logo

туризм

«ХОҶАОБИГАРМ» МУЪҶИЗАИ ҲАШТУМИ ОЛАМ

«Хоҷаобигарм» яке аз машҳуртарин ва қадимтарин осоишгоҳҳои Тоҷикистони биҳиштосо маҳсуб меёбад, ки дар он ба воситаи оби гарм ва буғи табиӣ, ки дар тамоми олам ягона аст, даҳҳо намуди беморӣ табобат карда мешавад. Осоишгоҳ  аз давраи таъсисёбиаш  тӯли 85 сол ҳазорон дардмандонро шифо бахшида, дар сар то сари мамлакат ва берун аз он машҳур гардидааст. «Хоҷаобигарм» дар ноҳияи Варзоб, яке аз зеботарин минтақаҳои сайёҳии мамлакат, дар баландии 1860 - 1900 метр ҷойгир аст. 
«Хоҷаобигарм» ягона осоишгоҳ на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар ҷаҳон аст, ки дар он об ва буғи радонии табииро бе иловаҳои сунъӣ истифода мебаранд. Ҳамин бартариаш онро дар тамоми олам маъруфу машҳур гардондаанд. Таъсири давогии буғ ва оби шифобахши нодири он аз замони кашф шуданаш то имрӯз диққати олимони тиб, муаррихон ва ниёзмандонро ба худ ҷалб намудааст. Бархе аз олимон оби «Хоҷаобигарм» - ро бо ҳамин нодирӣ ва таъсири муъҷизаофари  таби1 муъҷизаи ҳаштуми олам унвон кардаанд. Боду ҳавои мусоиди мавзеи «Хоҷаобигарм» ва шароити табобатию истироҳатии осоишгоҳ имкон медиҳанд, ки он дар тамоми фаслҳои сол ба мизоҷон бемаҳдудият ва бо сифати баланд хизмат расонад. Натиҷаи давобахшии обу буғи беҳамтои он аст, ки ҳамасола ҳазорон ниёзмандон ба осоишгоҳ омада табобат мегиранд ва бо рӯҳи болида бармегарданд.
Тавре Давлаталӣ Самизода, директори генералии ҶСК «Осоишгоҳи Хоҷаобигарм», иброз дошт, соли 2018 дар маҷмӯъ 18 ҳазору 65 нафар, аз ҷумла 900 нафар хориҷӣ ва дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 14 ҳазору 581 нафар, аз ҷумла 721 нафар меҳмони хориҷӣ, дар ин даргоҳ истироҳат карда, табобат гирифтанд. Дарвоқеъ, осори таърихӣ – фарҳангӣ, зебоиҳои нотакрори табиат ва имкониятҳои экотуризм таваҷҷуҳи ҳар чӣ бештари сайёҳони хориҷиро ба кишварамон ҷалб менамояд. Бо назардошти ин, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасонии босифат ба мизоҷон дар осоишгоҳ вазифаи муҳимтарин дониста мешавад.
Ба гуфтаи табибони осоишгоҳ,  ҳангоми табобат истеъмоли хӯрокҳои серғизо зиёд ба он мусоидат менамояд, ки таъсири шифобахшии буғ ва оби радонӣ бештар гардад. Дар ду ошхонаи осоишгоҳ дар як баст то 620 нафар қабул ва бо хӯроки гарм таъмин карда мешавад. Маъмурияти осоишгоҳ кӯшиш дорад, ки мизоҷонашро бо хӯрокҳои болаззат, меваю сабзавоти тару тоза ва нӯшобаҳои лазиз таъмин намояд. 
Дар бораи пайдоиш ва таъсири табобатии буғ ва оби шифобахши «Хоҷаобигарм» дар маъхазҳои илмӣ зиёд гуфта шудааст. Ҷолибтарин ривоят дар бораи ин муъҷиза ривояти Абуталҳа аст, ки марқадаш чанд метр дуртар аз манбаи обу буғи шифобахш ҷойгир буда, макони зиёрати мардум гаштааст.
Абуталҳа чун яке аз шахсиятҳои наздики паёмбар Муҳаммад (с) вақте барои муаррифии дини ислом ба ин мавзеъ меояд, азоби беобии мардум ва хушкидани набототи ин маконро дида, бо асояш як маротиба ба замин мекӯбаду ҳамон лаҳза аз он ҷо буғ ва оби шифобахш фаввора мезанад. Аз ҳамон замон то имрӯз ин оби давоӣ дар хизмати мардум аст.
Географи рус профессор В. К. Липитский соли 1889 зимни сафари худ ин ганҷи бебаҳоро бо чашмони худ дида, ба обу буғи гарми ин мавзеъ баҳои баланд дод ва онро дорои аҳамияти бузурги табобатӣ номид. Ҳарорати гармии буғи шифобахш, ки аз зери замин берун меояд, ба 97 дараҷа мерасад. Тибқи тадқиқоти илмиву лабораторӣ, дар таркиби ин буғи шифоӣ радон мавҷуд аст, ки мувофиқи таркиби ионии хеш ба хлориди гидрокарбонат, омехтаи калсий бо натрий мансуб буда, дорои омехтаи сусти туршӣ мебошад. Оби шифоиаш осоишгоҳ дар таркибаш азоту кремний, сулфат, гидрокарбонат, натрий ва калсий  дошта, гармии он ба 65 – 96 дараҷаи гармӣ (ба ҳисоби селсий) баробар аст.
Тибқи хулосаи корҳои таҳқиқотии олимон, буғ ва оби шифоии радонӣ ба торҳои асаб, рагҳои хунгузар, васеъшавии хунрагҳои пӯст таъсири мусбӣ мерасонад, ҳамчунин, суръати гардиши хунро дар рагҳои майдатарин, мӯйрагҳо ва пешмӯйрагҳо меафзояд. Мубодилаи моддаҳо дар қабатҳои пӯст беҳтар мегардад. Ҳангоми сурхшавии пӯст бисёртар ҷудо гардидани арақи бадан, таассуроти гармию болидарӯҳӣ мушоҳида мегардад. Ин хусусияти оби маъдандори радонӣ дар табобати бемориҳои пӯст васеъ истифода бурда мешавад. Газу моддаҳои намаки радон ва ионҳои онҳо ба хун ҷабида шуда, тавассути хун ба тамоми узвҳои бадан паҳн мегарданд. Аз таъсири буғу оби радоние, ки таркибаш элементҳои химиявии гуногун, микроэлементҳо, маъданҳо, намак ва моддаҳои дигар дорад, фаъолияти системаи марказии асаб муътадил гашта, неруи ҳаётии мағзи сар  тағйироти мусбат пайдо мекунад ва асабро ором сохта, фаъолияти асаби марказӣ ва муҳитро беҳтар менамояд.
Чунин минтақаҳои хуби сайёҳӣ, истироҳатӣ ва табобатӣ ба ҳусни кишвар ҳусн меафзоянд. Сарзамини мо дорои табиати зебову дилкаш буда, бешак, ҳар бинандаро мафтун мегардонад. Ин аст, ки аз хориҷи кишвар меҳмонони зиёд баҳри дидани табиати нотакрори мо меоянд ва аз тамошои он лаззат мебаранд. Аз ин лиҳоз, масъулонро зарур аст, ки баҳри ҷалби бештари мизоҷон, хусусан меҳмонони хориҷӣ, инфрасохтори муосир бунёд карда, сифати хизматрасониро боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.10.2019    №: 203    Мутолиа карданд: 1512

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед