Хабарҳо
“Бункер” ба Фаронса меравад
Филми “Бункер”- и коргардон Диловар Султонӣ дар Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои кӯтоҳметраж, ки 3 – 7 декабр дар шаҳри Экс - ан- Прованси Фаронса баргузор мегардад, намоиш дода мешавад, - иттилоъ доданд аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм».
Филми мазкур бинандаро ба сайри Душанбеи солҳои 60 - уми асри XX бурда, аз зиндагии наврасе қисса мекунад, ки ҳамсабақонаш бо нияти шӯхӣ ӯро дар бункер маҳкам менамоянд.
Филм дар жанри драма таҳия шуда, дар он Исфандиёр Ғуломов, Муҳсин Султонӣ, Азам Караев, Манучеҳр Розиқов ва Самир Зайдуллоев нақш офаридаанд. Ҳаҷми филм 26 дақиқа буда, соли 2019 дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” рӯи навор омадааст.
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 502