| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
ҳуқуқ
Ф. Саидов: ҳамаи мақомот дар мубориза алайҳи коррупсия муваззафанд
-Натиҷаи тафтишу санҷишҳои молиявӣ нишон медиҳад, ки ҳоло ҳам роҳбарони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ маблағу воситаҳои давлатиро самаранок истифода намебаранд. Бемасъулиятӣ ва адами назорати мутасаддиёни соҳаҳои алоҳида дар ниҳояти кор ба дуздӣ ва тасарруфи маблағу амволи давлатӣ оварда расонидааст,- гуфт Фаттоҳ Саидов, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ.
Назар ба гуфти ӯ агентӣ дар давоми соли сипаришуда 1155 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи беш аз 70 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор намуд. Дар натиҷа 38,2 миллион сомонӣ, аз ҷумла 19,2 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ва 18,9 миллион сомонӣ ба корхонаву муассисаҳои давлатӣ баргардонда шуд. Гунаҳгорон- 1535 шахси масъул ҷазои интизомӣ ва моддӣ гирифта, 69 нафар аз вазифа сабукдӯш гардид.
Директори агентӣ бо таассуф изҳор дошт, ки гарчанде дар мубориза бо коррупсия тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муваззаф гашта бошанд ҳам, ҳолатҳое ошкор гардид, ки маҳз кормандони мақомоти мазкур ҷиноятҳои коррупсионӣ, содир кардаанд. Чунончи, дар давоми соли 2009 аз ҷониби агентӣ 134 ҷинояти порахӯрӣ, суиистифода аз ваколатҳои мансабӣ ва азонихудкунии моликияти давлатӣ нисбати 84 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла 39 корманди мақомоти умури дохилӣ, 18 афсари Вазорати мудофиа, 11 корманди Вазорати адлия ва сенафарӣ аз кормандони сохторҳои судӣ, прокуратура ва гумрук ошкор гардида, нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ кушода шудаанд.
Ҳамчунин агентӣ дар давоми соли гузашта ба роҳбарони вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои дахлдор оид ба бартараф намудани сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда 583 пешниҳод фиристода, ба шахсони мансабдор 204 дастури хатӣ додааст. Ба ақидаи директори агентӣ самти афзалиятноки пешгирии омилҳои коррупсионӣ ин робитаи зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО мебошад.
М. САФАР
Дар маркази дилхушӣ таркиш
ба амал омад
Хабарҳои охирин
07.09.2010
Наврӯз ҷашни байналмилалии
кишварҳои узви САҲА эълон шуд
Душанбе: 15 иншоот мавриди истифода қарор гирифт
Барномаи ҷаҳонии озуқа: лоиҳаи нав роҳандозӣ гардид
7 корхонаи хишт ба кор даромад
«Шашболоӣ» 200 оиларо бо барқ таъмин мекунад
Медведев дар Қазоқистон. Кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?
Президенти Афғонистон шӯрои гуфтугузор бо толибонро созмон дод
Гурӯҳи баскҳо - ЭТА оштӣ эълон кард
Тағйири шеваи ҷангии Амрико дар Афғонистон
Чилӣ: кӯҳканҳо як моҳ боз дар зери заминанд
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Таркиш дар Хуҷанд: 25 нафар захм бардошт
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|