| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
сиёсат
Роғун хоби киро ҳаром мекунад?
3-юми феврали соли равон сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар рӯзномаи русзабони «Правда Востока»-и чопи Тошканд номае ба унвони ҳамтои тоҷики худ Оқил Оқилов ба табъ расонд, ки дар он роҷеъ ба сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун изҳори нигаронӣ кардааст. Дар ин номаи худ ҷаноби Мирзиёев гуфтааст, ки бояд як экспертизаи нави байналмилалӣ лоиҳаи ин нерӯгоҳро санҷад, зеро он ҳудуди 40 сол қабл тарҳрезӣ шуда, ба талаботи имрӯз посухгӯ нест.
Дар зимн, яке аз далелҳои умдаи сарвазири Ӯзбекистон ин аст, ки дар сурати сохта шудани НБО-и Роғун имкон дорад як хатари бузурги экологӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба вуҷуд биояд. Ба қавли ҷаноби Мирзиёев, ин иншоот дар минтақае сохта мешавад, ки дар он имкони заминларзаи 10 - дараҷаӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ӯ иддао кардааст, ки агар чунин зилзила сурат бигирад, сарбанди Роғун канда мешавад ва дар натиҷа садҳо ҳазор нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.
Дар ин номаи худ сарвазири ҷумҳурии ҳамсоя даъво намудааст, ки дар сурати напазируфтани пешниҳод роҷеъ ба экспертизаи байналмилалӣ аз ҷониби Тоҷикистон ҳукумати кишвараш ба созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои экологӣ муроҷиат мекунад. Зеро НБО-и Роғун барои муҳити зист ва тавозуни об дар минтақаи Осиёи Марказӣ хатароте ба дунбол дорад.
Оё воқеият ин аст, ки сарвазири Ӯзбекистон мегӯяд? Ба назари банда, албатта, не. Чаро? Ба он хотир, ки лоиҳаи НБО-и Роғун 40 сол қабл маҳз дар Тошканд таҳия гардида буд. Ва агар чунин хатар вуҷуд медошт, пас ин лоиҳа ҳеҷ гоҳ таҳия намегардид. Далел дар мавриди зилзилаи 10 - дараҷаӣ низ чандон далели боэътимод нест. Охири солҳои 80-уми асри гузашта баъзеҳо иддао доштанд, ки зилзилаи 10 - дараҷаӣ то соли 2000-ум сурат мегирад. Аммо мо шоҳид шудем, ки ин ҳама пешгӯиҳо бебунёд баромаданд.
Ва аммо ин бори нахуст нест, ки Тошканд мухолифати шадиди худро бо сохтмони НБО-и Роғун изҳор медорад. Акнун чунин ба назар мерасад, ки Тошканд дар масъалаи мухолифат бо ин нерӯгоҳ дар Тоҷикистон, раҳгум задааст ва намедонад чӣ баҳонаҳоеро барои қатъи сохтмони он пеш орад. Дар ибтидо ҷониби Ӯзбекистон баҳона пеш меовард, ки агар Роғун сохта шавад, баҳри Арал ба тамом хушк мешавад. Чун ин иддао коргар нашуд, баҳонаи наве пеш оварданд, ки гӯё ин нерӯгоҳ дар дарёи байнимарзӣ сохта мешавад ва Тоҷикистон тибқи қонунгузории байналмилалӣ чунин ҳуқуқро надорад. Аммо чун ба харита нек назар карданд, фаҳмиданд, ки чӣ иштибоҳе содир кардаанд. Дарёи Вахш, ки дар он бояд ин НБО-и Роғун сохта шавад, дарёи дохилии Тоҷикистон аст, на дарёи байнимарзӣ.
Чун ин баҳонаҳо суд надоданд, Тошканд хост дар симои президенти Русия Дмитрий Медведев иттифоқчӣ пайдо кунад. Изҳороти Медведев дар моҳи январи соли гузашта эътирози шадиди Душанберо ба вуҷуд овард. Кремл аз раъйяш гашт ва ҳоло иддао дорад, ки агар ҳафтод дар сади саҳмияҳои Роғун ба ӯ дода шавад, дар сохтмони НБО-и Роғун ширкат мекунад. Ин пешниҳод аз ҷониби Душанбе пазируфта нашуд.
Тошканд маҷбур шуд, ки барои мухолифат ба сохтмони ин нирӯгоҳ таваҷҷӯҳи Қазоқистону Туркманистонро ҷалб кунад. Аммо Остонаву Ашқобод аз ин сиёсати президент Ислом Каримов пуштибонии ҷиддӣ ба амал наоварданд ва дар натиҷа ҳукумати Ӯзбекистон эълон дошт, ки ҳозир аст дар консорсиуми байналмилалии Роғун ширкат кунад. Баъдтар маълум гашт, ки дар асл Тошканд ҳеҷ гуна хоҳиши ширкат дар ин нирӯгоҳро надорад.
Акнун, чунон ки аз номаи сарвазири ин кишвар бармеояд, Тошканд тасмим гирифтааст, ки рӯ ба созмонҳои байналмилалӣ, институҳои молиявӣ ва ташкилотҳои экологӣ биоварад. Ва ҳам дар порлумон курсиҳои зиёдеро ба «сабз»-ҳо бидиҳад, то дар оянда бо тарҳҳои энергетикии кишварҳои ҳамсояи худ - Тоҷикистону Қирғизистон муборизаи сиёсиву дипломатиро ба роҳ монанд.
Чаро Тошканд ба ҷомеаи байналмилалӣ рӯ овард? Ба он хотир ки фаҳмид Душанбе дар масъалаи сохтмони НБО-и Роғун тасмими қатъӣ гирифтааст. Зимистони қаҳратуни соли 2008 ҳукумати Тоҷикистонро таҳрик дод, то НБО-и Роғунро бо қувваи дохилӣ бисозад. Бисёриҳо ба ин фикр буданд, ки Тоҷикистон имкони молӣ надорад, алалхусус баъди он ки бӯҳрони молиявӣ ҷаҳонро фаро гирифт.
Аммо дар ҳамин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон аз мардум хост саҳмияҳоеро, ки ибтидои соли 2010 ба фурӯш бароварда мешаванд, харидорӣ кунанд. Ин қароре буд ғайриинтизор барои Тошканд. Аз ин рӯ, ҳукумати Ӯзбекистон, ки худро абарқудрати минтақаӣ медонисту манфиатҳои Тоҷикистонро ба як пули пучак намегирифт, аз болои мо ба созмонҳои байналмилалӣ шикоят бурд.
Ин номаи сарвазир Шавкат Мирзиёев ҳокӣ аз он аст, ки ҳукумати кишвари ҳамсоя мехоҳад тамоми имкониятҳоро истифода барад то барои сохтмони НБО-и Роғун мамониат эҷод кунад. Пешниҳод дар мавриди экспертизаи байналмилалии НБО-и Роғун маънои ба таъхир монондани ин иншоотро дорад ва дар дурнамо, агар имкон даст диҳад, ин лоиҳаро барои ҳамеша гӯронанд.
Гӯрондани лоиҳаи НБО-и Роғун дар ниҳояти кор чунин маъно дорад, ки Тоҷикистон як кишвари ақибмонда ва заиф боқӣ мемонад. Барои он ки мо аз ин варта бароем, бояд ин иншоотро бисозем. Ин ҳаққи табиии мост. Мо наметавонем дар ибтидои асри 21 аз телевизору компютер ва дигар дастовардҳои башарӣ моҳҳои дарози тирамоҳу зимистон бенасиб бимонем. Ва ё интизор шавем, ки кай Ӯзбекистон ба мо газ ё барқ диҳад. Мо бояд ҳамин нуктаро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сароҳат бирасонем.
Таърих гувоҳ аст, ки сохтмони чунин иншоотҳо дар чандин кишварҳои ҷаҳон боиси норозигии ҳамсояҳо шудааст. Масалан, нерӯгоҳи Асвон, ки соли 1970 дар дарёи Нил сохта шудааст, мухолифати шадиди Судонро ба вуҷуд оварда буд. Ва на танҳо Судонро, зеро дарёи Нил аз 10 кишвар убур мекунад. Ҳатто Бонки байналмилалии бозсозӣ ва рушд низ ба сохтмони Асвон мухолифат нишон дода буд.
Даъвои аз ин ҳам бештар дар атрофи нерӯгоҳҳое, ки Туркия дар дарёҳои Даҷла ва Фрот сохта буд, садо додаанд. Ва то ҳол акси ин садоҳо ба гӯши ҷаҳониён мерасад, зеро Анқара барномаи сохтмони иншоотҳои барқи обии худро ба анҷом нарасондааст. Даъво аз он шурӯъ шуд, ки дар охири солҳои 60-уми қарни гузашта ҳукумати Туркия тасмим гирифт дар дарёҳои Даҷла ва Фрот силсилаи нирӯгоҳҳо созад.
Тибқи ин барнома, ки лоиҳаи Анатолияи ҷануби шарқӣ ном дорад, Туркия дар ин ду дарё бояд 22 сарбанд, 19 нерӯгоҳи бузург бисозад. Ин иншоотҳо бояд дар як сол 27 миллирад соат барқ тавлид кунанд. Барои сохтмони нерӯгоҳи бузурги Ота- турк, ки дар соли 1984 фаъолияти худро шурӯъ кард, 4 миллиард доллар сарф шуд. Нерӯгоҳи Ота-турк солона 8-9 миллиард кВт. соат барқ тавлид мекунад.
Ба муқобили барномаи Анатолияи ҷануби шарқӣ кишварҳои дар поёноб воқеъбуда- Ироқу Сурия эътироз карданд. Баъдан, Лигаи давлатҳои араб ва Созмони конфронси исломӣ ба онҳо пайвастанд. Бонки ҷаҳонӣ аз кишварҳову созмонҳо тақозо кард лоиҳаҳои Туркияро дар дарёҳои Даҷла ва Фрот маблағгузорӣ накунанд. Аммо тавре мебинем, Анқара, кишварҳои ғарбӣ ва як қатор ширкатҳои аврупоӣ ин эътирозҳоро нодида гирифтанд.
Албатта, Тоҷикистон на Миср асту на Туркия, вале мо бояд ҷомеаи ҷаҳониро итминон бидиҳем, ки аз сохтмони НБО- и Роғун кишварҳои поёноб зарар намебинанд. Мо метавонем дар ин бора бо онҳо шартнома бандем. Танҳо шарт ин аст, ки об мисли мол фурӯхта мешавад. Дар сурате, ки мо онро ба хоҷагии халқ ва сокинони Тоҷикистон мефурӯшем, чаро ба ҳамсояҳо ройгон диҳем?
Тавре маълум аст, барқе, ки дар нерӯгоҳи обӣ тавлид мешавад, ҳам арзон аст ва ҳам аз лиҳози экологӣ тоза. Агар нерӯгоҳе мисли Роғун ба иқтидори 3600 мегават бо нафту газу ангиштсанг ва ғайра ба кор дароварда шавад, ҳар сол миллионҳо тонна газ ба фазо партофта мешавад. Аммо нерӯгоҳҳои мо карбон ва дигар газҳои заҳролуд истихроҷ намекунанд. Ин аст бурди мо, ки аз он ҳам СММ пуштибонӣ мекунад ва ҳам созмонҳои экологӣ.
Барои мо зарур аст, ки институтҳои молиявии ҷаҳонро итминон бидиҳем, ки сохтмони НБО - и Роғун ҳеҷ гуна хатаре барои минтақа надорад. Ва фоҷиаи Арал, ки дар бораи он дар кишвари ҳамсояи мо зиёд мегӯянд, кори дасти худи ин кишвар аст. Обе, ки бояд ба баҳри Арал резад, дар пахтазорҳои Ӯзбекистон истифода мешавад ва ё дар обанборҳои он, ки наздики 60 адад мебошанд, захира мегардад. Аз ин рӯ, вақте ки масъулони ҳукумати ҳамсоя, аз он ҷумла ҷаноби Шавкат Мирзиёев, даъво мекунанд, ин нуктаро бояд аз ёд набароранд.
Нуралӣ ДАВЛАТ,
рӯзноманигор
Таркиш дар Хуҷанд:
25 нафар захм бардошт
Хабарҳои охирин
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
Ба пешвози ҷашни Истиқлолият ба истифода дода шуданд
Суғд: озмуни “Шаҳри беҳтарин” эълом гардид
Барӯйхатгирии аҳолӣ - 2010: омодагӣ вусъат мегирад
Дар намоиш – асарҳои рассом Зебониссо Давлатшоева
Гурзандоз Дилшод Назаров боз медал гирифт
“Истиқлол” пешсафиро нигоҳ дошт
28.08.2010
Эрон ба соҳаи геологияи Тоҷикистон таваҷҷӯҳ мекунад
Мактаби шабонарӯзии махсус кушода мешавад
Душанбе: литсейи нав ба фаъолият мепардозад
Тоҷикобод: нерӯгоҳи нав месозанд
Суғд: навоварию эҷодкории омӯзгорон қадр гардид
Маҳфили оҳангҳои «Шашмақом» хуш гузашт
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|