logo

Хабарҳо

«БАЧАИ ОБӢ». Филми нави тоҷикӣ

Дар мавзеи Шӯркӯли ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар соҳили «Баҳри тоҷик»,  наворгирии филми нав аз рӯи  сенарияи Носир Раҳмон оғоз ёфт. Тавре Файзулло Файз, коргардони филм иттилоъ дод, он дар бораи писараке бо номи Рамзес нақл мекунад.
Рамзес ҳамеша мехоҳад бо бобояш бошад. Зеро бобо қиссаҳои рангине аз боби зиндагӣ, инсонҳову муносибати байниҳамдигарии онҳо, хусусан аз сирру асрори шикори моҳидорӣ қисса мекунад. Азбаски обу моҳиро сахт мепарастад, ҳамеша дар лаби  баҳр бозӣ  мекунад. Ин аст,  ки  тахаллуси «Бачаи обӣ» - ро гирифтааст.
Ба ин восита писарак бисёр чизҳои зарурии ҳаёти ҳаррӯза, асрору нозукиҳои табиатро меомӯзад. Асоси филм дар атрофи муносибати наслҳо чарх мезанад.
Нақши писари обиро ҳунарпешаи наврас аз шаҳри Ваҳдат Меҳроҷиддини Сафаралӣ ва нақши бобои Баракатро Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Убайдулло Амон меофаранд.
- Аз он изҳори шодмонӣ дорам, ки ба шарофати сиёсати оқилонаю дурандешонаи  пешгирифтаи президентҳои ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳамкории мо дар соҳаи санъати кино аз нав эҳё мешавад. Баъди бозшавии дарвозаҳо на танҳо равуои мардум, ҳамзамон ҳамкории тоҷирони ду кишвар, олимону адибон, санъаткорон низ рӯз ба рӯз вусъати тоза пайдо мекунад, - иброз дошт Убайдулло Амон.
Номбурда зодаи Бухорои Шариф мебошад. Дар даврони шӯравӣ бо филмсозони тоҷик ҳамкории басо судманд дошт.
Дар филми «Бачаи обӣ», ҳамчунин, ҳунармандони боистеъдод Аҳлиддин Шарифов, Сайёда Турсунова, Умаралӣ Сатторов, Гулбаҳор Ғафурова, Сорои Собир, Аҳмадҷони Қутбиддинзода  нақш меофаранд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1001

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед