logo

иқтисод

ВАНҶ. СЕ КОРХОНАИ КОРКАРДИ САНГ БУНЁД МЕШАВАД

Бунёди неругоҳи барқи обии “Андарбак” бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз воқеаҳои хотирмони замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.
Ба  гуфтаи бошандагони Язгулом, то соли 1999 ягон Роҳбари давлат ба ин водӣ сафар  накарда  буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон давоми 28 соли Истиқлолияти давлатӣ ба Язгулом се маротиба ташриф овард, ки ба  ободкориҳо дар ин водии дурдаст замина гузоштанд. Тайи чанд  соли  охир дар деҳоти ин ҷамоат оид ба навсозии муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ корҳои зиёд анҷом дода шуданд. Дар деҳаҳои Мотравн, Жамак, Бидун биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири  таълимӣ  таъмин карда шуданд. Дар маркази ҷамоат – деҳаи Бидун биноҳои зершуъбаи корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, “Амонатбонк” сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бунёди НБО хурди Мотравн низ дар замони соҳибистиқлолии кишвар роҳандозӣ гардидааст.  Ҳамчунин, дар  ин  давра то  нуқтаи  охирони аҳолинишини  водии Язгулом роҳи мошингузар бунёд ёфт.
Дар ин бора сокинони Язгулом зимни мулоқот бо Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо мақсади  шиносоӣ бо корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Ванҷ қарор дошт, ибрози назар намуданд. 
Ҳоло дар ноҳия бунёди се корхонаи хурди истихроҷу коркарди санги мармар оғоз ёфтааст. Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Хрустал”, ки дар ин самт таҷрибаи ғанӣ дорад, дар деҳаи Пойи Мазори деҳоти Рованд ба бунёди корхонаҳои истихроҷу коркарди санги мармар пардохтааст.
Бинобар  иттилои Ёдгор Файзов, корхонаҳо дар остонаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Баъди ба истифода додани корхонаҳои мазкур беш аз 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад шуд. Аз ҷониби ширкати сармоягузор, ҳамчунин, 8 километр роҳи деҳоти Рованд тахту ҳамвор карда шуд. Баробари ин, дар  назар  аст, ки  бо  маблағгузории  ҷамъияти  мазкур як ферма барои  парвариши 25 сар чорвои калон сохта мешавад, ки он дар оянда коргарони корхонаҳои саноатиро бо маҳсулоти ширӣ таъмин мекунад. Аз ҷониби ҶДММ "Хрустал" дар деҳаи Гармчашмаи ҷамоат бунёди аввалин осоишгоҳ дар доираи эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба нақша гирифта шудааст, ки  давоми ду сол бояд ба истифода дода шавад.
Тавре зикр шуд, се корхона дар масоҳати чор гектар замини санглох бунёд меёбад, ки боз як гӯшаи дурдасти мамлакат ободу зебо хаҳад шуд.
Ёдгор Файзов гуфт, ки соли 2005 аввалин неругоҳи хурди барқи оби мамлакат бо иқтидори 150 киловатт - соат  бо дастгирии шарикони рушд дар деҳаи Техарви ҳамин ноҳия бунёд ёфта буд. Акнун, баъди ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ талабот ба неруи барқ бештар мегардад. Аз ин рӯ,  роҳбарияти ҶДММ “Хрустал” – ро зарур аст, ки  барои боло бурдани иқтидори неругоҳи хурд аз 150 киловатт ба 600 киловатт дар марҳилаи аввал ва баъдан ба ҳазор киловатт - соат бо назардошти имкониятҳо чораҷӯӣ намояд.
Ҳоло аз ҷониби ширкати “Помир энержи” барои иваз намудани  хати интиқоли барқи 10 - киловатта ба 35 - киловатта корҳои сохтмонӣ  идома дошта, он рӯзҳои наздик то маҳали кони Мармари деҳаи Пойи Мазор  расонда мешавад. Деҳаи Пойи Мазор дар наздикии яке аз  бузургтарин пиряхҳои қитъаи Осиё – Федченко ҷойгир буда, чанд соли охир таваҷҷуҳи олимону сайёҳони зиёди хориҷӣ ба ин макон афзудааст. Беҳтар гардидани шароитҳои кору зиндагӣ дар ин ҷо барои рушди сайёҳӣ низ аҳамияти бисёр дорад.
Инчунин, раиси вилоят таъкид кард, ки баробари корҳои сохтмонӣ ба тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро аҳамияти бештар зоҳир гардад. Аҳли  ҷомеа, падару модарон бояд дар ин маврид  босамартар кор баранд. Зеро дар ноҳияи Ванҷ, аз ҷумла водии Язгулом, доир ба масъалаи мазкур нишондиҳандаҳои  нигаронкунанда зиёданд.
Ёдгор Файзов дар ин сафари корӣ, ҳамчунин, дар расми ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли мум, ки онро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Ҷовидон” ба кор андохт, иштирок намуда, дар маркази ноҳия ва деҳоти Ҷовидону Рованд бо намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа суҳбату мулоқоти хоса анҷом дод.

Раҳмони  ГУЛЗОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2019    №: 216    Мутолиа карданд: 1271
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед