logo

иқтисод

ШОЛИПАРВАРӢ. ЧӢ ГУНА ҲОСИЛИ БАЛАНД ГИРЕМ?

Вусъат бахшидани кишти босамари шолӣ ҳамчун зироати серғизою пурарзиш  аз ҳадафҳои асосии олимону мутахассисони Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Зеро биринҷ баъд аз гандум дар ҷаҳон муҳимтарин зироат ва яке аз манбаҳои асосии ғизо маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, онро барои истеҳсоли спирт, крахмал, орд ва пиво истифода мебаранд. Истеъмоли солонаи биринҷ дар Тоҷикистон барои як нафар қариб  17 кило муқаррар шудааст.
Мардуми мо аз биринҷ таому ғизоҳои зиёд омода менамояд. Оши палав, ширбиринҷ, шавла, ялама, шулла, биринҷи дампӯхт, фарш бо булғорӣ, ширшулла ва ғайра. Ташкили озмунҳо ва иди биринҷу шолӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар  нишони таваҷҷуҳи хосса ба анъанаю ҳунарҳои пурҳикмати гузаштагон ва соҳаи шолипарварӣ мебошад.
Барои самари бештар рӯёндан аз кишти шолӣ зарур аст, ки то муҳлати кишт хоки қабати шудгор каме намӣ ва моддаҳои ғизоии ҳаракаткунандаро дошта бошад. Аз ин лиҳоз нигоҳ доштани  қабати нарми  майдалунда  ва лонаи зичи тухмӣ, ғункунии моддаҳои ғизоии дастрас ва  тозакунии майдонҳо аз алафҳои бегона вазифаи асосии коркарди хоки замини шолӣ ба шумор мераванд.
Кишти асосии шолиро ба 140с расондани ҳарорат дар чуқурии 5 сантиметраи замин дар навоҳии ҷануб даҳаи охири моҳи апрел ва  дар самти  шимоли кишвар даҳаи аввали моҳи май оғоз менамоянд. Кишти такрорӣ асосан баъди ҷамъоварии ҳосили ғалла, сабзавот ва картошкаи барвақтӣ сурат мегирад. Баъди пошидани пору ва нуриҳои маъданӣ ба чекҳо об cap дода, майдонро лойомоч менамоянд. Кишти такрорӣ дар  кишвар то 15 июн ва бо тухмию  ниҳолҳо бояд гузаронда шавад. Кишт бо ниҳолҳои солими 30 - 35 - рӯза ва 4 – 5 - барга афзал аст. Ба ин хотир 40 рӯз қабл аз кишти такрорӣ бо ниҳол ба парваришгоҳ пошидани  нурии сулфати аммоний 5 килограмм  ба 100 метри мураббаъ, суперфосфат 3 - 4 кило ва намаки калий 3 – 4 кило муҳим буда,  хокро бо диск ё сихмола коркард менамоянд. Ҳамчунин, тухмии тар ва нешкашидаро бояд кишт намуд. Олимони Институти зироаткорӣ ҳисоб намуданд, ки барои таъмини 10 сотиқ майдони кишт бо ниҳол 1 сотиқ парваришгоҳи ниҳол рост меояд. Парваришгоҳ дар сатҳи баланди агротехникӣ бояд дар заминҳои ҳосилхезу офтобрӯ нигоҳубин шавад.
Барои  кишти босамари  такрории  шолӣ  бо ниҳол дар ҳар гектар замин 60 - 70 кило тухмӣ рост меояд.  Ғайр аз ин шолӣ дар кишт бо кӯчат ба касалию ҳашароти зараррасон камтар дучор мешавад ва алафҳои бегона низ дар майдони он камтар мерӯянд.
Истифодаи тухмии хушсифат яке  аз омилҳои асосии рӯёндани ҳосили баланд мебошад. Олимони институт дар Стансияи таҷрибавии Панҷакент дар самти тарҳрезии агротехнологияи парвариши шолӣ дар шароити водии Зарафшон корҳои чашмрас иҷро кардаанд. Тӯли  5 соли охир ду навъи нави шолиро офарида,  ноҳиябандӣ карданд.  Навъи “Саразм” ба ифтихори 5500 - солагии ин мавзеи таърихӣ ва “Панҷрӯд” ба ифтихори зодгоҳи Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  номгузорӣ шуд. Навъҳои мазкур бо маҳсулнокии баланд ва устуворӣ  ба хобравии поя, касалиҳо, рехтани дони хӯша аз дигар навъҳо бартаранд. Дар шароити риояи пурраи агротехнологияи парвариш 70 - 80 сентнер - гектар ҳосил медиҳанд. Дар заминҳои стансия  оид ба   кишти шолии навъи «Саразм» бо ниҳол ҳангоми кишти такрорӣ  давоми се сол таҷриба гузаронда  шуд. Кишти шолӣ бо ниҳол ба андозаи 20 x 20 сантиметр ва чор ниҳол дар як ҷой то  85 сентнер – гектар самар ба бор меорад.
Истифодаи об ва нурӣ дар замини шолӣ қоидаҳои хос дорад. Як рустании шолӣ дар шароити Тоҷикистон дар давраи нашъунамо 5 литр об сарф мекунад. Аз рӯи ҳисоби гидромодул дар 1 гектар шолизор 17 - 25 ҳазор метри мукааб  об истифода мешавад. Дар шароити Тоҷикистон вобаста ба хок барои тавлиди 1 тонна  шолӣ ва ҳамин миқдор ниҳол 25 кило нуриҳои азотии фосфорӣ сарф мешавад. Ин нишондодҳо аз лиҳози  шароити хоку иқлим, навъи шолӣ ва сифати дон тағйир хоҳад ёфт. Бисёрии касалиҳо ва сифати пасти дони шолӣ аз сабаби норасоии нуриҳо ба вуҷуд меоянд. Додани ғизои якум аз ҳисоби 40 дарсади нурии нитрогенӣ дар давраи панҷазанӣ дар шакли карбамид дода мешавад. Ғизои дуюм  аз ҳисоби 30 дарсади нурии нитрогенӣ  якҷо  бо 30 дарсади нурии фосфорӣ ва 50 дарсади нурии калий  дода мешавад. Барои гирифтани ҳосили 45 - 50 сентнер - гектар ҳосили дони шолӣ дар кишти такрорӣ меъёри истифодаи нурӣ чунин аст: N 150 -180, P 80 -110,  К 60 – 80 кило ва таносуби элементҳои гизоӣ NPK 1 х 0,65 х 0,4 аст.
Шоликорӣ яке аз бахшҳои афзали соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, барои таъмини амнияти ғизоии аҳолӣ мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Кору фаъолияти олимони Институти зироаткории АИКТ низ ба он равона шудааст, ки бо ихтирои навъу усулҳои натиҷаовар ҳаҷми истеҳсоли шолӣ афзунтар ва анбори мамлакат аз ин ғизои арзишманд ғанӣ гардонда шавад. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ дастовардҳои мутахассисону олимони институт дар самти офаридани навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла шолӣ  ва омӯзишу роҳандозии технологияи муосири парвариши онҳо назаррас аст. Офаридани навъҳои серҳосили шолӣ -  «Саразм» - у «Панҷрӯд» аз дастовардҳои камназири онҳо буда, имрӯзҳо  дар соҳаи шолипарварӣ  истифода мешаванд. 
     
Раҳмон САИДЗОДА, директори Институти зироаткории АИКТ,
номзади илмҳои кишоварзӣ,
Диловари  ШЕРАЛӢ, директори Стансияи таҷрибавии Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.10.2019    №: 204    Мутолиа карданд: 1671
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед