logo

иҷтимоиёт

КАНДАКОРӢ. ҲИФЗИ ҲУНАРИ НИЁГОН – ҚАРЗИ МО ДАР НАЗДИ ТАЪРИХ

Кандакорӣ яке аз санъати қадимаву гаронбаҳои мардуми тоҷик буда, дар он то андозае донишу маърифат, орзуву омол ва ахлоқу зебоипарастии ин миллати куҳанбунёду мутамаддин таҷассум ёфтааст. Он навъи  санъати  ороишиву пардозгарӣ аст ва тавассути кандану буридани чӯб, устухон, гаҷ ва гил тарҳрезӣ мегардад. Кандакорӣ намудҳои гуногун дорад, ки аз замонҳои қадим  устоҳои моҳир онҳоро ҳангоми сохтмони хонаҳо ва масҷиду мадрасаҳо истифода мебурданд.
Мутахассисон нақшҳои кандакориро ба ду гурӯҳ ҷудо кардаанд: классикӣ ва маҳаллӣ – халқӣ. Нақшҳои классикӣ, ки дар асрҳои миёна  паҳнгардидатар буд, аз гиреҳ, шаклҳои мухталифи ҳандасӣ, исломӣ, яъне расмӣ ба шакли муайян даровардани навдаҳо ва баргу гулҳо иборатанд. Барои офаридани ин гуна  нақшҳо кандакор фанҳои махсус, аз ҷумла,  ҳандасаро  бояд хуб донад.
Нақшу нигори гурӯҳи дуюм бештар анъанаҳои маҳаллии халқиро инъикос менамояд. Элементҳои ин нақшу нигор асосан предметҳои реалӣ мебошад. Аз қадим мардум хонаҳо ва қисми зиёди биноҳоро бо усули анъанавии ороишдиҳӣ сохта, девору шифти хонаҳоро бо кандакорӣ оро медоданд. Дар нимаи дуюми асри ХIХ ва аввали асри ХХ дар маҳаллаҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Уротеппа, Бухоро ва Самарқанд ба ороиши шифти хонаҳо аҳамияти калон дода мешуд. Шифтҳо одатан  бо чӯб  ва гаҷи кандакоришуда оро меёфт. Ин гуна ороиш дар масҷидҳои калон низ дида мешуд. Қариб тамоми хонаҳои сокинони маҳаллии шаҳрнишин, айвону бошаҳо, сутунҳо, дарҳо, тобадонҳо ва панҷараҳои чӯбин нақшу нигори кандакоришуда доштанд.
Ёдгориҳои Панҷакенти Қадим шаҳодат медиҳанд, ки ин санъат дар он давра хеле рушд карда будааст. Ин анъана то  давраи  Сомониён дар ҷараён буд, ки якчанд намунаи он дар деҳаҳои болооби Зарафшон пайдо гардидааст. Солҳои 1940 – 1970 олимон дар водии Зарафшон ҳафриёт гузаронда, маълум намуданд, ки дар деҳаи Фалғар (ноҳияи Айнӣ) сутунҳои масҷидҳо бо санъати хоси фарҳанги кандакории ҳамон давра бисёр зебо  оро дода  мешуданд.  Дар деҳаи  Оббурдон, Курут, Фатмев, Уротеппа, Рарз, Зосун ва Сангистони ин водӣ низ сутунҳои кандакорӣ  ёфт шуданд, ки ба асрҳои IX – X мансуб буда, аз рушд ва  нумӯи  ин  санъат  дар замони  Сомониён  маълумот медиҳанд. Онҳоро шоҳасари санъати волои кандакории замони Сомониён номидан мумкин аст.
Ҳоло ду сутун аз деҳаҳои Курут ва Урметан дар Осорхонаи миллӣ ба намоиш  гузошта шудааст. Агар онҳоро бодиққат тамошо намоед, дарк хоҳед кард, ки ороиши онҳо аз якдигар  ҷолибтаранд. Дар онҳо ҳам аз санъати кандакории қадимии  суғдӣ  ва ҳам замони Сомониён истифода шудааст. Бахусус, нақшҳои ҳандасавӣ, наботӣ ва зооморфӣ хеле таваҷҷуҳбарангезанд.  Дар баъзеи онҳо дилчаҳо ва дар миёнаҷо баргчаҳои пурнақшунигор  кандакорӣ  шудааст.
Нақшҳои кандакоришудаи сутунҳо ва дарҳои биноҳои замони Сомониён гуногунанд. Нақши навдаҳо ва доираҳои гуногун бисёр дида мешавад.  Одатан  нақшҳо баланд ва ё паст тарошида мешавад, ки канори онҳо кӯндаланг буда, дар байнашон ҷои холӣ доранд. Нақши ҳандасӣ канорҳои кундаланг дошта, аз дарҳо баъзан мураккаб мешавад.
Дигар ёдгории замони Сомониён ин меҳроб мебошад, ки соли 1925 аз деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ ёфт гардидааст. Он аз чӯби бурҷ (тӯс), бе истифодаи  мех ва ширеш  сохта  шудааст. Ҳаҷми меҳроб 327х180 см буда, шаклан ҳарфи «п» - и алифбои  кириллиро мемонад. Дар гирдогирди меҳроб бо хати куфӣ катиба навишта шудааст. Соли 2002 бори аввал донишманди тоҷик А. Қ. Шарифов катибаро хонда маълум кард, ки он на ояти қуръонӣ, балки ҳадисе аз ҳазрати Муҳаммад (с) аст. Меҳроби Искодар низ рушду нумӯи санъати кандакорӣ дар даврони Сомониёнро собит месозад.
Асоси рушди ин санъатро мо дар бозёфтҳо аз Панҷакенти Қадим ва Истаравшан, ки ҳоло дар чандин осорхонаҳои кишвар маҳфузанд, низ дида метавонем. Дар натиҷаи кофтукови археологӣ дар Панҷакенти Қадим хонаҳое ёфт шуданд, ки дар ороишот нақши рӯи чӯбу гил мақоми муҳиме доштанд. Кашфиётҳои Шаҳристон, Уротеппа ва Варахша ҳам маълум намуд, ки санъати кандакории чӯб дар ин мавзеъҳо соҳиби анъанаи амиқи маҳаллӣ  мебошад.
Хушбахтона, бо таваҷҷуҳу ғамхории давлат ва Ҳукмати ҷумҳурӣ нисбат ба ҳунарҳои мардумӣ, имрӯз санъати кандакорӣ дар кишвар хеле рушд карда, ҳангоми шаҳрсозиву бунёди иншооти нав аз ин ҳунар ҳатман истифода мешавад, ки намунаҳои беҳтаринаш “Кохи Наврӯз”, чойхонаҳои “Роҳат” ва “Хуррамшаҳр” мебошад. Бо эълон гардидани Солҳои рущди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боз бовар дорем, ки ин ҳунари аҷдодии мо аз ин ҳам бештар сайқал меёбаду ҷавонони зиёде ба омӯзиши асрори он мепардозанд. Зеро ҳифзи ҳунари ниёгон як рисолати муҳими мо дар назди таърих аст.

Фотима РУҲУЛОВА, корманди илмии  Осорхонаи ҷумҳуриявии  таърихӣ -
кишваршиносии шаҳри Панҷакент ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.11.2019    №: 209    Мутолиа карданд: 249

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед