагӣ нафарони  некусиришт, заҳматкашу хайрхоҳ ҳамеша тафаккури моро ғанӣ, ақламонро солим, роҳамонро равшан мекунанд. Чунин ашхос бо хидматҳои содиқу арзанда, заҳматқаринӣ, дурандешию меҳнати ҳалоли пайваста дар ҷомеа  маъруфу соҳибэҳтиром  гаштаанд.
Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов, раиси хоҷагии деҳқонии «Ватан» - и шаҳри Турсунзода, аз зумраи чунин мардони сарбаланду пухтакор аст, ки бо донишу малака, фаъолият ва меҳнатдӯстиаш дар саросари кишвар ва берун аз он соҳиби обрӯю эътибори баланд гаштааст. Бешубҳа, суханони пурҳикмати ӯ, умри бобаракату корҳои неки анҷомдодааш, тарбияи фарзандони солеҳ, ҳаёти пурфайзаш - ҳама худ панду андарз, намунаи ибрату нишонаи хидмат ва садоқат ба халқу Ватананд.
Алҳол таҷрибаи боғу токпарварии ин деҳқони асил қариб дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат истифода мегардад. Меваҳои гуногуннавъу шаҳдбори ангурбоғи ӯ дастархони мардумро зеб мебахшанд.
Ҳоҷӣ Неъмат дар баробари боғдориву токпарварӣ дар корҳои ҷамъиятии шаҳр низ фаъол аст, аз ҳисоби даромади хоҷагӣ дар ободонии диёри худ ҳиссаи арзанда мегузорад. Мақоли халқ аст, ки агар шахсе як ҷойро обёрӣ кунад, инсони ҷаннатӣ маҳсуб меёбад. Ин деҳқони асил  соли 2015 дар деҳаи худ 60 гектар заминро обёрӣ карда, боғи нав бунёд кард. Аз худ кардану обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида боиси он шуд, ки майдони кишт зиёд гардад, хоҷагиҳои нав таъсис ёбад ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзояд. Садҳо нафар сокини маҳал соҳиби рӯзгори обод ва ҷойи кор гардад.
Дар деҳаи Сомониён 5 километр роҳи маҳаллиро  пурра асфалтпӯш кард. Ният дорад, ки боз 1 километр роҳро таъмир намояд.
Ёрии ӯ ба қисмҳои ҳарбии шаҳри Турсунзода низ пайваста мерасад. Дар қисми ҳарбӣ дар масофаи 1 километр қубур насб намуда, оби ошомиданӣ овард. Барои аскарон 1 мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа намуд. Ҳар сол ба қисмҳои ҳарбии  шаҳр  аз  меваҳои  шаҳдбори хоҷагӣ 1,5 - 2 тонна ангур тақсим мекунад. Ҳамчунин, дар рӯзҳои ид парваришгоҳҳои ятимон, беморони рӯҳӣ ва пиронсолони шаҳри Турсунзодаро бо ангури хушсифат таъмин месозад.
Ӯ ба ниҳолпарварӣ низ машғул аст. Дар ниҳолхонаи ӯ зиёда аз 100 намуди гулу бутта ва ниҳоли дарахтони гуногун парвариш карда мешаванд. Қисмҳои ҳарбии шаҳр аз хоҷагии мазкур ниҳоли арчаро ройгон  мегиранд.
Ҳоҷӣ Неъмат моҳи августи соли равон ташкилоти ҷамъиятии «Эҳсони Сомониён»  - ро ташкил кард. Ҳадаф аз таъсиси ин ташкилот кумак ба  одамоне  мебошад, ки яккаю танҳоанд, фарзанд ва хешу табор надоранд, синну солашон ба ҷое расидаву бесаробонанд. Ҳоло 42 нафар  ба ин гурӯҳ номнавис шудааст. Бо ташаббуси ҷамъияти мазкур як ошхона сохта шуд, ки ғайр аз рӯзи якшанбе, пиронсолонро нисфирӯзӣ бо 2 навъ хӯроки серғизо ройгон таъмин мекунад. Оянда боз ният дорад, ки маъюбонро бо аробаи маъюбӣ аз рӯи имкон таъмин карда, ба беморони вазнин дасти мадад расонад, барои шифоёбии онҳо саҳми худро гузорад. 
Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов аз касбу пеша, зиндагии хубу осоишта, диёри ободу гул - гулшукуфон шукронаю ифтихори баланд дорад. Аз солҳои аввали ба ин кори пуршараф ва заҳматталаб - токпарварӣ оғоз намуданаш, ки касби меросӣ аз бобояш меномад, ёдоварӣ намуда, чунин мегӯяд:
- Аввало шукрона аз он мекунам, ки давлати обод, орому осуда ва Сарвари хирадманду ғамхор дорем. Ҳоло ҳамаи шароит муҳайёст, Ҳукумати мамлакат моро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Моро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу Ватани худ содиқона хизмат кунем, дар сарсабзии диёр саҳм гузорем. Иқлим ва шароити Тоҷикистон барои истеҳсоли меваҳои шаҳдбори баландсифат мувофиқ аст, танҳо меҳнат кардан лозим. Ҷавононро ҳам бояд дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, ватандӯстӣ, ташаббускорӣ ва хайрхоҳӣ тарбия намоем.
Бале, заҳмат кашидан, обод намудан ва некӣ кардан маънии рӯзгори ӯст.                                                  
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.10.2019    №: 202    Мутолиа карданд: 306

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед