logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Чайнворди «Конститутсия»
Бахшида ба 25 – солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Мутобиқи моддаи 1 Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати…
2. Рамзи давлатӣ.
3. Яке аз шаклҳои идоракунии давлатиро ёбед.
4. Мақомоти қонунгузор чӣ ном дорад?
5. Назорати риоя ва иҷрои қонунҳоро кадом мақомот бар зимма дорад?
6. Кормандони Маҷлиси намояндагон.
7. Конститутсия аз кадом калима гирифта шудааст?
8. Яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатиро ном баред.
9. Яке аз мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом аст?
10. Яке аз маъракаҳои сиёсиро ном баред.
11. Яке аз асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ ном дорад?
12. Яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатиро ном баред.

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40


САЙЁҲОН ЧАРО ҶАРИМА МЕШАВАНД?
Саёҳат ба кишварҳои дунё ҷолиб аст. Вале вақте ба мамлакати дигар меравед, бояд донед, ки ҳар давлат қонуну қоидаҳои худро дорад ва риоя кардани онҳо ҳатмист.
Дар мамлакати мо шоколади “Киндер - сюрприз” – ро дар тамоми мағозаҳо дидан мумкин аст. Аммо дар ИМА барои аз сарҳад гузарондани он 300 доллар ҷарима ситонда мешавад.
Дар Таиланд пули миллиро ғиҷим кардан, ба замин партофтан, дарондан ва ҳатто дар кисаи қафои шим гирифтан мумкин нест. Барои ин ҳам ҷарима бояд супурд.
Дар Сингапур яке аз сайёҳон дар пайроҳа туф кард. Ӯро ҳамон замон политсияи маҳаллӣ ба маблағи 300 доллар ҷарима баст. Илова бар ин, ҷаримаро бояд дар муддати 2 рӯз супурд, вагарна маблағи он ба 2000 доллар мерасад.
Дар Италия ҳатто дар ҳолати хеле гарм шудани ҳаво ҳам, оббозӣ дар фаввораҳо мумкин нест. Аз вайронкунандаҳои ин қоида то 900 евро ҷарима ситонда мешавад.
Дар майдони Сан - Маркои Венетсия ба кабӯтарон додани гандум ё биринҷ мамнӯъ аст. Зеро кабӯтарҳо хеле зиёданд ва онҳо кӯчаро ифлос мекунанд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА


АЗ ТАЪРИХИ САРҚОНУНҲО
Кӯтоҳтарин конститутсияи амалкунанда қонуни  асосии Амрико мебошад. Ҳамчунин, ин ҳуҷҷат куҳантарин санадест, ки конститутсия эълон шудааст.  То имрӯз ба он 27 маротиба тағйирот дохил кардаанд.
Санади асосии давлатдории Ҳиндустонро дарозтарин сарқонуни олам меноманд. Он аз 149 ҳазор калима, 465 модда, 12 иловаҳои бузург ва 70 тағйирот иборат аст.
Маълум мешавад, ки дар Исландия қонуни асосӣ аз тарафи касони тасодуфӣ мураттаб шудааст, ки то ҳанӯз такмил дода мешавад. Доир ба ҳар тағйиру иловаҳои воридгардида дар шабакаи иҷтимоии УouTube ҳисобот дарҷ мегардад.
Танҳо дар қонуни асосии кишвари Ҷопон маҳкум кардани ҷанг ба таври расмӣ қайд гардидааст. Аз ин рӯ, сарқонуни Ҷопонро ҳуҷҷати сулҳхоҳона меноманд.  
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ҲАСАД ОТАШ АСТ!
Ду бемор дар як ҳуҷра бистарӣ буд. Яке, ки ба по истода метавонист, ҳар рӯз як соат пеши тирезаи ҳуҷра нишаста, бо дилсӯзӣ аз манзараҳои берун ҳарф мезад ва таскини дили ҳамхонааш мешуд.
Масалан, мегуфт: «Тиреза рӯ ба рӯи боғе қарор дорад, ки дарёчаи зебое аз он мегузарад. Мурғобиҳо дар он шино мекунанд. Кӯдакон бо заврақҳои худ дар он саргарми бозӣ ва дарахтони қадимӣ ба манзараи атроф ҳусни зебое мебахшанд».
Бемори барҷомонда, ки неруи аз ҷой хестан надошт, аз нақли ҳамсуҳбаташ шод шавад ҳам, аммо дилашро оташи ҳасад месӯхт: «Чаро ӯ мебинаду ман не?» Бо ҳар восита бародари ҳамдардашро аз пеши тиреза дур андохта, ҷояшро гирифтан мехост.
Ниҳоят вақте бемори наққолро ба ҳуҷраи дигар бурданд, дувумӣ пеши тиреза интиқол ёфт ва ба ҳадаф расид. Вале чун чашм ба берун андохт, аз дидани девори барқад сахт такон хӯрд. Дар он сӯи тиреза аз он манзараҳои афсонавӣ асаре набуд, онро бародари бемораш ба он хотир нақл мекард, ки ба рӯҳи ҳамхонааш таъсири мусбате расонда, ба тансиҳатӣ мусоидат намояд.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ АЗ ГӮШАИ ДИГАРИ ДУНЁ РАСИД
Боре нимашаб дар хонаи Карло Доппиери 33 - сола, ки дар шаҳри Милани Италия мезист, телефон бонг зад. Бо ӯ арӯсшавандаи 25 – солааш Квонг Зунд - Хи аз Сеул (Корея) дар тамос шуду бо садои паст, вале пур аз дарду алам гуфт: «Ман тани танҳоям, аз ин рӯ, хеле ғамгинаму аз зиндагӣ дилмондаам. Ту аз ман дурӣ. Бидон, ки доруи хоб бихӯрдаму дурудароз ба хоб хоҳам рафт». Баъди ин ӯ гӯширо монд. Карло ҳамон лаҳза аз пайи илоҷ шуд. Вай ба ёрии таъҷилӣ занг заду воқеаро шарҳ дод. Наҷотбахшони миланӣ бо сафоратхонаи Италия дар Сеул тамос гирифтанд. Аллакай баъди якчанд дақиқа мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва пулис сӯи хонаи Квонг Зунд - Хи роҳ мепаймуданд. Духтаракро наҷот доданд. Духтурон меъдаи вайро шустанд. Маълум шуд, ки арӯс 20 дона ҳаб хӯрдааст. Рӯзи дигар Карло ба Сеул парвоз кард, то ки арӯсашро аз Корея ба Италия оварад.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


ПОСУХИ АҶИБИ БРЮС ЛИ
Аз асосгузори санъати ҳарб, ҳунарманди маъруфи ҷаҳон Брюс Ли пурсиданд:
- Шумо дар муҳориба аз кадом инсони неруманд бештар меҳаросед?
Брюс Ли посух гуфт:
- Наметарсам аз касе, ки 10 ҳазор зарбаи гуногунро меомӯзад, аммо метарсам аз он касе, ки ҳангоми машқ 1 зарбаро 10 ҳазор маротиба такрор мекунад.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ЧАРО БА ДА ВИНЧИ БОВАР НАКАРДАНД?
Ихтироъкори машҳури итолиёвӣ Леонардо да Винчи бештари лоиҳаҳои «афсонанамо» - и хешро бо супориши ҳокимони давр ва ашхоси маъруф  иҷро мекард. Худи Людовик Сфортс ва гертсог Миланский чандин лоиҳаи ӯро амалӣ намудаанд.
Боязиди II, султони империяи усмонӣ, низ аз ихтирооташ огаҳ шуда, ҷиҳати сохтани пули муҳташам ёрдам мепурсад. Да Винчи лоиҳаеро пешниҳод карда буд, ки ҳамаро ба ҳайрат овард, аммо касе ба амалӣ шудани он дар замонаш ҷуръат накард.
Дар асоси таҷрибаи римиён да Винчи тарзи нави пулсозиро пешниҳод намуд, ки тавассути қонуниятҳои гравитатсия ва қувваи соиш амал менамояд. Дарозии он 220 метрро ташкил дода, паҳноияш аз пулҳои он замон хеле васеътар буд. Ва бояд онро аз сангҳои хеле хуб суфташуда месохтанд ва бо ин роҳ он ба заминларзаҳои шадид ҳам тобовар мешуд.
То оғози сохтмон ба воқеӣ будани лоиҳа шубҳа доштанд, аммо ҳамин ки такягоҳҳои пули навро гирифтанд, маълум шуд, ки ҳисобу китоби нобиғаи асримиёнагӣ дақиқ будааст.
Таҳияи Саҳобиддин СУЛТОНЗОДА


МОҲИЧА ДАР ЁФТАНИ АНГУШТАРИНИ НИКОҲ ЁРӢ РАСОНД
Сокини 44 - солаи Корнуолл (Англия) Ден Левайн замоне ки рӯзи истироҳат дар соҳили баҳр моҳигирӣ менамуд, ангуштарини никоҳиашро гум кард. Марди аз ин хусус ғамгингашта оид ба ин талафи худ дар шабакаи иҷтимоӣ навишт.
- Пас аз як рӯз ангуштарин тасодуфан ба соҳибаш баргардонда шуд. Дар ин кор ба ӯ моҳичае ёрӣ расонд,- навиштааст Fox News.
Сокинони маҳаллӣ Гэри ва Эмма Спайерс ҳангоми ҷазр- камшавии об дар соҳили баҳр сайругашт менамуданд. Дар яке аз сӯрохии хурдакаки санг, ки  пур аз об буд, онҳо моҳичаеро диданд, ки шино мекард. Ин ҷуфт ба дидани моҳича омаданд ва дар умқи об ангуштаринро дарёфтанд.
Хушбахтона, кӯдакони Спайерсҳо бо кӯдакони Левайнҳо ошно буданд ва аз гум шудани ангуштарин низ огаҳӣ доштанд. Ҳамин тавр, бозёфтро ба соҳибаш баргардонданд. Левайн ба онҳое, ки дар ҷустуҷӯ ба вай ёрӣ расонданд, изҳори сипос намуд. Ба моҳича низ дар шабака чунин навишт: «Ба ту ҳам ташаккур моҳичаи хурдакак».
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


БУЗУРГТАРИН ШАБАКАҲОИ МЕҲМОНХОНАҲОИ ҶАҲОН
Ҳолидайлнн
Асосгузори бренди оянда Кеммонс Уилсон дӯст медошт, ки дар ИМА бо автомобил саёҳат кунад. Вале меҳмонхонаҳои сарироҳиро бад медид. Ӯ фикр мекард, ки онҳо ба талаботи сайёҳони замони нав мутобиқ нестанд ва намуди зоҳириашон на он қадар хуб аст.
Ин ҳолат ба ӯ идеяи кушодани меҳмонхонаеро дод, ки аз меҳмонхонаҳои дигар фарқ кунад ва ба тамоми сайёҳон дастрас бошад. Идеяи Уилсон соли 1952 дар Мемфиси иёлати Теннесси амалӣ гашт.
Дар охири солҳои 50 - уми асри гузашта шумораи меҳмонхонаҳояш аз 100 гузашт ва солҳои 60 - ум бошад, шумораи онҳо беш аз 1000 ададро ташкил дод.
Айни ҳол зери бренди «Ҳолидайлнн» 1145 меҳмонҳона фаъолият мекунад.
Таҳияи Комрон САФАР


КИТОБҲОЕ, КИ БОИСИ ТАҲАВВУЛОТИ ТАФАККУРИ ИНСОН ГАРДИДААНД
Сергей Брин ва «Лексияҳои Фейнман доир ба физика»
Миллиардер, асосгузори барномаи «Google» Сергей Брин мухлиси асарҳои Фейнман буда, сабаби  комёбиҳо ва муваффақиятҳои хешро аз мутолиаи асарҳои ӯ медонад. Бринро хондани асарҳои олими писандидааш, ки ҳамеша навоварӣ ва талошҳо карда, мехост Леонардо да Винчии замони хеш бошад, мутаассир ва мафтун кардааст. Китоби «Лексияҳои Фейнман доир ба физика» ва китоби тарҷумаиҳолии Фейнман, ки саросар аз воқеаҳои аҷоиб ва латифаҳои намакин мураттаб гардидааст, дар арсаи адабиёт як вокуниши бузургеро ба бор оварда, яке аз китобҳои серхаридортарин эътироф гардидааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


ПУЛҲОИ АФСОНАВӢ
8. Пули Хуаншан, Анхой, Чин   
Пули Хуаншан ё "Пули намирандаҳо"  - мероси табиӣ ва фарҳангии инсоният - соли 1987 сохта шудааст. Он ду нақби кӯтоҳро, ки дар дили ду девори сангин канда шудааст, ба ҳам мепайвандад. Барои расидан то ба пул, зарур меояд, ки зинаҳои танги печдарпечи канори вартаро дар баландии 1320 метр тай намоед. Барои экстремалҳо -  дӯстдорони ҳолатҳои фавқулода - беҳтарин макон аст! Аз чунин баландӣ намои афсонавие пеши чашм падид меояд, ки аз тасвираш забон лол мемонад.
Лола РИЗОӢ, тарҷума аз русӣ


НОДИРТАРИН  ҲАЙВОНҲОИ  ДУНЁ
2. НАҲАНГИ ҲАМВОРИ ШИМОЛӢ
Вазни наҳанги  модинаи шимолӣ  ба сад тонна  ва дарозиаш ба бисту як метр мерасад. Қисми зиёди вазни ин ҳайвони ширхӯрро равған ташкил медиҳад. Маҳали зисти он шимолу ғарби  уқёнуси  Атлантика, обҳои  Англияи Нав ва халиҷи Мексика мебошад. Шумораи боқимондаи онҳо 300 сар асту бас.
Таҳияи  Сайфулло АШУРОВ


ЧАНД АМАЛИ АҶИБИ ДУЧАРХАСАВОРОНИ ДАНИЯГӢ
3. Ронандаҳо якдигарро иваз мекунанд
Дар Христиании Копенгаген навъи махсуси дучархаҳои даниягиро ихтироъ намудаанд, ки “карго – велосипед” ном дорад. Ин гуна дучархаҳоро аксари хонаводаҳо доранд, ки бо он ҳама гуна маводи заруриро интиқол медиҳанд. Ҳатто кӯдакону модаронашонро. Барои бароҳат ҳаракат кардан дар бордони “карго – велосипед” нишастгоҳ  насб кардан мумкин аст.
Ҳангоми ҳаракати дучарха модар бо падар ҷойҳояшонро иваз карда метавонанд – зан дучархаро идора мекунад ва мард бошад, бо кӯдакон дар бордон нафас рост менамояд, ки ин шӯхӣ нест.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ, тарҷума аз русӣ


БЕРНАРД ШОУ
Дар маъракаи як оилаи сарватманд, ки Бернард Шоу ҳам ширкат дошт, ҷавоне барои меҳмонон скрипка навохт. Бонуе, ки аз афташ соҳибхона буд, аз Шоу пурсид:
- Хуш, чӣ таассурот бардоштед, меҳмони олиқадр, магар ин маҳорати худододӣ нест?
Шоу бе он ки зиёд андеша кунад, гуфт:
- Писари шумо Падеревскийро (пианинонавози машҳури лаҳистонӣ) ба хотирам меорад.
- Чӣ хел, - бо эътироз гуфт бону, - охир Падеревский ҳеҷ вақт скрипканавоз набуд-ку?!
- Бале, маҳз барои ҳамин ӯ ба хотирам омад,- ҳамчунон ҷиддӣ мегӯяд Шоу.
Тарҷимаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ


КАЗУАР
Казуар дар  ҷангалзорони Гвинеяи Нав ва самти шимолу шарқии Австралия ба сар мебарад. Қадаш  то  2 метр   мерасад. Вазнаш  85 килограмм буда, намудаш  шикамкалон  барин  аст. Дар забони индонезӣ казуар шохдор гуфтан аст. Қанотҳояш неруманд нестанд, баръакс болу параш мулоиму  заифанд.  Чанголҳои қариб 12 - метраи паранда барои  худмуҳофизатӣ ва ҳуҷум намудан  хизмат мерасонанд. 
Хислати ғайриодиеро дорост, яъне бо андаке ноҳинҷорӣ  зуд оташин гашта, ба ҳуҷум мегузарад. Дар як соат масофаи  5 километраро тай мекунад.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА


ЧЕМПИОНҲОИ ҶАҲОН ОИД БА ШОҲМОТ
Борис СПАССКИЙ
Давраи чемпиониаш солҳои 1969 – 1972. Намояндаи СССР.
Чемпиони даҳуми ҷаҳон Борис Спасский ҳанӯз дар соли 1955 дар мусобиқаи ҷаҳонӣ байни ҷавонон унвони ғолибиятро ба даст оварда буд, аммо ба вай зарур омад, ки барои дар байни калонсолон унвони чемпиони ҷаҳонро соҳиб гардидан, боз чордаҳ сол заҳмат кашад. Ниҳоят ин рӯз дар соли 1969 фаро расид, баъди ғалаба бар Петросян. Соли 1972 муҳорибаи тан ба тани ӯ бо Роберт Фишер ба вуқӯъ пайваст, ки ин қувваозмоӣ бо арбадаю ғавғоҳояш то имрӯз ҳам машҳур аст ва дар он Борис Василевич тоҷи чемпиониро ба гроссмейстери амрикоӣ «бо ду дасти адаб» супурд.
Спасский – яке аз шатранҷбозони универсалӣ. Дар солҳои беҳтарини умраш дар бозӣ ҷойи суст надошт ва бар вай ғолиб омадан басо душвор буд.
Дар оғози солҳои 80 – уми асри 20 ба Франсия муҳоҷират намуд. Вале, қатъи назар аз ин, бо зодгоҳаш робитааш қавист, ба Россия меояд, ба шатранҷбозони ҷавон мадад мерасонад. Зери ёрии моддии ӯ якчанд мактаби шоҳмот фаъол аст.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


РЕКОРДҲОИ ПРЕМЙЕР - ЛИГАИ АНГЛИЯ
Аз ҳама бештар дар Премйер - лигаи Англия (ПЛА) дастаи  «Манчестер Юнайтед»  қаҳрамон шудааст: 13 маротиба.
«Манчестер Сити» ягона дастае ба ҳисоб меравад, ки дар ду мавсим (2017/18, 2018/19) тавонистааст аз 38 бозӣ дар 32 - тои он ғолиб шавад.
 «Манчестер Юнайтед» дар ҳамаи мавсимҳо 648 ғалаба дорад, ки то ҳол ягон даста дар ПЛА ин миқдор пирӯзиро надорад.
«Арсенал» дастаест, ки дар мавсими солҳои 2003/04 боре заҳри бохтро начашидааст. Инчунин, ин тим аз 7 майи соли 2003 то 24 октябри соли 2004 дар 49 бозӣ боре ҳам шикаст нахӯрдааст. «Арсенал» дар ду мавсим (2001/02 ва 2003/04) дар бозиҳои сафарӣ мағлуб нашудааст.
«Манчестер Сити» дастаест, ки тавонист дар таърихи ПЛА давоми мавсим (2017/18) соҳиби 100 имтиёз шавад.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.11.2019    №: 210    Мутолиа карданд: 962

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Назарбоев: "Зеленский ба мулоқот бо Путин дар Қазоқистон ризоият дод"

Дания аз бозгашти террористони «худӣ» ба кишвар шод нест

Ҷаҳон дар як сатр

“Бункер” ба Фаронса меравад

12.11.2019


Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»

Таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ матраҳ гардид

Баррасии масоили рушди қонунгузорӣ оид ба моликияти зеҳнӣ

САЙЁҲӢ. Баргузории Форуми II илмии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ

Ҷаҳон дар як сатр

Теъдоди қурбониёни тӯфони «Булбул» дар Бангладеш ба 26 нафар расид

Туркия ба истирдоди ҷангиёни «Давлати исломӣ» шурӯъ намуд

Нигаронии Лигаи кишварҳои араб аз идомаёбии зӯроварӣ дар Ироқ

Ҳиндустон дар 10 - 15 сол ММД - ро 4 маротиба боло бурданист

11.11.2019


Фаронса ба «ТАЛКО» таҷҳизот ва ба «Сомон Эйр» панҷ чархбол таҳвил медиҳад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед