Хабарҳо
Ифтитоҳи маҷмааи тиҷоратии «Масири олӣ»
Чанде пеш бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хиёбони Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии «Масири олӣ» ифтитоҳ ёфт.
Марказ чорошёна буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Моҳинисо Ҳакимбоева ба истифода дода шуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани марказ қариб 20 сокини шаҳр бо кори доимӣ таъмин гашт. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят ба «Ҷумҳурият» хабар доданд.
Зикр мегардад, ки дар ошёнаи якуми бино мағозаи фурӯши мебелҳои истеҳсоли Туркия ва як қатор кишварҳои Аврупо ҷойгир буда, бо нархҳои дастрас пешкаши мизоҷон мешавад. Дар ошёнаи дуюм мағозаи фурӯши пардаҳои истеҳсоли Туркия ва дар қисми рости бино коргоҳи хурди дӯхти пардаҳо низ ҷойгир аст. Ошёнаҳои се ва чорум барои меҳмонхонаи муосир пешбинӣ мегардад.
Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбари маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонии «Масири олӣ» дастур дод, ки бо истифода аз имконот коргоҳи нави истеҳсоли мебелҳои ҳозиразамонро бо шарикони тиҷоратии хориҷӣ бунёд намояд.
Кароматулло АТО
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 727