logo

ҳуқуқ

АВФ. 2644 НАФАР АЗ МАҲБАС ОЗОД ШУД

Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки бори дигар сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро таҷассум намуд,  то 29 октябри соли ҷорӣ 2644 нафар аз маҳбас озод шуд. Омори маҳбусони то имрӯз озодшударо Илҳом Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият» тасдиқ намуд.
Бино ба иттилои полковник Илҳом Маҳмудзода, то кунун аз муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе 773, вилояти Суғд 657, ноҳияи Ёвон 805, шаҳри Норак 165 ва шаҳри Ваҳдат 184 маҳбус ба озодӣ баромад. Ҳамчунин, дар доираи татбиқи қонуни авф 60 нафар ноболиғ аз муассисаи ислоҳии 312-и шаҳри Душанбе озод шуд.
Мансурҷон Умаров, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, 29 октябр зимни аз маҳбас озод гардидани 168 маҳкумшудае, ки дар муассисаи ислоҳии рақами 3/1 - и шаҳри Душанбе адои ҷазо мекарданд, таъкид кард: «Ҳар нафари озодшуда бояд ба худ хулосаҳои зарурӣ бароварда, ба қадри озодиву арзишҳои зиндагӣ бирасад». Мансурҷон Умаров дар хитоб ба маҳбусони озодшуда изҳор дошт, ки хеҷ як кирдори ҷиноятӣ пинҳон ва шахси ҷинояткор бе ҷазо нахоҳад монд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки неъмате чун озодиро бояд қадр кард ва ба ҷинояту ҷинояткорӣ даст назад. Умед дорем, ки шумо дар маҳбас хулосаҳои зарурӣ бароварда, минбаъд ба зиндагии муқаррарии худ бармегардед ва ҳеҷ гоҳ ба амалҳои ғайриқонунӣ даст намезанед.
Ёдовар мешавем, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» бо ташаббуси инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба ҳаёти осоишта баргардондани гурӯҳи шахсоне, ки ҷиноят содир намудаанд, қабул гардидааст. Дар ин санад меъёрҳои нави танзимкунандаи масъалаҳои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани шахсони ҷиноятсодирнамуда ва кам кардани муҳлати ҷазои адонагардидаи маҳкумшудагон пешбинӣ гардидааст, ки аз санадҳои қабулшудаи солҳои пешин оид ба авф фарқ карда, нисбат ба зиёда аз 20 ҳазор шахси ҷиноятсодиркарда татбиқ мешавад.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, зимни баррасии лоиҳаи қонун дар порлумони мамлакат гуфта буд, ки қарор аст, дар доираи татбиқи қонуни авф, дар маҷмӯъ, тақрибан 600 нафар гумонбаршудагон, айбдоршавандагон ва судшавандагон, 3100 нафар маҳкумшудаи муассисаҳои ислоҳӣ ва 3000 нафар маҳкумшудае, ки дар муассисаҳои ислоҳии сукунат адои ҷазо доранд, аз адои боқимондаи ҷазо озод шаванд. Инчунин, зиёда аз 4500 маҳкумшудагоне, ки нисбаташон ҷазоҳои дигар, аз ҷумлаи корҳои ислоҳӣ, шартан татбиқ накардани ҷазо, мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм татбиқ шудааст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешаванд.
Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз қабули қонун, пеш аз ҳама, фароҳам овардани шароити мусоид барои баргаштани шумораи зиёди шаҳрвандон ба ҳаёти муътадил ва тарбия намудани онҳо дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, муҳаббат ба Ватан, шинохти арзишҳои милливу умумибашарӣ буда, он рамзи гӯёи амалишавии принсипи инсондӯстӣ ба шумор меравад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2019    №: 204    Мутолиа карданд: 910

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед