logo

иҷтимоиёт

САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА АВРУПО ДӮСТОНРО ШОД КАРДУ ДУШМАНОНРО КӮР

Дар саҳифаи “Ахбор”-и шабакаи иҷтимоии facebook маводи кӯчаке зери унвони “Баъди се сол: Президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Аврупо сафар мекунад” интишор ёфтааст. Аз иттилои мазкур, бешубҳа, аён мегардад, ки он аз ҷониби хоинони миллат ва ташкилотҳои экстремистиву террористии наҳзати исломӣ ва  паймони миллӣ таҳия ва паҳн гардидааст.
Бо такя ба манбаъҳои иттилоотӣ, гурӯҳи хиёнаткор зикр менамояд, ки Сарвари давлат ҳафтаи оянда ба чанд кишвари Аврупо сафар мекунад. Кори Президент аз Швейтсария оғоз ва Фаронсаву дигар кишварҳои Аврупоро фаро хоҳад гирифт...
Аммо сухан дар сари он аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал нест, ки ба ин ё он кишвар сафар намоянд. Ҳар як сафару мулоқот ва ташрифашон ба ин ё он мамолики дунё дар шинохти Тоҷикистони соҳибистиқол ва муаррифии он хидмати бузургро анҷом медиҳад ва самараи хуб ҳам дода истодааст. Ин аст, ки имрӯз кишвари ҷавони моро беш аз 150 давлати дунё мешиносад ва, дар ин замина, ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда шудаанд, ки маҳз аз самараи судманди сафарҳои Сарвари давлат ва ташаббускориҳои созандаву бунёдкориҳояшон шаҳодат медиҳад.
Хоинони давлату миллат бояд бидонанд, ки Президенти Тоҷикистон на ба назди хоинони Ватан ва гуфтушуниди онҳо, балки ба сӯи ояндаи неки Тоҷикистон ва рушди босуботи он қадами устувор мегузоранд. Ҳар иқдом ва ташаббусҳои Пешвои миллатро мо - мардуми шарифи Тоҷикистон пайгирӣ ва ҷонибдорӣ менамоем...
Ҳамчунин, дар идомаи матни мавод душманони миллат аз пикети эътирозии соли 2017 ёдовар шуда, муноқишаҳои лафзии худро бо муҳофизон зикр доштаанд. Аммо дар асл давоми ду соли сипаригардида чӣ натоиҷе дод?... Баръакс, ватанфурӯшиву хиёнаткорӣ ва амалҳои пасипардагии ин гурӯҳи экстремистиву террористӣ боз ҳам ба мардум равшантар гардида, ҷинояткор будани худро ТЭТ ҲНИ бори дигар исбот намуд. Мақсади бадхоҳиву сангпартоиҳои ин гурӯҳи нотавонбин тайи солҳо ва рӯзҳои охир, бешубҳа, аён гардида истодааст, ки ҳадафи онҳо ба даст овардани ҳокимият аст, на чизи дигар...
Ин бадхоҳони миллат бояд бидонанд, ки хоки муқаддаси тоҷику тоҷикистонӣ на ҳар фардеро мепазирад ва на ҳар касеро ба оғӯш мегирад. Аммо, ба ҳар сурат, Пешвои хирадманди миллат гуноҳи ҳазорҳо ҷинояткорону маҳбусони кишварро бахшиданд, ки аз бузургӣ ва хислатҳои неки инсонии Сарвари давлат шаҳодат медиҳад. Ин дарси бузург ба шумоён - бадхоҳони миллат хоҳад буд. 
Дар қисми ниҳоии маводи интишоргардида онҳо худро ҳамчун намояндагони мухолифини тоҷик тарошида, гӯё раҳпаймоиҳои эътирозӣ ташкил мекунанд. Аммо бояд донист, ки 10 - 12 нафаре, ки тайи чанд соли охир дар кунҷу кӯчаҳои бесоҳибу беодами Аврупо гирдиҳамоиву роҳпаймоиҳои беасос ташкил намуда буд, чӣ суде ба миён овард? Ҳеҷ!  Баръакс, муҷиби хандаи истеҳзоомези хориҷиён шуд...
Хулоса, эътимоди мо, мардуми шарифи Тоҷикистон, комил аст, ки сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар сафарҳои хушоянду самарабахш бобарор хоҳад буд ва тамоми қувваю тавоноиашон ба манфиати давлату миллат сарф хоҳад гардид.
Аз ин дастоварду муваффақиятҳо чашми душманону хоинони миллат боз ҳам хиратар гардида истодааст!
Тоҷикистон бо Пешвои миллат пеш меравад!  
Тоҷикистон, ба пеш!

Бобоҷони ХАЙРИДДИН, ҷомеашинос, сокини шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.11.2019    №: 209    Мутолиа карданд: 445
07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед