logo

Хабарҳо

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили илмиву адабӣ ва фарҳангӣ таҳти унвони "Тулӯи ҳақиқат" баргузор гардид.
Иштироки устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба маҳфил шукӯҳи дигар бахшид. Ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Нуъмонҷон Ғаффорӣ ҳамкориву дӯстӣ ва мубодилаи таҷрибаҳоро байни ду донишгоҳи бонуфузи кишвар муфид ва муҳим арзёбӣ кард.
- Донишҷӯёни мо бо китоби тозанашри "Тулӯи ҳақиқат", ки ба ҳаёту фаъолияти омӯзандаву намунавӣ ва осори гаронмояи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, ошно шуда, аз ҳунарнамоии ансамблҳои созию овозии ду донишгоҳ "Навои ҷавонӣ" - и ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва "Чеҳранамо" - и ДДОТ ба номи С. Айнӣ баҳрабардорӣ мекунанд, - гуфт Нуъмонҷон Ғаффорӣ.
Китоби "Тулӯи ҳақиқат" маҷмӯи мақолоти олимону муҳаққиқони тоҷик дар бораи китобҳои пурарзиши илмиву таърихӣ ва адабии Пешвои миллат буда, аз ҷониби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ибтикору эҳтимоми Кумитаи рушди маҳалли Тоҷикистон дар нашриёти “Ношир” интишор шудааст, - изҳор дошт Саидумрон Саидов, роҳбари маҳфили илмиву адабии "Ганҷи сухан".
Ҳозирон зикр карданд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи таҳқиқи таърихи халқи тоҷик қарор доранд ва осори илмиву адабияшон сарчашмаи муътамади илмӣ барои муҳаққиқони муосир маҳсуб меёбад.
Суруду оҳангҳои дилнавози ду ансамбли созиву овозӣ аз ҷониби ҳозирон хуш истиқбол ёфт. Маҳфил ба як базми пуршукӯҳи дӯстиву рафоқат табдил ёфт.
Тасмим гирифта шуд, ки чунин як маҳфили дӯстиву ошноӣ дар Хуҷанд низ бо иштироки донишҷӯёни фаъоли ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардад.
Б. САЛИМОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1841
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед