Хабарҳо
Сарвазири Афғонистон: "Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад"
Press TV. Сарвазири кишвар Абдулло Абдулло ба қатъи аз нав ҳисоб кардани овозҳо дар интихоботи президентии 28 сентябр барпогашта даъват намуд.
"Интихоботи бо дасисаҳо таҳрифёфта эътироф нахоҳанд шуд. Натиҷа бояд ба раъйдиҳии воқеии халқи мо асос ёфта бошад", - гуфт дирӯз Сарвазир зимни суханронӣ дар назди ҷонибдоронаш дар Кобул. Рақиби асосии Абдулло Абдулло дар интихобот Президенти феълии Афғонистон Ашраф Ғанӣ буд.
Натиҷаи интихобот то ҳол интишор нашудааст.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 563