logo

иҷтимоиёт

БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ – 2020. БАРДОШТ АЗ РАФТИ ОМОДАГИҲО

Дар  толори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва воситаҳои ахбори омма таҳти  унвони «Аҳамият ва зарурати  гузарондани  корҳои оммавӣ - ташвиқотӣ дар барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020»  мизи мудаввар баргузор гардид.
Гулнора  Ҳасанзода, директори Агентии омор гуфт, ки тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил дар давраи аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронда мешавад.        
- Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар мамолики пешрафтаи ҷаҳон ба марҳилаи навбатии барӯйхатгирии аҳолии сайёра, ки ба соли 2020 рост меояд, ҳамроҳ шуд. Агентии омор барои дар сатҳи байналмилалӣ гузарондани ин маъракаи ҷаҳонӣ барномаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  соли 2020 - ро тибқи стандартҳои байналмилалӣ бо назардошти тавсияҳо омода намуд. Айни замон, корҳои тайёр намудани «Дастурамал дар бораи тартиби гузарондани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020»  идома доранд,- изҳор дошт номбурда.
Барӯйхатгирии аҳолӣ чорабинии муҳими давлатию сиёсӣ аст, ки маҳз он  барои таҳияи стратегияию барномаҳо, баҳодиҳии вазъи демографию иҷтимоии аҳолӣ, сатҳи некуаҳволии мардуми мамлакат нақши муҳим дорад.
Ба иттилои Гулнора Ҳасанзода, соли равон бо дастгирии молиявии намояндагии Хазинаи нуфуси СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 121 корманди барӯйхатгирии аҳолӣ доир ба мавзӯи «Ҷараёни корҳои тайёрӣ ва тартиби гузарондани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ба омӯзиш фаро гирифта шуд. Ҳамзамон, бо дастгирии молиявии ин ташкилот ва кумаки техникии Агентии омор барои кормандони мақомоти омори  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИДМ  дар мавзӯӣ “Ҷамъоварии маълумот бо истифода аз таҷҳизоти мобилӣ” дар сатҳи байналмилалӣ омӯзиш баргузор гардид.
Зикр гардид, ки дар барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил  пурсишҳо бо се тарз - пур кардани варақаҳои барӯйхатгирӣ бо истифода аз  сомонаи интернетӣ, планшет ва усули анъанавии пур кардани саволнома дар варақ дар маҳалҳо  сурат мегирад. Роҳбарияти агентӣ  кӯшиш дорад, ки бақайдгириро пурра тариқи планшет ба роҳ монад. Барои гузарондани ин маърака истифодаи тақрибан сеюним ҳазор планшет ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки ҳадди ақал 5 дарсади корҳои бақайдгирӣ тариқи пурсиши интернетӣ анҷом дода шавад. 
Дар Тоҷикистон  ҳар даҳ сол як маротиба барӯйхатгирии аҳолӣ  гузаронда мешавад. Новобаста аз  вазъи  сиёсию иқтисодӣ дар даврони  соҳибистиқлолӣ бо  дастгирии   бевоситаи  Сарвари   давлат  солҳои 2000 - ум ва 2010 барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор гардидааст. Дарвоқеъ, дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ баргузор намудани барӯйхатгирии навбатӣ дар ҷумҳурӣ хеле муҳим буда, иштироки фаъол дар ин чорабинӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат мебошад.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.10.2019    №: 205    Мутолиа карданд: 879
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед