logo

иқтисод

КАРТОШКАПАРВАРӢ. ДАХЛ НУЗДАҲУ ХАРҶ БИСТ, ЧАРО?

Таҷриба нишон медиҳад, ки картошкапарварон барои аз як гектар 300 сентнер  ҳосил гирифтан ҷиҳати корҳои агротехникӣ, хариди тухмию нурӣ ба ҳисоби миёна 22 ҳазор сомонӣ харҷ менамоянд. Агар ҳосил ба хости дили деҳқонон ба даст ояд, дар ин ҳолат арзиши аслии як килограмм картошкаи   истеҳсолшуда қариб 80 дирам ва маҳсулоти босифати бозоргир беш  аз як сомониро ташкил медиҳад. Дар ғайри ин сурат нархи он дар бозору фурӯшгоҳҳои кишвар гаронтар аз маҳсулоти воридотӣ меафтад, ки ба зарари истеҳсолгарони ватанист. Пас, омилҳои ба гаронӣ истеҳсол намудани картошка кадомҳоянд?

НУРИИ ВАТАНӢ АЗ УМЕД ТО НОУМЕДӢ
Солҳои пеш картошкапарварон аз самари ба даст овардаашон қаноатманд буданд ва барои васеътар намудани майдони кишт талош мекарданд. Чунки харҷи парвариши картошка зиёд набуд ва дар аксари маврид ҳосили ба дастомада на танҳо хароҷоти киштро мепӯшонд, балки бештари кишоварзон фоидаи соф гирифта метавонистанд. Азбаски  чанд соли охир истеҳсоли картошка ба кори серхарҷу камдаромад табдил ёфтааст, баръакси солҳои гузашта аксаран  самари он  кишоварзонро қонеъ намесозад. Ҳол он ки барои таъмини кофии аҳолӣ бо ин маҳсулоти ватанӣ боз ҳам зиёдтар намудани майдони картошказор зарур мебошад. Вале  бо харҷи зиёду даромади кам афзун намудани маҳсулот мушкил аст. Чунки деҳқон ба умеди ҳосилест, ки харҷашро пӯшонад ва фоидаи он барои пеш бурдани рӯзгораш басандагӣ кунад.
Ба гуфтаи Ориф Аюбов,  картошкапарвар аз ноҳияи Лахш, дар кишти картошка, пеш аз ҳама, истифодаи техника, тухмии хушсифат ва пошидани нуриҳои минералӣ, харҷи зиёдро ба бор меоранд.
- Вақте ки мавсими кишти картошка ё рӯёндани ҳосили он фаро мерасад, картошкапарваронро мушкили сари вақт пайдо кардани техника домангир мешавад. Дар ин айём 15 – 20 нафар аз думболи як трактор дар навбат меистад. Механизатор мебинад, ки муштариёнаш зиёд аст, бо баҳонаи қимат шудани сӯзишворию таҷҳизоти трактор ҳаққи хизматрасониашро якбора боло мебарад. Кишоварз аз ночорӣ бо қарз ҳам бошад, пули ӯро пардохт мекунад. Агар  барои картошкаканӣ трактор сари вақт пайдо нагардад,  сармо дастранҷи деҳқононро ба боди фано хоҳад бурд.
Омили дигаре, ки мӯҷиби харҷи бештари картошкапарварӣ мешавад, камчинии нуриҳои минералӣ ва тухмиҳои хушсифат аст. Мо картошкапарварон тухмӣ ва нуриҳоро бо нархи гарон мехарем, ки ба болоравии арзиши аслии маҳсулот оварда мерасонад. Тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ  истеҳсоли тухмии маҳаллӣ то андозае рушд намудааст. Аммо ҳанӯз ҳам гаронии он дида  мешавад. Нуриҳои минералӣ  торафт камчину қиматтар мегарданд. Бо чунин мушкилот ҳавасмандии деҳқонон ба соҳаи картошкапарварӣ коҳиш ёфта истодааст, - изҳор дошт номбурда.     
Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии ҷумҳурӣ, гуфт, ки бе истифодаи нурии минералӣ аз замин ҳосили дилхоҳ гирифта намешавад:
«Ҳоло талаботи умумии майдонҳои кишт ба нуриҳои минералӣ 450 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Аммо имрӯзҳо ҳамагӣ  45 – 50 дарсади ин талабот қонеъ гардонда мешавад. Ғайр аз ин, кишоварзон меъёр ва вақти пошидани нуриҳоро дуруст риоя намекунанд. Чунки вобаста ба нашъунамои зироатҳо пошидани ҳар навъи нурии минералӣ муҳлату андозаи  худро дорад. Аммо вақте деҳқонон аз ин нозукиҳо бехабаранду онҳоро ба ҷо намеоранд, таъсири нуриҳо ба инкишофи рустанӣ камтар сурат мегирад. Аз ин сабаб, як қисми он нодуруст сарф шуда, талабот ба нуриро афзунтар мегардонад».
Талаботи кишоварзон, асосан, бо нуриҳои минералии воридотӣ таъмин  мегардад, ки аз набудани истеҳсолоти дохилии он шаҳодат медиҳад. Дар ин маврид умеди ягона ба эҳёи корхонаи азотии шаҳри Левакант аст. Аммо тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, масъалаи ба кор даровардани корхонаи мазкур  ҳалношуда боқӣ мондааст. Яъне, то барқарор шудани корхонаи номбурда нархи нуриҳо ва харҷи парвариши зироатҳо эҳтимол чанд карати дигар боло равад.

КИШОВАРЗОН БА ТЕХНИКА НИЁЗ ДОРАНД
Тавре зикр шуд, омили дигари серхарҷии картошкапарварӣ камчинии техникаю мошинолоти кишоварзӣ буда, бо вуҷуди зиёд гардидани майдонҳои кишт теъдоди онҳо дар бисёри ноҳияҳои дурдаст барои сари вақт гузарондани кишт ва ҳосилғундорӣ басандагӣ намекунад. Кишоварзон тавони харидани техникаҳоро надоранд. Кам будани теъдоди техникаю мошинолоти кишоварзӣ назар ба талаботи кишоварзон сабаби сол ба сол гарон шудани ҳаққи хизматрасонии механизаторон гардидааст.
Юсуф Акрамзода, роҳбари КВДҶ «Тоҷикагролизинг», изҳор дошт, ки дар ҳақиқат дар таъминоти кишоварзон бо техникаю мошинолоти соҳа норасоӣ дида мешавад ва на ҳар деҳқон имкони харидани онро дорад.
- Ин мушкилиро дар муддати кӯтоҳ бартараф карда наметавонем. Ба хотири дастгирии кишоварзон муҳлати қарзи мошинолоти кишоварзиро аз 3 ба 5 сол ва техникаҳои ғалладаравро то 6 сол дароз намудем. Ҳамчунин, дар ҳолати зарар дидани кишоварзон аз офатҳои табиӣ, ҳашарот, номусоидии боду ҳаво дар доираи шартномаҳои басташуда ба онҳо имтиёзҳо медиҳем, - гуфт ӯ.  

НАРХ МУТОБИҚИ ХАРҶ НЕСТ
Ҳамонгуна, ки собиқадорони арсаи меҳнат гуфтанд, барои афзоиши истеҳсоли картошка пеш аз ҳама  ҳавасмандии деҳқонон зарур мебошад. Аммо ба иллати норасоии техникаю мошинолоти кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ ва тухмии хушсифат картошкапарварӣ сол ба сол серхарҷтар мегардаду ҳавасмандӣ ба он коҳиш меёбад. Бо ин сабаб солҳои охир нархи картошка  дар сари замин ба хароҷоти кишт мутобиқат намекунад. Арзиши картошкаи воридотӣ дар бозорҳои кишвар арзонтар аз нархи гузоштаи кишоварз мебошад. Яъне, фоидаи соф аз кишти  картошка камтар шуда, боиси даст кашидани бархе деҳқонон аз ин пеша гардидааст, ки садде дар пешрафти  соҳаи картошкапарварии мамлакат маҳсуб меёбад. Имсол дар натиҷаи  доман паҳн кардани ҳашарот ва алафҳои зараррасон бештари заминҳои картошказори кишвар зарари ҷиддӣ диданд. Хусусан, дар ноҳияи Лахш, самари баъзе заминҳо  ба нисфи  натиҷаҳои порсола баробар нашуд. Ҳоло бисёри картошкапарварон саъй доранд, ки  дар масоҳати кам ин зироатро кишт намоянд, то харҷашон зиёд набошад. Дар ин ҳолат майдонҳои картошказор ба ҷойи афзудан  коҳиш хоҳанд ёфт. Ҳол он ки дар минтақаҳои картошкапарвари ҷумҳурӣ дар  канори рӯду дарёҳои хурӯшон  ҳазорҳо гектар заминҳои ҳосилхези доманфарох аз истифодаи кишоварзӣ берунанд. Барои таъмини амнияти ғизоӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти ватанӣ чунин имкониятҳои табииро ба таври самаранок истифода бурдан зарур аст. Аз ин бармеояд, ки қабл аз  муайян намудани дурнамои кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳо эҳтиёҷоти солонаи кишоварзон ба тухмӣ, техникаю мошинолоти кишоварзӣ ва нуриҳо бояд ба инобат гирифта шавад. Танҳо беҳтар намудани шароитҳои техникӣ ва таъминоти кофии нурию тухмӣ ба кам шудани арзиши истеҳсолот ва  фаровонҳосилӣ  имконият медиҳад. Ҳамчунин, дастгирии хоҷагиҳои тухмипарвар ва  олимону мутахассисони соҳа яке аз роҳҳои асосии ҳалли масъалаи норасоии тухмиҳои хушсифати маҳаллӣ дониста мешавад. Барои ба кор даровардани  корхонаи азотии шаҳри Левакант аз сӯи Вазорати саноат ва технологияҳои нав то ҳол тадбири ҷиддие ба чашм намерасад ва ин кор ба як муаммои сарбаста табдил ёфтааст. Беҳтар мебуд, ки ба хотири дастгирии деҳқонон ҳадди ақал дар ҷодаи  воридоти нуриҳои минералӣ сабукиҳои гумрукӣ  роҳандозӣ шаванд.

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2019    №: 212    Мутолиа карданд: 1899
03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ

ДЗЮДО. КУРСИ ТЕХНИКӢ БАРОИ МУРАББИЁН

АЛЕКСАНДР ЛУКАШЕНКО: «БЕЛАРУС БАР КОРОНАВИРУС ҒОЛИБ ОМАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.07.2020


77 ДАРСАДИ БЕМОРОН ДАР ТОҶИКИСТОН СИҲАТ ШУДАНД

КУМАКИ ШИРКАТИ “ПОМИР ЭНЕРҶИ” БА НИЁЗМАНДОН

ҚАРИБ 650 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ РОССИЯ БАРГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.07.2020


ҚАРОР ДАР БОРАИ ТАЪЙИН ВА ПАРДОХТИ КУМАКПУЛИИ ИҶТИМОӢ

4568 МУБТАЛОИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ

НИШАСТИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ҚОЛАБИ С5+1

ЛИГАИ ОЛӢ. ЭҲСОН ВА ВИТАЛИЙ БЕҲТАРИНҲОИ МОҲИ ИЮН

НАҚШАИ РУШДИ ИДМ БО НАЗАРДОШТИ COVID-19 ТАТБИҚ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.06.2020


МУРАШКО: «РОССИЯ ОМОДА АСТ, ВАКСИНАҲОИ КОРОНАВИРУСРО БА БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ВОРИД СОЗАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.06.2020


75 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОНИ COVID – 19 ДАР ТОҶИКИСТОН ШИФО ЁФТАНД

БОХТАР. ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ САВГАНД ЁД КАРДАНД

ФУТБОЛ. БОЗИИ РАФИҚОНАИ ДУ КИШВАРИ ДӮСТ

СУТ ХУРУҶИ НАВИ КОРОНАВИРУСРО ДАР АВРУПО ТАСДИҚ НАМУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.06.2020


COVID – 19. ДАР ТОҶИКИСТОН 4194 СИРОЯТЁФТА СИҲАТ ШУД

24.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН 73,8 ДАРСАДИ МУБТАЛОЁНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

АРАБИСТОНИ САУДӢ ҲАҶРО БАРОИ ЗОИРИНИ ХОРИҶӢ МАНЪ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.06.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 44 СИРОЯТШУДА СИҲАТ ШУД

АШТ. ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ ШАЙДОН - ПОНҒОЗ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

ТАБИБОН НИШОНАҲОИ АСОСИИ КОРОНАВИРУСРО ДАР КӮДАКОН МУАЙЯН НАМУДАНД

ЛИГАИ НАВРАСОН ФАРДО БО ИШТИРОКИ 9 ТИМ ОҒОЗ МЕШАВАД

ИҚТИСОДИ ҶАҲОНӢ АЗ ПАНДЕМИЯ КАМАШ $126 МИЛЛИАРДРО ТАЛАФ ДОД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед