| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
иҷтимоиёт
Ҳама роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта мувофиқи нақша таҷдиду таъмир мегарданд
Ҳама намуди нақлиёт соли гузашта 19 миллиону 587 ҳазор тонна бор ва 155 миллиону 344 нафар мусофир кашонданд. Танҳо тавассути роҳи оҳан 14,5 миллион тонна бор интиқол дода шуд. Ҳаҷми бору мусофиркашонӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва ҳавопаймоӣ низ афзудааст, хабар дод вазири нақлиёт ва коммуникатсия Олимҷон Бобоев дар нишасти матбуотӣ ба намояндагони ВАО.
Муассисаҳои хизматрасонии соҳаи алоқа ва иттилоотонӣ тибқи маълумоти пешакӣ 1 миллиарду 97 миллиону 700 ҳазор сомонӣ даромад ба даст оварданд. Алоқаи барқӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳар 100 нафар аҳолӣ 4,6 муштарӣ ва алоқаи мобилӣ 57,2 муштариро фаро гирифтанд, ки ин нисбат ба соли 2008 мутаносибан 3,1 ва 1,5 баробар зиёданд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» дар муқоиса ба соли 2008 600 ҳазор ё ба андозаи 13% зиёд даромад ба даст овардааст.
Ба ҳолати 1 январи соли 2010 обунашавӣ ба рӯзномаю маҷаллаҳо 543 ҳазору 300 нусхаро ташкил дода, дар муқоиса ба соле пеш 23,6 % афзудааст. Илова бар ин дар тамоми шӯъбаҳои алоқаи почтаи ҷумҳурӣ савдои чаканаи рӯзномаҳо ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намуди фаъолият» вазорат ба миқдори 12 185 адад иҷозатнома дода, аз ин ҳисоб ва ҷаримабандию дигар чорабиниҳои марбут 8.30 858 сомонӣ ба буҷети ҷумҳурӣ ворид намудааст.
Вазири нақлиёт ва коммуникатсия зимни ҷавоб гуфтан ба аксар саволҳои хабарнигорон, ки ба мавзӯи сохтмону таҷдиди роҳ дахл доштанд, хотиррасон намуд, ки барои таҷдиди 1 километр роҳ аз 300 ҳазор то 1 миллион доллари амрикоӣ маблағ даркор буда, мувофиқи нақша тадриҷан ҳама роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявидошта таҷдиду таъмир мешаванд.
Н. ХУДОЙБАХШОВ
Дар маркази дилхушӣ таркиш
ба амал омад
Хабарҳои охирин
07.09.2010
Наврӯз ҷашни байналмилалии
кишварҳои узви САҲА эълон шуд
Душанбе: 15 иншоот мавриди истифода қарор гирифт
Барномаи ҷаҳонии озуқа: лоиҳаи нав роҳандозӣ гардид
7 корхонаи хишт ба кор даромад
«Шашболоӣ» 200 оиларо бо барқ таъмин мекунад
Медведев дар Қазоқистон. Кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?
Президенти Афғонистон шӯрои гуфтугузор бо толибонро созмон дод
Гурӯҳи баскҳо - ЭТА оштӣ эълон кард
Тағйири шеваи ҷангии Амрико дар Афғонистон
Чилӣ: кӯҳканҳо як моҳ боз дар зери заминанд
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Таркиш дар Хуҷанд: 25 нафар захм бардошт
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|