logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. АЗ СУЛҲ ТО САОДАТУ ПЕШРАФТ

Боиси ифтихор ва қаноатмандист, ки 27 сол муқаддам бо кӯшиши вакилон - мардони бофарҳангу сарсупурда, ходимони сиёсӣ ва арбобони давлату миллат дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Қадамҳои аввалини сулҳу субот дар ҳамин иҷлосия гузошта шуданд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи оғози ҳамин иҷлосияи тақдирсози миллат ибтидо мегирад. 15 апрели соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту иловаҳо ворид гардиданд. Мувофиқи ин тағйирот ҳамасола 16 ноябр - ин рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Қонуни мазкур бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таъмини сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ, баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва рушду нумӯи самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа қабул гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронеанд, ки қадам ба қадам бо мардум инкишоф ёфтаанд ва аз ғаму шодии миллати худ огоҳанд. Ҳамон гуна, ки аҳли як хонадон фарзандони худро, ки дар пеши чашмашон аз як навҷавони навқад ба як марди рашид табдил шудааст, дуруст мешиносанд ва бо тамоми сифоту сиришти ӯ ошноӣ доранд, Эмомалӣ Раҳмон низ дар оғӯши Ватану миллат ва дар сояи дуову дастгирии халқ сабзида, ба таври комилан табиӣ мавриди эътирофу эътибори мардуми худ қарор гирифтаанд. Ин аст, ки чеҳраи ӯ чеҳраи табиӣ, шахсияти ӯ шахсияти воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд. Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон як мансаб ё як унвон нест, балки он як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар пешгоҳи Ватану миллат ва дар шоҳидии тамоми мардум ба он сазовор гардидаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1992 иброз дошта буданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».
Воқеан ҳам, Сарвари давлати мо ба ҳар яке аз гуфтаҳои хеш амал намуд. Давлатро аз вартаи ҳалокат берун овард. Тамоми ғайрату неруи хешро баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистон истифода намуд. Дар бораи корнамоиҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр навиштаанду боз ҳам менависанд. Муҳимтар аз ҳама Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо сулҳ оварданд, давлатро ба сӯйи пешрафту тараққиёт роҳнамо гардиданд ва ба савганди хеш, ки гуфта буданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам…» устувору содиқ монданд. Имрӯз мо шукрона аз он менамоем, ки дар фазои ободу осудаи кишвари азизамон – Тоҷикистон озодона фаъолият менамоем.
Яке аз хидматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мақому манзалати забони тоҷикӣ ба шумор меравад. Президент худ имрӯз пушту паноҳи забони давлатӣ аст, онро чун рукни асосии бинои ҳастии миллат ва давлат, чун муқаддасот ва нигаҳбони ҳувияти миллӣ арҷгузорӣ, ғамхорӣ ва парасторӣ менамояд. Бузургдошти забони модарӣ, сарнавишти таърихӣ ва мақоми он дар бақои давлатдории миллӣ дар назариёти сиёсии Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бисёр муҳим дорад. Сарвари давлат ҳамеша таъкид медоранд, ки забон дар баробари таъриху фарҳанг ва маънавиёт яке аз омилҳои бунёдиест, ки ҳувияти миллиро ташаккул медиҳад, симои миллатро муайян мекунад, мақоми онро дар таърих ва дар тамоми ҷаҳон муайян менамояд.
Хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ободию пешрафти сарзамини аҷдодӣ ва маҳбубияту маъруфияти Тоҷикистон ва тоҷикон басо бузургу бебаҳоянд.
Давлат ва миллати тоҷик имрӯз бо номи ин абармарди дунёи сиёсат ифтихорманд аст ва сари болою рӯйи сурхи мардум натиҷаи талошу заҳматҳои бесобиқаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пойбарҷойии Тоҷикистон мебошад.
Поянда бод Рӯзи Президент ва заҳматҳои бунёдкорию созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Мо - ҷавонони кишвар пайрави ин марди бузург, шахсияти шинохта ва роҳнамои миллат ҳастем. Рӯзи Президент ба ҳама тоҷикони дунё муборак!

Рухсора ТАҒОЕВА, аспиранти соли 2 - юми Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ
ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.11.2019    №: 213    Мутолиа карданд: 505
10.08.2020


КОРОНАВИРУС. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН БА 6 ҲАЗОРУ 573 КАС РАСИД

ЁРИИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА СОКИНОНИ ЭҲТИЁҶМАНДИ БАДАХШОН

САФАРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ШИРИН ИСМАТУЛЛОЗОДА БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ

«СУҒД ТЕКСТАЙЛЗ» ФАЪОЛИЯТАШРО ТАВСЕА МЕБАХШАД

ЛИГАИ ОЛӢ. "ИСТИҚЛОЛ", "ХУҶАНД" ВА "ХАТЛОН" ДАВРИ ДУЮМРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРДАНД

БАДАХШОН. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ МАЙДОНИ КИШТ

АГЕНТИИ НАШЪАОВАР. МУСОДИРАИ БЕШ АЗ 1 ТОННА МАВОДИ НАШЪАОВАР ВА МАҲВИ 26 ГУРӮҲИ ҶИНОЯТӢ

07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед