logo

Хабарҳо

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Дар доираи раванди интишори навбатии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев бо ноиби калони муовини президенти Гурӯҳи   баҳодиҳии хавфҳои кишварҳои соҳибихтиёри Агентии рейтингии байналмилалии «Moody’s Investors Service» Кристиан де Гузман ва мудири иҷроияи агентии мазкур Жин Фенг мулоқот намуд.
Ҷамолиддин Нуралиев оид ба вазъи феълии низоми бонкии ҷумҳурӣ, амалигардонии сиёсати монетарӣ ва нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, самтҳои гуногуни рушд дар бахши молияи давлатӣ, имкониятҳои мавҷуда барои ҷалби сармоягузорӣ ба мамлакат ибрози андеша намуда,  гуфт, ки қатъи назар аз таъсири омилҳои берунӣ Тоҷикистон тавонист тайи солҳои ахир устувории макроиқтисодӣ – асоси рушди босуботи иқтисодии ҷумҳуриро таъмин намояд. Мавсуф аз беҳтар гардидани вазъи низоми бонкӣ, аз ҷумла таъмини даромаднокӣ ва беҳтар гардидани сандуқи қарзӣ, коҳиш ёфтани сатҳи қарзҳои ғайрифаъол ва зиёд шудани ҷалби пасандозҳо, ёдовар шуда, зикр кард, ки ин аз эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ дарак медиҳад.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ Ҷамолиддин Нуралиев таъкид намуд, ки натиҷаи баҳодиҳии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон яке аз талаботи асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя маҳсуб ёфта, дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилоти молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад. Аз ин рӯ, дар раванди таҳияи рейтинги навбатӣ бояд хусусиятҳои хоси минтақа ва кишвар, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва саҳми бахшҳои иқтисодиёт дар он, беҳтар гардидани сатҳи даромаднокии низоми бонкӣ, таҳким ва рушди идоракунии захираҳои байналмилалии ҷумҳурӣ, ислоҳоти гузарондашуда ва дигар нишондиҳандаҳои муҳим ба инобат гирифта шаванд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 2005
10.07.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 56 КАС ШИФО ЁФТ

41 000 СОМОНӢ БАРОИ МУБОРИЗА БО COVID – 19

ҚОҲИР РАСУЛЗОДА АЗ ШАҲРИ НОРАК ВА НОҲИЯИ ЁВОН ДИДАН НАМУД

ХОРУҒ. РӮ БА РУШД

ҶОМИ КФО – 2020. БОЗИҲОИ МАРҲИЛАИ ГУРӮҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ДОИР МЕШАВАД?

09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед