logo

ҳуқуқ

БАҚОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри  соли 1994 қабул гардид, дар таърихи конститутсионализми Тоҷикистон нахустин санадест, ки тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудааст. Тавре Сарвари давлат зикр карданд: «Хусусияти асосӣ ва муҳими Конститутсияи мазкур дар он аст, ки он на санади аз тарафи гурӯҳи одамон қабул шуда, балки аз тарафи аксарияти халқ қабул карда шудааст. Аксарияти аҳолӣ ба Конститутсия овоз доданд. Ин дастоварди бузурги мо ба ҳисоб меравад».

Қабули Конститутсия имконият фароҳам овард, ки давлат тамоми шароит ва захираҳои мавҷудаи худро барои раҳоӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини тамомияти арзӣ, якпорчагии давлат, баргардондани ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ, гузаштан ба фаъолияти созандагию бунёдкорӣ сафарбар намояд.
Ҳоло аҳамияти таърихию сиёсии Конститутсия дар ҳаллу фасли масъалаҳои зерин зоҳир мешавад:
Якум, дар Конститутсияи нави давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон  тамоми муқаррароти санадҳои инъикоскунандаи раванди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, Изҳорот дар бораи  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 9 сенябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пурра дарҷ гардиданд, ки ин  санад инъикоси конститутсионии садоқат ба меъёр ва арзишҳои  умумибашарӣ, назарияи конститутсионализми ҷаҳонӣ, таъриху фарҳанг, забон, рамзҳои давлатӣ ва истиқлолияти комили Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ гардид.
Дуюм, Конститутсияи мамлакат аз ҷиҳати мазмун, муҳтаво ва сохтори дохилии худ дар қатори беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон қарор гирифта, тавассути ин ҳуҷҷат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусусияти давлати мо ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, таъриху фарҳанг ва забони миллӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, муносибат ба инсон ва шаҳрванд, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои он, мавқеи халқ дар давлатдорӣ, низоми ҳокимияти давлатӣ, муносибати давлат ба моликият, ба тартиби таъсиси мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти  маҳаллӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, шиносоӣ пайдо намуд.
Ба ибораи дигар, Конститутсия, барҳақ шиносномаи давлат ва халқи Тоҷикистон гардид. Узви Созмони Милали Муттаҳид ва муҳимтарин созмонҳои байналмилалии дунё будани Тоҷикистон, аз ҷониби зиёда аз 160  давлати дунё чун кишвари соҳибистиқлол эътироф шудани  он ва бо зиёда 130 мамлакати ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намуданаш, шаҳодати гуфтаҳои боло мебошад.
Сеюм, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дигар конститутсияҳо, эътибори олии  ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои  ҳуқуқӣ, ки хилофи онанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Ҳамчунин, дар Конститутсия сарчашмаҳои ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд. Дар он номгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ин ё он самти фаъолияти давлатиро танзим менамоянд, эътибори ҳуқуқии онҳо, тартиби қабул, бекор кардан ва нашр кардан муқаррар  мешавад.
Дар асос ва заминаи Конститутсия низоми ҳуқуқии мамлакат рушду таҳкими минбаъдаи худро ёфт, ки он ҷавобгӯи манфиатҳои  инсон  ва шаҳрванд, ҷомеа ва давлат буда, ин се манфиат дар онҳо бо  ҳам тавъаманд. Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол 17 қонуни конститутсионӣ, 22 кодекс, 357 қонуни соҳавӣ, аз ҷумла 16 қонуни авф, 1 қонуни авфи амвол, 1 қонуни авфи маблағҳои ғайриқонунӣ, 27 қонуни буҷет марвиди танзими муносибатҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ қарор доранд. Зиёда аз 17 ҳазор қарори Ҳукумат барои татбиқи қонунгузорӣ ва дигар масъалаҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ ва истеҳсолию хоҷагӣ қабул гардид. Дар ин муддат се кодекс ва зиёда аз 110 қонун вазифаи даврии худро иҷро карда, аз эътибор соқит дониста шудааст.  813 санади ҳуқуқии байналмилалӣ аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд.
Чорум, Конститутсия барои таъмини кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш шароити арзанда фароҳам овард. Ҳуқуқҳои шаҳрвандонро барои ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иштироки фаъолона дар интихобот, интихоб кардан ва интихоб шудан; дар доираи қонунҳои амалкунанда шаффоф, демократӣ, ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифтани интихобот кафолат дод. Ҳамзамон, ин ҳуҷҷати муҳим ба таъсиси як қатор ниҳодҳои нави давлатдорӣ ва ҷомеаи демократӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, шароити мусоиди сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Панҷум, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва судӣ ба таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт. Тибқи Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи Суди конститутсионӣ”, Суди конститутсионӣ ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ бо мақсади ҳифз, таъмини волоият ва амали бевоситаи Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсис ёфтааст. Чунин муқаррароти Конститутсия тақозо менамояд, ки санадҳои меъёрии қабулкардаи мақомоти қонунгузор, дигар мақомоти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва салоҳияти қабулу тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқидошта ба Конститутсия мутобиқ бошанд.
Ҳамин тариқ, ҳифзи Конститутсия тақозо намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсуси босалоҳият, мустақил ва беғарази назорати конститутсионӣ таъсис дода шуда, вазифаи муҳим ва муқаддас ба зимааш вогузор карда шавад.
Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо қабули барномаҳои давлатӣ оид ба ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ ва таҳкими қонунгузорӣ дар бораи Суди конститутсионӣ, салоҳияти Суди конститутсионӣ ва доираи субъектоне, ки ҳуқуқи ба Суди конститутсионӣ муроҷиат карданро доранд, ҷиддан васеъ гардид.
Бояд гуфт, ки Конститутсия барои рушду инкишофи низоми самараноки иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шароит фароҳам оварда, кафолати ҳифзи тамоми намудҳои моликият, алалхусус моликияти хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ,  нақши назаррас гузошт. Ҳамин аст, ки Тоҷикистон аз соли 2000 ба марҳилаи рушди устувор ворид гардида, афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар даҳ соли охир ба ҳисоби миёна беш аз 7 фоиз таъмин мегардад, ки тибқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланди сатҳи рушди иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.
Ҳақ бар ҷониби Д. Левин аст, ки дар тадқиқоти худ бахшида ба 200 - солагии Конститутсияи ИМА муҳимияти махсуси ин санадро нишон дода, қайд менамояд, ки «Конститутсия - ин на матн, ин низоми арзишнок аст, арзишҳое, ки зинда буда, такрор мешаванд ва ҳаёти ҷомеаро пеш мебаранд».
Аз ин рӯ, мо бояд мавҷудияти ин санади олии тақдирсози миллатро дар ҳаёти ҷомеа аз ҳарвақта дида бештар эҳсос намоем. Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳо ва муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор диҳем ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

А. А. АШУРЗОДА, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2019    №: 210    Мутолиа карданд: 707

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед