logo

сиёсат

КОНСТИТУТСИЯ ВА ОРМОНҲОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Расидан ба марҳилаи Истиқлолияти сиёсию давлатӣ, ки мардуми шарифи Тоҷикистон онро ба унвони ҳадияи сарнавишти миллӣ ва давлатӣ пазируфтааст, зиндагии ҷомеаи навини тоҷикро ба куллӣ тағйир дода, роҳи пешрафту тараққиро аз ҳар ҷиҳат ҳамвор сохтааст. Истиқлолияти давлатӣ ба унвони ормони таърихӣ, сиёсӣ ва миллӣ сарнавишти миллатро дар замон ва макони мушаххаси таърихӣ рақам зада, ҷомеаро ба сӯи рушду инкишоф ҳидоят менамояд.
Маълум аст, ки ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи тоҷик соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия гардида, Ватани азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф  шуд. Зимнан, Истиқлолияти давлатӣ раванди ҳувиятсозии миллиро таҳкиму тақвият бахшида, барои густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард. Насли миёнсол ва солманди  Тоҷикистони азиз хуб дар ёд доранд, ки Истиқлолияти давлатии мо ҳанӯз дар бомдоди тавлид ба зарбаи ҷонкоҳу ҳалокатбор - ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ мувоҷеҳ гардид. Мутаассифона, неруҳои бадхоҳ ва ашхоси гумроҳ бо нақшаву дастурҳои хоҷагони хориҷии худ мехостанд бар хилофи иродаи мардуми тоҷик фарҳангу мафкураи бегонаро ба сари халқи мо бор карда, ҳатто нақшаи бунёди давлати исломиро кашида буданд. Дар он замон ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои навтаъсиси кишвар фирефтаи мафкура ва нақшаҳои харобкоронаи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ гашта буданд. Дастгоҳҳои ҳукуматӣ ва сиёсии вақти ҷумҳурӣ бо аз байн рафтани сиёсати марказӣ ва бекор шудани низоми давлатдории шӯравӣ, ба вартаи мушкилоти дохилӣ афтиданд. Азбаски элитаи сиёсии он замон истиқлолияти роҳбарӣ ва муҳимтар аз ин, собиқаи мудирияти равандҳои сиёсиро надошт, дар ҳалли мустақилу мустақими мушкилоти дохилӣ оҷиз монд. Илова бар ин, дастандаркорони бозиҳои сиёсии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аллакай даст ба кор шуда, бо ҳар роҳу васила дар фазои қаламрави ҷумҳурии тозаистиқлоли мо, ки бо шикасти империяи Шӯравӣ ҳолати шокро аз сар мегузаронд, сенарияи бесарусомонӣ ва бетартибӣ (хаос) - ро дар шакли намоишномаҳои сиёсӣ коргардонӣ карда, бо ин восита низоми зиндагии муътадили мардумро аз байн бурданд. Низоми сиёсию идорӣ ва блоки иқтисодии давлатӣ гирифтори буҳронҳои амиқ гардида, оқибат фалаҷ шуд. Ин буд, ки бо як шуъла алангаи оташи низоъву бадбиниҳо баланд гардид ва мамлакат якбора мувоҷеҳи ҷанги   таҳмилии шаҳрвандӣ шуд. Дар натиҷа, тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳалок гардид.
Хушбахтона, дар Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олӣ  роҳи таърихии халқи тоҷик муайян гардид, ки он бунёди ҷомеаи озод ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Ғояи давлати демократӣ баъдан дар Конститутсия инъикос гардида, давлати мо роҳи татбиқи арзишҳои демократиро пеш гирифт. Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукумати нави дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ интихобшуда хомӯш кардани оташи ҷанг, таъмини сулҳу оромӣ, оғози татбиқи барномаи барқарорсозии баъдиҷангӣ, ба Ватан баргардондани гурезаҳо ва бо манзили зист таъмин намудани онҳо буд. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ин ҳадафи стратегиро бомуваффақият амалӣ созад. Аз ҳама муҳим, дар раъси барномарезиҳо ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳум қабули Конститутсия қарор дошт. Дар зимн, Конститутсия мебоист ормонҳои миллиро дар худ инъикос мекард.
Таҷрибаи башарӣ собит сохтааст, ки мафкура ё идеологияи давлатӣ ва миллӣ ҳамеша бар мабнои беҳтарин ормонҳои мардумӣ, ки маҷмӯаи зиндагии фикрӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии қавму миллатҳоро дар маҳдудаҳои замонию маконӣ таъйин мекунанд, сохта мешавад. Дар ин росто, мардуми форсу тоҷик ҳам дар имтидоди тӯлонии замонӣ аз решаву асолати худ – бовару асотири бостонӣ, фарҳанг ва маънавиёт дуруст карда, дар арсаи сиёсат ва фарҳанги инсонӣ қадамҳои устувор бардоштааст.
Муҳаққиқон, бо назардошти шароит ва вазъи номусоиди глобалӣ, таҳкими фарҳанги бумиро бар пояи ҷаҳонбинӣ ва идеологияи воқеъбинонаи миллӣ, ки дар бовару асотири паҳлавӣ ва манобеи асримиёнагӣ дарҷ гардидаанд, ҳукми зарурат донистаанд.
Дар замони давлатдории Куруши Кабир ормонҳои миллӣ воқеият касб менамоянд. Бар асоси ормонҳои миллӣ ва давлатдории ҷамшедӣ нахустин маншури ҷаҳонии ҳуқуқи башар аз тарафи Куруши Кабир дар соли 538 пеш аз милод эълом ва ба иҷро мерасад. Соли 1969 милодӣ, пас аз гузашти 2507 сол баъд аз судури эъломияи мазкур намояндагони кишварҳои гуногун бо ҳузур ба оромгоҳи Куруш аз ӯ ба унвони нахустин поягузори ҳуқуқи башар ва озодии инсон таҷлил карданд.  Аз таърих маълум аст, ки барои сарнагун кардани истибдоди шоҳи Бобул мардуми Бобул Курушро даъват мекунанд. Баъди озод намудани аҳолии Бобул Куруш маншур ё ба истилоҳи имрӯза эъломия мунташир мекунад. Дар он, қабл аз ҳама, ба масъалаи озодӣ ва анвои гуногуни он, амсоли озодии виҷдон, ки нахустзаминаи давлати демократӣ талаққӣ мешавад, таваҷҷуҳ менамояд ва дар ин замина таъкид мекунад: «Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагзоштам ранҷу озоре  ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид ояд…ба тирабахтиҳои онон поён бахшидам. Ман бардадориро барандохтам. Фармон додам ҳамаи мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва ононро наёзоранд». Куруш он ҷо сиёсати родмардӣ ва инсондӯстии худро ба намоиш мегузорад ва фармони аз асорат озод кардани яҳудиёнро содир мекунад. Ба онҳо иҷозат медиҳад, ки ба сарзамини хеш бозгашта, маъбади Байтулмуқаддасро ба ҳамон сурати пешазвайронӣ бозсозӣ кунанд. Тамоми зарфҳои тилло ва нуқрае, ки аз яҳудиён гирифта буданд, ба онҳо бозгардонда мешавад.
Давраи сеюми давлатдории миллӣ аз рӯи ормонҳои миллӣ ба замони Сомониён рост меояд. Замони салтанати Сомониён забони миллӣ, ки пойдевори фарҳанги бумӣ ва мардумӣ маҳсуб меёбад, таҳкиму густариш ёфта, амирони хирадпарвари Сомонӣ раванди таъсири саросарии забони порсии дарии тоҷикиро дар қаламрави давлат ҷиддӣ назорат мекарданд ва бад - ин тариқа, дар бедории фикрию сиёсии ҷомеа саҳми бориз мегирифтанд. Дар он давра доираи нуфузи забони арабӣ, ки он замон забони дину диёнат ва илму фарҳанг маҳсуб мешуд, ҳадафмандона маҳдуд  гардида, забони дарии тоҷикӣ ба забони илму маърифат бадал шуд, то ҷое ки бо амри Мансур ибни  Нуҳи Сомонӣ (961- 984) китоби машҳури «Тафсири кабири Табарӣ» ба забони миллӣ тарҷума гардид.
Дар асоси ормонҳои миллӣ ва мардумӣ дар шароити нави таърихӣ (манзур давраи Истиқлолияти давлатӣ аст) мардуми тоҷик сарнавишти сиёсӣ ва фарҳангию иҷтимоии худро дар қолаби Конститутсияи миллӣ тарҳрезӣ намуд. Он чи ки меъёру мелоки ормонҳои миллии бостониро ташкил медод, дар Конститутсияи миллӣ инъикос ёфт. Муқаддимаи Конститутсия (моддаи 1) калидғояро дар шакли зайл таъкид мекунад: «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии  арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Дигар бахшҳои санади асосии миллӣ мазмунан ин нуктаи калидиро тавзеҳу ташреҳ медиҳанд (барои намуна, моддаи 2: Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст; моддаи 5: Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд; моддаи 18: Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад; моддаи 30: Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст». Бар пояи Маншури Куруш ва асноди байналмилал моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаққӣ мекунад: «Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад». Нукоти мазкур, ки дар шаҳодатномаи миллӣ (Конститутсия) инъикос ёфтаанд, дар заминаи омӯзиш ва дарки ормонҳои миллии бостонӣ, ки дар боло ишора шуданд, дарҷ гардидаанд.
Ин ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи сохтмони давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор бардошта истодааст, ба мазмуну муҳтавои Конститутсияи кишвар вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, бо қабули Конститутсия соли 1994 халқу давлати Тоҷикистон дар самти сохтмони давлатдории демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ иқдом карданд ва ташаббусҳои минбаъдаи созандаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ, маданӣ ва ҳунарӣ давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ соҳибобрӯ сохт. Бо қабули ин санади калидӣ, ки бозгӯкунандаи сатҳи тамаддун ва фарҳанги давлатдории миллӣ мебошад, Тоҷикистон ба доираи давлатҳои мутамаддин шомил гардид ва имрӯз ҳарфи раҳбарияти олии моро созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои қудратманди минтақавию ҷаҳонӣ эҳтиром мекунанд.
Ҳанӯз 20 июли соли 1994 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба ислоҳоти конститутсионӣ, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи ХIХ Шӯрои Олии Тоҷикистон таъкид карда буданд: «Лоиҳаи Конститутсияи навро мардум қонуни сарнавишту тақдирсоз номидааст, ки ин асоси воқеӣ дорад. Конститутсияи нави Тоҷикистон бояд ҳамчун ҳуҷҷати ифодакунандаи орзую ормон ва масъулияти шаҳрвандон, конститутсияе, ки минбаъд ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъият дар чорчӯбаи он сурат бигирад, барои насли имрӯзу ояндаи мо муқаддасу шариф аст». Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конститутсияи сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳурӣ, ҳақиқатан, воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ  маҳсуб меёфт. Ин санади сарнавиштсоз бо роҳи демократӣ ва аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона (унитарӣ) мустаҳкам менамояд. Дар он шакли идоракунӣ, сохтори давлатӣ ва режими сиёсӣ  муайян карда шуда, давлати иҷтимоӣ будани Тоҷикистон эълом шудааст. Хусусияти фарқкунандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки он аввалин маротиба усули таҷзияи ҳокимиятро пешбинӣ карда, волоияти меъёрҳои қонуни асосӣ ва бартарияти санадҳои ҳуқуқии байналмилалиро муқаррар намудааст. Дар он аввалин маротиба сухан дар бораи вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд меравад, ки барои конститутсияҳои қаблӣ ин мафҳум бегона буд.
Дар бахши муқаддимотӣ ё ба истилоҳ, преамбулаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи халқи ҷумҳурӣ чунин нукоти ҷолибе дарҷ гардидааст: “Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем”.
Ин нукта бар он далолат мекунад, ки Конститутсияи давлати миллӣ бар мабнои иродаи халқ ва мардуми шарифи Тоҷикистон таҳаққуқ ёфта, хостҳои миллати куҳанбунёди тоҷикро ифода мекунад.
Маълум аст, ки конститутсияҳо, мувофиқи суннат ва анъаноти давлатӣ дар давраҳое қабул карда мешаванд, ки давлату ҷомеа аз як сатҳи инкишоф ба сатҳи дигари таҳаввул мегузарад. Табиист, ки чунин гузариш бе нуқсу камбудӣ буда наметавонад ва дар ҳавзаҳои иҷтимоӣ ноҳамгуниҳоро ба вуҷуд меоварад. Дар чунин вазъ аз мафкураи пурҳаяҷони ҷомеа ҳар гуна ташаннуҷ, бесарусомонӣ ва зиддияту ихтилофи шадидро интизор будан имконпазир аст. Пешгирии чунин ҳолат ба қабули конститутсия вобастагии калон дорад, яъне он метавонад ба санади ризоят ва ваҳдати умум табдил ёбад. Аз ин ҷост, ки Конститутсияи соли 1994 маҳз ҳамин гуна санад буд ва боиси пойин бурдани сатҳи ташаннуҷ ва тадриҷан аз байн бурдани камбудиҳо гардид.
Аҳамияти фавқулода бузурги Конститутсия дар таҳкими пояҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва идеологии давлати навистиқлоли тоҷикон тавассути тағйирнопазир эълон шудани на танҳо шакли идора, балки моҳияти ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, демократӣ ва иҷтимоии давлат барҷаста аён мегардад.
Воқеан, ҷавобгӯи демократия будани ин ё он конститутсия аз мундариҷаи демократӣ доштани он бармеояд. Қабл аз ҳама, он бояд ба рушди мунтазаму устувори  институтҳои демократӣ мусоидат кунад, ки интихоботи озоду шаффоф, интихобӣ будани ашхоси мансабдор, озодии афкор, дастрасӣ ба сарчашмаҳои гуногуни иттилоот, ҳуқуқҳои умумии шаҳрвандӣ, мухторияти ассотсиатсияҳо (ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳо аз рӯи манфиат, ҷамъиятҳои шаҳрвандон ва ғайра) ба он шомиланд. Новобаста аз муҳлати хеле кӯтоҳи қабули Конститутсия, институтҳои демократӣ дар Тоҷикистон рушди муътадил пайдо карданд. Чунончи, интихоботи озоду демократӣ (интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013, интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллӣ, раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия) сари вақт ва бо иштироки нозирони дохиливу хориҷӣ доир гашт. Ногуфта намонад, ки тавассути моддаҳои марбутаи Конститутсияи соли 1994  ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд таъйин гардид ва озодии андеша тавассути воситаҳои ахбори омма сурат гирифта, сензура ва таъқиб барои танқид манъ шуд. Таъйини меъёрҳои озодии виҷдон ва андеша (моддаи 26), ки аз муҳтавои Конститутсияи соли 1994 бармеояд, роҳи сохтмони давлати дунявиро ҳамвор намуд. Маҳз давлате, ки бар мабнои низоми давлатдории дунявӣ устувор аст, метавонад озодии виҷдон ва андешаро таъйиду тазмин кунад. Ин нуктаи меҳварии озодиҳои инсонро Конститутсия соли 1994 муқаррар кард ва аз ин тариқ барои ба вуҷуд омадани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маданӣ дар мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.
Тавре ки зикр шуд, Конститутсияи Тоҷикистон беҳтарин арзишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар худ инъикос кардааст, аммо ин маънои онро надорад, ки бе инкишофи  баланди шуури иҷтимоӣ Конститутсия ҷомеаро дигар мекарда бошад. Сатҳи шуури иҷтимоӣ аз худшиносии иҷтимоию маънавии шаҳрвандон вобастагии амиқ дорад. Маҳз ҳамин гуна сатҳи шуур ва худшиносӣ дар тинати мардуми тоҷик буд, ки хавфи таназзули давлат дар солҳои душвори 1993 – 1997 аз байн рафт. Ба шарофати ҷидду ҷаҳд ва талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навсозии ҳама соҳа аз ислоҳоти қонунгузорӣ дар партави Конститутсия оғоз шуд. Хусусияти аз ҳама муҳим ва ҷолиби диққати Конститутсия дар он зоҳир гардидааст, ки он ба мафкураи ягон ҳизб ё ташкилоти диниву сиёсӣ асос наёфтааст.
Дар маҷмӯъ, бар асоси Конститутсияи соли 1994 шароити мусоиди такмили қонунияти конститутсионӣ ва истеҳкоми пояҳои демократикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шуд. Дар ин замина Пешвои миллат таъкид кардаанд:«Демократия дар ҳолате вуҷуд дошта метавонад, ки ҳокимият ба дасти қонун аст» ва сарчашмаи ҳуқуқ – Конститутсияи миллӣ раванди дунявият ва мардумсолориро дар қаламрави ҷумҳурӣ таҳкиму тақвият бахшид. Ба сухани дигар, Конститутсия гардиши куллиро дар ҳаёти сиёсӣ, идеологӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд оварда, роҳҳои рушду тараққии минбаъдаи давлатдории муосири тоҷиконро ҳамвор сохт.

Нозим НУРОВ,  муҳаққиқ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.11.2019    №: 208    Мутолиа карданд: 1157

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед