logo

иқтисод

ДАНҒАРА. ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БА 10 ҲАЗОР ТОННА МЕРАСАД

Пахта ҳамчун ашёи хоми саноатӣ барои фаъолияти босамари корхонаҳои коркарди пунба, ресандагию  бофандагӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Ба хотири  аз лиҳози иқтисодӣ манфиатовар будани соҳа, майдони кишти ин зироати саноатӣ сол ба сол дар кишвар зиёд мешавад. Тараққӣ додани пахтакорӣ  имкон фароҳам меорад, ки мардум бо ҷойҳои кор таъмин гардида, даромади худро афзун намояд. 
Имсол дар мавсими пахтачинӣ дар шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон 60 рӯзи меҳнати зарбдор эълон шудааст. Натиҷаҳои ҷамъоварии ҳосили пахта дар минтақа  давоми ҳар 15 рӯз ҷамъбаст гардида, ба ғолибон туҳфаҳои пулию хотиравӣ  супурда мешаванд.
Дар ҷамъбасти давраи сеюми мусобиқа ноҳияи Данғара бо натиҷаҳои баланди кори пахтакоронаш  ҷои аввалро соҳиб гардид. Туҳфаҳои пуливу хотиравиро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилоят  Қурбон Ҳакимзода ба раиси ноҳия Исломиддин Раҳмон  супурданд.
 Заркорони заҳматпешаи ноҳия то имрӯз беш аз 9324 тонна ҳосили пахта рӯёнда,  ба нуқтаҳои қабул супурданд, ки 112 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Самари бадастомада назар ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 848 тонна зиёд мебошад. Дар ин дастоварди баланди меҳнатӣ саҳми хоҷагиҳои деҳқонӣ ва  кооперативҳои истеҳсолии «Раҳмонҷон», «Муҳсинҷон», «Исматиён», «Навобод», «Муҳаммад», «Сомон» «Асадулло», ҷамоатҳои деҳоти Лолазор, Корез, Оқсу, Исмат Шарифов, Сангтӯда хеле назаррас мебошад.
Ҳоло дар қитъаҳои пахтаи диёр 195 хоҷагии пахтакор ва 4,5 ҳазор чинакчӣ  баҳри иҷрои уҳдадориҳо талош доранд. Чинакчиён  барои чидани як кило пахта 50 - 60 дирам ҳаққи меҳнат мегиранд. Рӯзе  250 - 300 тонна пахтаи хушсифат ҷамъоварӣ  мешавад. То имрӯз ҳосили зиёда аз 3 ҳазор гектар замини пахта ба воситаи мошинҳои пахтачинӣ ҷамъоварӣ  шуда, барои тайёр кардани ришта ба корхонаи  «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил»  супурда шуд.
Сари вақт таъмин намудани кишоварзон бо оби полизӣ яке аз омилҳои асосии иҷрои дурнамои пахта аст. Бо кӯшишу заҳмати роҳбарияти ноҳия ин масъала аллакай ҳалли худро ёфт. Пахтакорон имсол аз об танқисӣ накашиданд. Идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия бо роҳбарии  Абдулло Муқимов  аз аввали мавсим то фарорасии рӯзҳои ҷамъоварии ҳосили пахта  обро аз Муассисаи давлатии «Нақби оби Себистон» қабул карда,  ба воситаи каналҳо, заҳбуру заҳкашҳо  пахтакоронро бо об  таъмин намуданд. 
Сарфи назар аз иҷрои барзиёди дурнамои ҷамъоварии пахта дар замини хоҷагиҳои пахтакор ғундоштани ҳосили боқимонда бомаром ҷараён дорад. Пахтакорони заҳматпешаи ноҳия дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои  оқилона истифода бурдани замин сармашқи кор қарор дода, дар ин роҳ қадамҳои устувору натиҷабахш гузошта истодаанд. Масъулон даромади соҳаро ба назар гирифта, имсол ҳаҷми заминҳои пахтазорро 370 гектар зиёд намуданд. Айни замон дар саҳро ҳосил фаровон аст. Пахтакорони зафарманди ноҳия аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифоа бурда, азм доранд, ки пахтаи бо арақи ҷабин парваридаи худро ҷамъоварӣ намуда, истеҳсоли онро ба 10 ҳазор тонна расонанд.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.11.2019    №: 212    Мутолиа карданд: 816
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед