logo

иҷтимоиёт

ШАҲРИТУЗ. АЙБ ДАР ОШ АСТ Ё ДАР МОШ?

Баъзан камбудиҳоро мебинему нодида мегирем, аммо чун аз ҳад гузашт, дигар тавони об дар даҳон гирифтан намемонад. Чунин ҳолат дар ноҳияи Шаҳритуз рӯй дод, аниқтараш дар бозори марказӣ, ки манзараи булаҷабе дошт.

Нисфирӯзӣ. Ҳаво хеле гарм, аммо дар кӯчаи марказӣ, тахмин дусад – сесад метр дуртар аз бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз ба пиндор замин кафидаву одам баромада. Гумон кардам, ки ин ҷо бозори калоба аст. Ва ҳақиқатан ҳам, ин ҷо бозори марказии ноҳия будааст. Чун дар Шаҳритуз бори аввал будам, наметавонистам бозори онро нодида биравам ва ҷониби дарвозаи он равон шудам. Вале ин фосилаи ночиз мушкилии зиёд доштааст. Нахуст тааҷҷубам аз он шуд, ки пиёдароҳи ҷониби бозор ҳар ҷо - ҳар ҷо сафолакҳои шикаста дошту боқӣ валангор буд. Агар болои ин боз партовҳои рӯи роҳро зам намоем, ки мардум бепарво «коштаанд», ба кӯчаи марказӣ буданаш боваратон намеояд. Шигифтангез аст, ки масъулон чун роҳи назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро ба ифоқа оварда натавонистаанд, магар барои гузоштани чанд қуттии партов ҳам зӯрашон намерасида бошад?
Фурӯшандаҳо аз тангии дохили бозор ё барор гирифтани савдои кӯчагӣ қариб то роҳи мошингузар хайма задаанд. Ҳайрон мемонӣ, ки ин ҷо роҳ аст ё растаи савдогарон. Аробаҳои пур аз харбузаву тарбуз, либосҳои рӯи хок паҳнкарда, сатилҳои бесарпӯши чаккаю маскаи зери офтоби сӯзону чангу хок гузошта, онсӯтар меваю сабзавот, кулчақанду шириниҳо, пойафзолу ашёи рӯзгор паҳну парешонанд. Ками дигар, ки рафтед, назди нуқтаҳои обнӯшию «тезтайёр» мардуми зиёдеро банди нӯшу хӯр мебинед, ки роҳи бе ин ҳам тангро касногузар кардаанд. Аз байни ин издиҳом бо илоҷе гузашта, ба даромадгоҳи бозор расидам. Танҳо даромадгоҳи бозор, ки чун бозорҳои дигар шаҳру навоҳӣ серодам буд, нишонаи ободӣ дошт. Растаҳо - бонизом. Қисме аз фурӯшандаҳо либоси махсуси корӣ ба бар кардаанд. Нархи маҳсулот ҳам нисбатан арзон. Вале чун дарунтар рафтед, ҳолати растаҳои дигарро аз берун ҳам ногувортар дармеёбед. Вазъи санитарӣ чунон бад аст, ки ҳоҷат ба сухан надорад. Фақат як мисол. Равғани рустанӣ, тибқи қоида, бояд дур аз шуои офтоб дар ҳарорати на беш аз 20 дараҷаи гармӣ нигоҳ дошта шавад, аммо дар ин ҷо зери офтоби сӯзон қариб ба ҷӯшидан моил буд.
Вазъи ногувори нуқтаҳои хӯроки умумӣ, ки гӯё даҳсолаҳо рӯи таъмирро надидаанду зарфҳояш ҳам аз аҳди дақёнусанд, на танҳо мижаи соҳибмулкон, балки кормандони ҳифзи бехатарии  маҳсулоти  хӯроквориро  хам  нахӯрондааст.  Охир, чӣ ҷойи ташвиш? Гарчанде ҳамасола бозор чандин бор аз «санҷиш» - ҳои санитарию назорати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мегузарад, боз нуқтаҳо фаъоланд – ку. Ва аз ҳама муҳимаш, касе тағораҳои каллаю почаи тозакардаю, ҳамзамон, аз таъсири гармиву чангу хок рангбохтаро намебинад. Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад! Гӯшти мурғро савдогарони «ғамхор» аз яхдонҳо берун ба савдо гузоштаанд (ба ҳар ҳол гӯшт, ки дар гармӣ истод, «пухтанаш осон мешавад»). Боз мо аз бетартибии берун гила дорем.
Тамоми бозорро гаштаму як қуттии партов наёфтам. Ба гуфтаи як масъул, чанде пеш 18 қуттӣ гузошта будаанду фурӯшандаҳо меваҳои пӯсидаро ба он андохта, қуттиҳои деринтизорро пӯсондаанд. Далели аҷиб!!!
Аз бетартибию нобасомонии дохилу беруни бозор  пурсидему чун одати маъмулӣ коса ба сари деҳқон шикаст.
«Аксари инҳо деҳқонанд ва барои дар беруни бозор банд кардани ҷой ҳатто иҷорапулӣ намедиҳанд. Аммо ба дохили бозор низ даромадан намехоҳанд», - шиква кард менеҷери бозор Ҳабиб Юсуфов. Лекин растаеро, ки барои деҳқон ташкил шуда бошад, дар бозор ҳеҷ вонахӯрдам.
Ва ҳамаи ин нуқсонҳо ҳанӯз «аз нӯги хамир фатир» - анд. Роҳбарону масъулони ноҳия дар ин бора чӣ мегуфта бошанд?  

Меҳрангез ҚОДИРОВА,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2019    №: 204    Мутолиа карданд: 1292
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед