logo

Хабарҳо

ТЕХНИКАИ ТАЪЙИНОТИ КИШОВАРЗӢ. Дар Тоҷикистон 160 адад, аз ҷумла 92 трактор истеҳсол шудааст

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар корхонаи Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Агротехсервис» - и шаҳри Ҳисор 160 адад техникаи таъйиноти кишоварзӣ, аз ҷумла 92 трактори тамғаи «Беларус» истеҳсол гардида, 16 – тои он ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содир  шуд.
Ин нуктаро Карим Гулмуродзода, муовини вазири молия, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар Маҷлиси намояндагон  ба вакилон ироа намуд. Лоиҳаи мазкур ба мақсади аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани қисмҳои эҳтиётӣ, ҷузъҳои алоҳидаи барои васлкунии техника ва мошинолоти кишоварзии таъйингардида, ки аз ҷониби ҶСП «Агротехсервис» ворид мегарданд, ҳамчунин, таҳвили минбаъдаи техника ва мошинолоти истеҳсолшуда таҳия гардидааст. Мавсуф зикр кард, ки коргоҳи мошинсозии ҶСП «Агротехсервис» 16 майи соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко ба мақсади мусоидат ба рушди соҳаи кишоварзӣ, алалхусус механиконии соҳаи кишоварзӣ ва дар ин замина таъмин намудани хоҷагиҳои кишоварзӣ бо техникаву мошинолот ва қисмҳои эҳтиётӣ расман мавриди истифода қарор дода шуда, айни ҳол фаъолият намуда истодааст.
Тоҳир Ҷобирзода, вакили Маҷлиси намояндагон, таъкид ба он дошт, ки қабули қонуни мазкур, пеш аз ҳама, мусоидат ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин, саноатикунонии кишвар мебошад. Он имкон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ заминаи боэътимоди ҷамъу васли техника ва мошинолоти гуногуни кишоварзӣ дар асоси технологияи пешрафтаи муосир тавсеа ёбад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 978

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед