logo

иқтисод

КИШОВАРЗӢ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ 8,5 ДАРСАД АФЗУД

Бино ба иттилои Вазорати кишоварзӣ, дар хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат имсол дар 847 ҳазор гектар зироати кишоварзӣ кишт гардид, ки нисбат ба соли гузашта 20,4 ҳазор зиёд мебошад. Беш аз  23  ҳазор гектари он дар байни  қаторҳои дарахтони боғот сурат гирифтааст. Истифодаи самараноки имкониятҳо давоми даҳ  моҳи соли ҷорӣ ба он мусоидат намуд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ба 22,9 миллиард сомонӣ (108,5 дарсад) баробар гардад.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли равон майдони кишти пунбадона ва сабзавот назар ба соли гузашта кам гардид. Сабаби коҳиш ёфтани  кишти зироатҳои номбурда  аз зиёд гардидани майдони зироатҳои полизию техникӣ ва картошка   дар сохтори кишт арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, кишоварзон бештар талош бар он доранд, ки тавассути истифодаи босамари ҳар қитъа замини ҳосилхез ҳаҷми кишти пунбадонаю сабзавотро  дар қатори дигар рӯстаниҳо афзун намоянд ва бозорҳои истеъмолии кишварро бо онҳо фаровон таъмин созанд.
Иқлими аксари минтақаҳои кишвари офтобрӯяи мо барои истифодаи оқилонаю самараноки  заминҳои корами обӣ ва гирифтани 2 - 3 ҳосил мусоид аст. Деҳқонон бо истифода аз боду ҳавои мусоид баъди ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти барвақтӣ кишти такрориро ба анҷом расонданд. Имсол дурнамои кишти зироатҳо 82016 гектар муайян гардида буд, ки хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат  то имрӯз 86273 гектар ё 105,1 дарсад кишти такрорӣ гузаронданд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5767 гектар зиёд мебошад.
Ҳоло дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ мавсими кишти тирамоҳӣ бомаром ҷараён дошта,  хоҷагидорон талош доранд, ки масоҳати онро тибқи дурнамо ба  176926 гектар  расонанд. То 8 ноябри соли равон 56274 гектар ё 32 дарсади нақшаи кишт иҷро шуд.
Дар ин давра хоҷагиҳои ҷамъиятию деҳқонии шаҳру ноҳияҳо бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолии кишвар бо маҳсулоти тару тозаи барвақтӣ  дар фасли зимистон 12209 гектар  сабзавот, аз ҷумла  карам, сабзӣ, пиёз, кишт намуданд. 
 Соҳаи кишоварзӣ омили асосии таъсиси ҷойҳои кор, афзун гардондани иқтидори содиротии кишвар ва таъмини амнияти ғизоӣ мебошад. Аҳли заҳмати хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат азм доранд, ки нақшаи дурнамои кишти ҳамаи зироатро дар муҳлати муқарраршуда ба анҷом расонанд. Онҳо дар доираи имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ  заминро ҳамчун воситаи асосии таъмини амнияти озуқаворӣ самаранок истифода мебаранд.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.11.2019    №: 214    Мутолиа карданд: 1255
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед